Ҳақназар Ғоиб дар бораи Ашӯр Сафар. Илоҳо бишканад дасти каммонсоз…
Ёде аз устод Ашӯр Сафар
Соли 1997: Имрӯз авзои мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ беморгуна аст. Зеро Ватанамон-Тоҷикистони азиз, дар айёми сахти гузариш дарди вазнинтарини таърихӣ-ҳамдигаркуширо аз сар мегузаронад.
Гузарон бошад ҳам, айёми шоиркуш ва фазилатбадбин аст. Зеро чашми ҷанг кӯр аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҷароҳати синаи Осимии бузургвор ва даҳҳо фарзонагони дигар таҷассуми синаи ҷароҳатдори Ватан аст ва хуни ин ҷароҳат ҳанӯз аз дидагони мо хушк нашудааст. Бале, дили мо сахти сахт захмин, авзои ҷомеаи мо сахти сахт хунин аст. Агар осори даҳшатҳои ҷангро пеши назар орем, яқин мегардад, ки ҷароҳати пушти устод Айнӣ дар синаи мо бетабобат мондааст ҳанӯз таҳлукаи кӯрсозии чашмони равшандилон –фарзандони Рӯдакии бузургвор аз байн нарафтааст, сари бетани Аттори бузургвор дар хун ҷавлони даҳшатбор дорад, ки муғултабори бадкине барои бо пули тиллоӣ фурӯхта натавонистанаш, тани ӯро бо шамшер бесар гардонд. Оворагардиҳои Синою Берунии нобиға ба поён нарасида, дасту по бастаи санг хавфи ба об афкандани Адиб Собири Тирмизӣ моро тарк накардааст… Зеро дасту пойи ҷанг ҳанӯз нашикастааст. Чашмони ҷанги бародаркуш сархӯр аст.
Устод Ашӯр Сафарро низ ғаму андуҳи хос як падари соҳиби 13 фарзанд ба бистари беморӣ кашонд. Дили ҳассосаш ба марсияҳои худаш анвишта низ тоб наоварда, бемор шуд, ниҳоят беморӣ ба сактаи дил печид. Оре, ҳоли ҳама падари бачадор ҳамин аст. “То барҳаёт дидани бачаҳоям ҳар рӯз сад бор дар хаёл онҳоро кушта мебинам»,- мегуфт ӯ бо ҳасрат.
Саҳар, вақте ки хабари марги ин марди бузургро шунидам, яқин кардам, ки ӯ ин дафъа аз пайки васл – аз лаҳзаи фараҳафзои рӯзи оштии миллӣ шодимарг шудааст. Аз чӣ бошад, даҳшату марги устод Фазлиддин Муҳаммадӣ пеши рӯям омаду шикастани асои умри мирзо Турсунзода, дареғ, сад дареғ, сад дареғ.
Вале мо умедҳои бисёре дорем. Дар Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти муҳтарамамон сиёсати сулҳу оштӣ иншоаллоҳ ғалаба мекунад. Дар муҳаббат ба ҳамдигарӣ дар садоқати тоҷик ба тоҷик- рӯзи оштӣ-иншоаллоҳ рӯҳи устод Осимию Ашӯр Сафар, Одина ҳошим, Қутбӣ Киром шод мегарданд ва илоҳо ин асоси якдигардӯстдории тамоми мардуми орённажод гардад. Ва ин марсияро низ, ки мероси он рӯзҳои талх аст, бо ҳамин умедҳои нек дар китоб ҷо кардам:
Ашӯри Сафар, маҳфилорои дил,
Гули суҳбати неку зебои дил.
Қабои сухан дар тани халқи хеш,
Зару зевари махзани халқи хеш.
Бидида ту бешу ками рӯзгор,
Ғами халқ гаштат ғами рӯзгор.
Ба шеърат ту ёри азизон шудӣ,
Азизи дилу гавҳари ҷон шудӣ.
Ба ҳазлат шудӣ хандаи гарми лаб,
Ба ҳар ҷо фузудӣ дилҳо тараб.
Вале ҷанг ханда ба лабҳот кушт,
Бизад ноумедӣ ба ҷони ту мушт.
Ҳазондил, ҳазонрӯ хазонтан шудӣ,
Сиришке зи чашмони меҳан шудӣ.
Гиристӣ сари мурдаи ҳамдиёр,
Хазон шуд ба чашмат нигоҳи баҳор.
Ба ҳар кушта гаштӣ ту ҳам куштаё,
Ба хуноби дил гашта оғуштаё…
Дигар пеши кӣ дилкушоӣ равем,
Пайи як табассум гадоӣ равем.
Наёбем, ҳайфо, ба монанди ту
Ба ҷое шакарханди чун қанди ту.
Бигирйем акнун ба сад во дареғ,
Ки рафти офтобат ба пушти ситеғ.
Шикаст охиран дар танат пойи дил,
Дареғи дилат, сад дареғои дил.
Илоҳо, шикаста шавад дасти ҷанг,
Шикаста шавад ҳам қаду басти ҷанг…
Дареғо, дареғат, Ашӯри Сафар,
Шавад, эй ситеза, мағокат ба сар!
Дар пеш ҷашни 70 солагии устод буд. Гумон доштем, ки дар ҷашнгоҳ худи устод моро истиқбол мегирад ва мо бо ӯ базми шеър меороем.
Вале боз афсӯс! Алвидоъ, эй шоир, эй фариштаи сухан, эй офарандаи лаззатҳои забони модарӣ.
Алвидоъ,устод Ашӯр Сафар!
8 феврали соли 1997
Аз китоби Ҳақназар Ғоиб “Тоҷик ва тоҷи Офтоб” (Китоби сеюм)
Ин китоб соли 2023 чоп шудааст ва хоҳишмандон онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Умеда Хоҷаева,
мутахассиси шуъбаи
нигаҳдории китоб