Абдиҳо дар адабиёти форсу тоҷик

адабиёти форсу тоҷикАБДИИ ГУНОБОДӢ. Абдии Гунободӣ, шоири форсу тоҷик тақрибан дар байни солҳои 1562-1564 таваллуд ёфтааст. Дар зодгоҳаш Гунободи Хуросон таҳсили мадраса кард ва сипас ба Ҳирот рафта дар муҳити адабии онҷо ба камол расид. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» аз шавқу рағбати Абдии Гунободӣ ба омўзиши илм ва шеъргўӣ иттилоь додааст.

Мувофиқи иттилои ҳамин асар ва манбаъҳои дигар Абдии Гунободӣ дар сурудани ғазал ва маснавӣ маҳорати зиёде доштааст, вале маснавиҳояш то кунун дастрас нагаштаанд. Дар тазкираҳову баёзҳо аз ашъори Абдии Гунободӣ намунаҳо оварда шудаанд.

Абдии Гунободӣ дар шеърҳояш аз вазъи замон шикоят кардааст. Ишқу ошиқӣ, табиату зебоиҳои онро тараннум  намудааст, андешаҳои андарзӣ иброз доштааст. Бо забони ўзбекӣ низ шеър мегуфтааст. Ин абёт намунае аз шеъри ўст:

Замона шуму нокасу бенаво, Абдӣ

                     Ғариқи хуни ситаму пурнаво, Абдӣ

                     Умедворам, ки рўзи нек меояд

                     Ба савти халқ мешавад ҳамнаво, Абдӣ

***    ****    ****

АБДИИ ЗОМИНӢ. Абдии Зоминӣ Ҳаким (соли таваллудаш номаълум), шоири тоҷик (асри XVI) мебошад. Дар зодгоҳаш Зомин таҳсил карда, ба синни камолот расидааст.

Ба Ҳиндустон сафар карда, бо ёрии Ҳаким Абулфатҳи Гелонӣ, ки яке аз наздикони шоҳи онвақта Акбар буд, ба дарбор роҳ ёфт. Ба сабаби мушкилоти рўзгор ва фақру нодорӣ ашъори шикоятомез мегуфтааст, аз ин рў ўро аз дарбор дур кардаанд. Аз намунаҳои ашъораш, ки тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд, бармеояд, ки ў шоири ғазалсаро будааст.  Муаллиф: У.Тоиров

АБДИИ ИСФАҲОНӢ. Абдии Исфаҳонӣ Мирабдуллоҳ (соли таваллудаш номаълум), шоири эронӣ (асри 16) мебошад. Писари шоир Муҳаммадалии Табъии Исфаҳонӣ. Дар зодгоҳаш Исфаҳон таҳсил намуда, илмҳои замонашро аз худ кард.

Дар синни камолот ба хидмати дарбори Сафавиён дохил шуд. Шоири ғазалсаро буд. Инчунин ба қалами ў маснавии «Одам ва Парӣ» мансуб аст. Аз осораш намунаҳо ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд. Муаллиф: У.Каримов

****    *****    **** **

АБДИИ КОБУЛӢ. Абдии Кобулӣ Абдуллоҳхоҷа (соли таваллудаш номаълум), шоири тоҷик (асри XVI) мебошад. Шахси таҳсилкарда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1957 дар Бухоро  ба мулозимати ў расида муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳаққи устодӣ дошта, ўро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Ҳиравӣ ҳидоят намудааст. Аз ашъори Абдии Кобулӣ намунаҳои каме ба тавассути тазкираҳо бокӣ мондаанд.  Муаллиф: У.Каримов

****    *****    **** **

АБДӢ. Абдӣ Абдуллохоҷа соли 1870 дар Бухоро таваллуд  ёфтааст. Абдӣ тазкиранигор ва шоири тоҷик мебошад. Аз оилаи шахси фозилу донишманд, мударриси мадрасаи Искандархони Бухоро Мухторхоҷа  буд.

Ин шахс дар вилоятҳои гуногуни Аморати Бухоро машғули корҳои давлатӣ буд. Абдӣ таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифт ва баъдан таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дод. Баъд аз анҷоми таҳсил ба мударрисӣ шурўъ кард. То охири умр ба ин касб машғул буд. Аз Абдӣ асаре бо номи «Тазкират-уш-шуаро», қасидаҳо ғазалҳо ва пораҳои ба шакли маснавӣ навишташуда, ки дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд, боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ўст:

Хуршеди рухат чун зи сари кўй барояд,

 Фарёди зану мард зи ҳар сўй барояд.

Афтода ба рух холи ту чун мурда аҷаб нест,

Бар оташ агар мурдаи ҳиндуй барояд.

Абдӣ зи хамири сухан ар мўй ҷудо кард,

Аз ҳар суханаш боз ҳазор муй барояд.

Ў соли 1922 дар Бухоро аз дунё гузаштааст.

****    *****    **** **

АБДӢ. Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум) шоири тоҷик мебошад. Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мебошад. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд.

Дар замони салтанати Умархон (ҳукмронии 1809-1822) ба хидмати дарбори ў омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фозил, ҳозирҷавобу базлагўй будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замон мо расидаанд.

Ин абёт аз ўст:

Баски дилсардам зи аҳли рўзгор,

Гўшаи узлат аз он шуд масканам.

Қитъае чандин, китобе чанд хуш,

Аз матои даҳр дорам муғтанам.

Кисаам гар зар надорад, нест бок,

Симу зар-ашъор, сина-хазнаам.

****    *****    **** **

АБДӢ. Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум-вафоташ 1886), шоири тоҷик мебошад. Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мўҳтарам чун фозилу донишманд, воқиф аз улуми мутадовилаи замон, бедилхон ва бедилфаҳм, муаммодон тавсиф шудааст.

Хати хуб доштааст. Аз ин ҷост, ки дар дарбори амир Абдулаҳадхон чун муншӣ хидмат мекард. Дар сарчашмаҳо аз девон доштанаш иттилоъ надодаанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд.

Муаллиф: А. Ҳабибов

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2011. – Ҷ.1. – С. 14-15.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
б
иблиографияи миллӣ.