90 соли Иля Семёнович Норкалаев
Соли 1935 дида ба олам кушодааст. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (соли 1956) ба итмом расонида, умрашро ба хидмати китобу китобхона сарф сохт.
Ҳафт соли аввал дар Палатаи китобҳои ҷумҳурӣ ҳамчун библиограф – муҳаррир заҳмат кашид. Аз соли 1964 то 1990 дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ аввал сарбиблиограф ва баъдан 23 сол мудири шўъбаи библиографияи миллӣ буд.
Дар ин миён шўъбаи зикршуда ба маркази методӣ ва мутобиқсозии бахши библиографияи миллӣ табдил ёфт.
Иля Норкалаев аз мураттибон ва муҳаррирони нашрияи силсилавии «Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон» ба шумор мерафт, ки он аз соли 1964 ба забонҳои тоҷикию русӣ пайваста интишор меёфт ва қариб сӣ шуморааш ба дасти хонандагон расид.
Вай, инчунин, «Солномаи матбуоти Тоҷикистон (солҳои 1956-1964)», «Тоҷикистон дар солҳои Ҳокимияти Советӣ», «Республикаи ман», «Шаҳрҳои Тоҷикистон», «Муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон», «Аҳмади Дониш» барин дастурҳоро таҳия намудааст.
Хидматаш бахусус дар таҳрири маводи чопии Китобхона хеле калон аст. Ў як силсила дастурҳои методиро аз қабили «Корҳои ташкилӣ-методии китобхонаҳои ноҳиявӣ», «Асосҳои тарбияи маданияти хониш», «Системаи мутамарказонидашудаи китобхонавӣ», «Истифодаи техникаи китобдорӣ дар китобхонаҳои оммавӣ» ва ғайраро аз забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума кардааст ва дар саҳифаи матбуоти даврӣ мақолаю хабарҳои зиёдро доир ба китобу китобхона ба табъ расонидааст.
Сабоҳат Иброҳимова,
муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт.