61 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Хотираи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода
11-уми июли соли 1964 дар синни 63-солагӣ яке аз шоирони маъруфи инқилобӣ Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аз олам гузашт. Шоири тавоно Мирсаид Миршакар ба ин муносибат таъзияномае навиштаву дар шумораи 7-уми соли 1964 “Садои Шарқ” чоп кардааст.
Ёди шоирони номвар гиромӣ бод!
Бо баъзе ихтисорот таъзияномаро ин ҷо меорем ва аз хонандагони иззатманд хоҳиш мекунем барои ошнои бо гузаштаи начандон дури адабиёти тоҷик аз бойггонии шуъбаи матбуоти даврӣ истифода кунанд.
Пешвои хеш донам Фирқаи Коммунро,
Меравам бо роҳи ӯ, роҳи дигар даркор нест!…
Ин буд калимаи шаҳодати гражданӣ ва шоирии Суҳайлии ҷавон дар он рӯзҳое, ки ҳокимияти советии Тоҷикистон нав барқарор шуда буд, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат муборизаи хунин мерафт ва ҳал намудани як масъалаи муҳим – кӣ бо кӣ барои ғалаба аҳамияти дараҷаи аввал дошт.
Дар он рӯзҳои ҳарбу зарб, ки Лоҳутӣ “даврони теғу оташу хун” номида буд, бо қалами бурро ба майдон даромадан баробари бо найзаю шамшер ба душман рӯ ба рӯ омадан буд.
Ду синф – яке барои халқ, барои озодӣ, бахту саодати он, дигаре бар зидди халқ, бар зидди ояндаи дурахшони он муборизаи шадид мебурданд. Ҳар як одами бошуур мебоист ба суоли замон “ту бо кӣ ҳастӣ?” возеҳ ва равшан ҷавоб гардонад. Дар чунин вазъият беғараз нишастан ва ба ҳаёт мудохила накардан бадтар аз хиёнат буд.
Барои ба ин саволи замон ҷавоб додан ба Суҳайлии ҷавон лозим омад, ки умед ва орзуҳои душмани халқро барбод диҳад, бо забони қалам кӣ будану чӣ хостани онҳоро дар назди ҳама фош кунад:
Чи парво бошадат,эй сангдил, в-эй муфтхӯр золим,
Ки чун дорад гузар кайфияти ҳоли хароб аз мо.
Зи ҳосилҳои ранҷи мо туро шуд ҷома абрешим
Ба урёнӣ зи ҷаврат андар ин сармо азоб аз мо.
Задан моро ба чўби зулму хуррам гаштан аст аз ту,
Зи ғам чун мўи оташдида хўрданд печутоб аз мо…
Ғалабаи халқро тараннум намояд:
Шафақ чун байрақ андар дасти деҳқон ҷилвапиро шуд ,
Ба ҳар ҷо муфтхоре буд, дар кунҷе хазид акнун,
Рухи бечора меҳнаткаш зи хурсандӣ шуда гулгун
Ҳамегӯяд ба худ ҳардам: “ Чи хуш ин даври шўро шуд!”
Баъд аз барқарор шудани ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон халқи озоди тоҷик бо роҳбарии партияи тавонои ленинӣ чун рассоми моҳир ба оро додани чеҳраи мамлакат, ки дар натиҷаи зулму асорат ва қафомонии чандинасра зарду пуроҷинг буд, сар кард. Дарҳои мактабу табобатхонаҳо бар рўи халқи меҳнаткаш кушода шуданд, занони тоҷик фаранҷӣ партофта, бо мардон баробар ба ҳаёт қадам ниҳоданд, дар он ҷоҳое ки харобазор буд, деҳҳои нави колхозӣ шаҳрҳои сабзу хуррам ба вуҷуд омаданд, садои гудоки фабрикаю заводҳои нав аз саноати республика ба дунё хабар доданд, ба ҷои ҷўйчаҳо каналҳо, дарёҳо, ба ҷои пайраҳаҳои хатарнок роҳҳои оҳан ва мошинагард сохта шуданд, ҷои симурғи афсонавиро мурғҳои оҳанинтан гирифтанд. Чароғи иличӣ ҳамаҷоро дурахшон кард…
Ҳамин нашъунамои мўъҷизавӣ ба осонӣ ба даст наомада буданд. Дар ҳар қадам мамониа, дар ҳар қадам мубориза.
Дар ин мубориза адибони советӣ ҳамеша бо қалами худ дар сафи пеши муборизон истода, бо роҳбарии Партия ба халқу Ватани худ бошарафона хизмат мекарданд. Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки яке аз он адибон буд, ҳамеша бо бародарони ҳамқалами худ ҳамқадам ва ҳамсуруд буда, ба тамоми мушкилиҳо тоб оварда, чун дигар устодони адаб, дар ҳар ғалаба республикаи ҷавон ба қадри имкон саҳми худро гузошт…
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода махсусан дар тарбия ва ба камол расондани наслҳо навраси соҳаи адабиёт то охир дақиқаҳои ҳаёти пурҷўшу хурўшаш падарона ғамхорӣ мекард. Бисёр шоирони маъруфи республика дастпарварони ин марди хоксор, зиндадил, меҳрубону ғамхор мебошанд.
Вафоти бемаҳали шоири мўҳтарам Суҳайлӣ Ҷавҳаризода барои мо талафоти калонест. Мо бо ашки резон бо шоири азизи худ Суҳайлӣ Ҷавҳаризода охирин бор видоъ кардем ва дар айни ҳол суҳанони Ҳофизро такрор намудем:
“Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ!”
Оре, хотираи дурахшони шоир Суҳайлӣ, ки тамоми ҳастӣ, истеъдод ва қобилияти худро ба республика, ба халқи мубориз ва партияи харидманди он бахшидааст, дар дилҳои мо абадӣ зинда хоҳад монд.
Мирсаид МИРШАКАР
Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”,соли 1964, раками 7
Таҳияи Шерзода Шукрона, шуъбаи мтабуоти даврӣ