А. Ахмедов: “Омор ва таҳлили иқтисодӣ тавассути ҷадвалҳои электронӣ”

Ин дастури методӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои амалӣ-лабараторӣ барои донишҷўён дар асоси барномаи кории фан, ба нақшаҳои самти таълимии ихтисосҳои 1-31  03  06 – 02 – «Кибернетикаи иқтисодӣ (технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт)» ва 1-53 01  02  04 «Автоматикунонии системаҳои ҷамъоварӣ, ҳисоб ва коркарди иттилооти молиявӣ ва тичоратӣ» мувофиқ буда, дар  ҷаласаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт барои истифода дар раванди таълим ба чоп тавсия карда шудааст.

Дастурҳо масъалаҳои асосии курсро ошкор намуда, ба донишҷўён барои ташаккул додани малакаҳои зарурии амалию лабораторӣ ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ имконият фароҳам меоранд; муқаррароти умумӣ, мазмуни корҳои амалӣ – лаборатории донишҷўён ва рўйхати адабиёти тавсияшударо дар бар мегирад.

Дастур барои донишҷўён ва магистрантони ихтисосҳои номбурда, инчунин аспирантону омўзгорон ва доираи васеи истифодабарандагони компютерҳои фардӣ, ки бо ҷамъоварию коркарди иттилооти иқтисодӣ (молиявӣ  ва  тиҷоратӣ) ва таҳлилу коркарди маълумоти оморӣ тавассути ҷадвалҳои электронӣ машғуланд, пешбинӣ шудааст.

Дастури методӣ оид ба ташкил ва гузарондани корҳои амалӣ – лабораторӣ аз фанни «Омор ва таҳлили иқтисодӣ тавассути ҷадвалҳои электронӣ» ҳадафҳо, вазифаҳо, намунаҳои коркарди иттилоот ва таҳлилу ҳалли масъалаҳои иқтисодию молиявӣ, таҳияи маълумоту хулосаҳои оморӣ, супоришҳо барои кори мустақилонаи донишҷўён ва саволҳои назоратиро дар бар мегирад, ин ҳама ба донишҷўён имкон медиҳад, ки методологияи коркарди маълумоти иқтисодиро аз худ намояд, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ бо истифода аз ҷадвалҳои электронию усулҳои математикӣ ва алгоритмҳои ҳисобҳои иқтисодӣ, ки ташкили онҳо боиси чуқуртар дарк намудани асосҳои назариявии иқтисодиёт мегардад, малакаҳои амалӣ пайдо намояд.

Айни замон, яке аз воситаҳои таъминоти барномавие, ки дар коркард ва таҳлили иттилооти иқтисодӣ, инчунин дар ҳалли як қатор проблемаҳои дорои хусусияти молиявию иқтисодӣ истифода мешаванд, ҷадвали электронии Microsoft Excel мебошад. Microsoft Excel яке аз барномаи пешбар ва воситаи хеле пурқувват барои таҳияи системаҳои иттилоотӣ ба шумор меравад ва ғайр аз ҷадвалҳои электронӣ (бо асбобҳои таҳлили молиявӣ ва оморӣ, маҷмўи функсияҳои математикии стандартӣ, ки дар забонҳои сатҳи баланди барномасозӣ мавҷуданд ва функсияҳои иловагӣ) ва асбобҳои барномасозии визуалӣ (Visual Basic for Application) – ро дар бар мегирад.

Хоҳишмандон китоби “Омор ва таҳлили иқтисодӣ тавассути ҷадвалҳои электронӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Гулчеҳра Махсудова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.