60 соли рушди илмҳои физика ва техника

 физика ва техникаДар ин китоб мақолаҳо ва хотирот доир ба таърихи 60-солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамь оварда шудаанд.

Дар мақолаҳо саҳми давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми ватанӣ, ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар симои он Институти физикаю техника ба номи С.У. Умаров, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҳамчунин натиҷаҳои илмии дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардаи олимони Институт зикр гардидаанд.

Китоби “60 соли рушди илмҳои физика ва техника” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳминаи Маҷид,
мутахассиси пешбари  шуъбаи
нигоҳдории китоб.