Абдибеки Шерозӣ ва Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ
Абдибеки Шерозӣ Хоҷа Зайнулобиддини Алӣ (19.08.1515, Табрез-1580, Ардабили Эрон) шоир таърихнигор ва мутарҷими эронӣ. Авлоду аҷдоди Абдибеки Шерозӣ аз мардуми Шероз буданд, бинобар ин ӯ нисбаи худро Шерозӣ зикр мекард. Падари Абдибеки Шерозӣ бо дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ, ки аз соли 1501 то соли 1524 ҳукмронӣ менамуд, робитаи наздик дошт.
Бо саъйи падараш ба хидмати дарбор дохил гардид ва якчанд сол дар Қазвин, Табрез, Ардабил кору зиндагӣ кард. Соли 1553-54 ба Гурҷистон сафар кард.
Охири умраш дар Ардабил гузашт. Абдибеки Шерозӣ аз айёми ҷавонӣ ба фаъолияти адабӣ шурӯъ намуда, дар ибтидо бо тахаллуси «Навидӣ» шеър менавишт. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абдибеки Шерозӣ дар охири умр се девони ашъорашро мураттаб сохтааст, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор, байт фароҳам омада буданд. Аммо то ҳол нусхае аз девонҳои шоир дастраси муҳаққиқон нагардидааст.
Дар миёнсолӣ ба худ тахаллуси «Абдӣ» гирифт ва маснавиҳо (се «Хамса»), асарҳои таърихӣ эҷод кард. Дар «Хамса»-и якум маснавиҳои «Маҳзан-ул-асрор», «Ҷоми ҷамшедӣ», «Маҷнун ва Лайлӣ», «Ҳафт ахтар», «Оини искандарӣ», дар «Хамса»-и дуюм маснавиҳои «Ҷавҳари фард», «Дафтари дард», «Фирдавс-ул-орифин», «Анвори таҷаллӣ», «Хазоин-ул-малакут», дар сеюм маснавиҳои «Равзат-ус-сифот», «Давҳат-ул-азҳор», «Ҷаннат-ул-асмор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат-ул-ихлос» фароҳам омадаанд (ҳамагӣ 54947 байт). «Хамса»-и сеюми Абдибеки Шерозӣ бо номи «Ҷаннат-ул-адн» машҳур аст.
Аксар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар шакли нусхаҳои дастнависи аслӣ (автограф) ва ё нусхаҳои дар замони зиндагии шоир, ё каме баъдтар китобатшуда то рӯзгори мо расидаанд. Маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ дар пайравӣ ва ҷавоби маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон шоирони форс-тоҷик навишта шудаанд. Дар маснавиҳои Абдибеки Шерозӣ пойтахти онвақтаи Сафавиён шаҳри Қазвин, табиат, боғҳо, меваҷоти он, ороиш, нақшу нигори қасри шоҳ ва ғайра тавсиф шудаанд.
Ба ибораи худи Абдибеки Шерозӣ ғайр аз «Хамса» боз ду маснавии дигар – «Саломон ва Абсол», «Тарабнома» таълиф карда будааст. Аз ин маснавиҳо то ҳол нусхаи дастнависе дастраси муҳаққиқон нагардидааст.
Абдибеки Шерозӣ инчунин муаллифи асарҳои таърихии «Такмилат-ул-ахбор» (таърихи умумӣ), «Сареҳ-ул-мулк» (доир ба вақфҳои шайх Сафӣ – ҷидди сулолаи Сафавиён) ва «Дебочат-ул-баён» (ҳоло дастрас нагардидааст) мебошад. Абдибеки Шерозӣ ду асарро, ки ба таърихи пайғамбар Муҳаммад (с) ва халифа Алӣ бахшида шудаанд, аз забони арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст. Дар осори Абдибеки Шерозӣ воқеаҳову масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии асри XVI Эрон инъикос ёфтаанд. Забони осори Абдибеки Шерозӣ сода ва оммафаҳм аст.
Бо саъю кӯшиши шарқшиноси озарбойҷонӣ А. Раҳимов маснавиҳои «Маҷнун ва Лайлӣ» (1966,1967), «Равзат-ус-сифат» (1974), «Давҳат-ул-азҳор» (1974), «Ҳафт ахтар» (1974), «Оини искандарӣ» (1977), «Ҷаннат-ул-асмор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат-ул-ихлос», «Ҷавҳари фард» (1979), «Махзан-ул-асрор» (1986) дар Москва ба табъ расидаанд.
АБДИБЕКИ ШЕРОЗИИ ҲАМАДОНӢ
Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ соли 1557 таваллуд шудааст. Вафоташ номаълум, шоири форс–тоҷик.
Дар зодгоҳаш – Ҳамадони Эрон таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз хонадони шахсони фозилу донишманд, хоҳарзодаи шоир Ҳалокӣ ва бародари калонии шоир Рашкӣ буд.
Ҳафт маротиба ба Ҳиндустон (охирин бор соли 1616) сафар карда, бо шоирону адибони ин кишвар вохӯрдааст ва дар маҳфилҳои адабӣ иштирок доштааст. Адибон Абулфазл ибни Муборак, Мирзо Абдурраҳимхони Хони Хонон ба Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд, ба ӯ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасониданд. Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ шоири соҳибдевон аст. Девонаш аз 3000 байт иборат буда, дар он навъҳои гуногуни шеър, махсусан ғазал, рубоӣ ва ғайра фароҳам омадаанд.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 14.
Муаллиф: А. Алимардонов.
Таҳияи Шаҳноза Садирзода
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.