59 сол пеш дар моҳи сентяр адиби турк Самад Оғоуғлӣ меҳмони Тоҷикистон будааст

Самад ОғоуғлӣХабаре, ки “Садои Шарқ” моҳи сентябри соли 1966 чоп кардааст: Нависанда ва рӯзноманигори Туркия Самад Оғоуғлӣ, ки чандест ҳамроҳи завҷаи худ шаҳру деҳоти Иттифоқи Советиро тамошо дорад, 15-уми сентябр ба Душанбе омад.

16-уми сетябр баъди шиносоӣ бо шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои атроф Самад Оғоуғлӣ бо аҳли адаби пойтахт мулоқот дошт. Дар рафти мулоқот роҷеъ ба як силсила масъалаҳои муҳим-масълаи масъулияти суханвар дар ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳон, саҳми нависанда дар шинос ва қарин гардидани маданияти миллатҳои гуногун, аҳмияти тарҷимаи асарҳои адибон ба забонҳои мухталиф ва ғайра сухан ронда шуд.

Самад Оғоуғлӣ гуфт:

Ҳамчун арбоби собиқадори давлат ва сиёсат дар бораи мамлакати советӣ, ки дар он наздик ба 100 миллат умр ба сар мебарад, хеле чиз шунида ва мутолиа кардаам. Ба нияти шиносоӣ бо Иттифоқи Советӣ ҳамчун корманди рӯзномаи “Сон ҳаводис” (нашрияи ҳизби ҳукмрони Туркия) бо завҷаи худ, ки депутати парламент аст, азми сафар кардам. Дар Ереван, Боку, Тбилисӣ, Москва, Новосибирск, Олмато, Тошканд ва Самарқанду Бухоро будам. Инак, дуввӯмин рӯз аст, ки дар Душанбеям. Қабл аз ҳама, муносибати эҳтиёткорона бо забон, маданият ва таърихи халқи тоҷик маро ба ҳайрат гузошт.

Дар рафти мулоқот дар масаъали равобити адибони турку тоҷик, тарҷимаи осори турку тоҷик, тарҷимаи осори адибони турк бо забони тоҷикӣ ва шиносоии хонандагони турк бо адабиёти муосири тоҷик андешаҳо ронда шудаанд.

Дар суҳбат Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Бурҳон Фаррух ва дигар шоиру нависандагони тоҷик ҳузур доштанд. Дар поёни сӯҳбат чанд асари адибони тоҷик бо Самад Оғоуғлӣ эҳдо шуд.

Самад Оғоӯғлӣ 17-уми сентябр ба Ашқобод парвоз кард.

Манбаъ: “Садои Шарқ” соли 1966 №9
Азизова Моҳшариф,
мутахасиси пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.