Абдулло Ғаффоров. Ҳофиз ва шуарои Покистон

 

Ҳофизи ШерозӣҲофизи Шерозӣ аз зумраи он созандагони воқеии кохи тамаддун ва фарҳанги башарӣ аст, ки олами инсоният ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Номи ин ситораи рахшони самои сухан аз он сабаб ҷовид гардидааст, ки дар сурудаҳояш зебоиҳои ҳаётро тараннум намуда, зиштиҳои онро маҳкум кардааст. Ба таъбири Н.Г. Чернишевский Ҳофиз шоирест, ки сурудаҳояш мисли гулҳои рангини ҳаёт шукуфон ва хушбӯй мебошанд. Шоир ҳар он чи дидаасту шунидааст, ба назм овардааст.

Ҳофиз ҳанӯз дар замонаш бо ашъори пуртаровати хеш шӯҳрати беандоза дошт:

Зи шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд,
Сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.

Шуҳрати шоир баъд аз марги ӯ ҳам пайваста меафзуд. Имрӯз девони ӯро мардуми сарзамину кишварҳои бисёри дунё муштоқона мутолиа менамоянд. Ҳёте барин адибони барҷастаи олам ба Ҳофиз саҷда овардаанд: “Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғозу анҷоме нест. Каломи ту чун гунбади осмон танҳо ба худ вабаста аст ва миёнаи нимаи ғазали ту бо матлаву мақтааш фарқе наметавон гузошт, чи ҳамаи он дар ҳадди ҷамолу камол аст. Ту он сарчашмаи файёзи шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад. Даҳони ту ҳамвора барои бӯса задан ва табъат нағма сурудан ва гулӯят барои бода нӯшидан дилат барои меҳр варзидан омодааст.

Ҳофизо дилам мехоҳад аз шеваи ғазалсароии ту тақлид кунам. Чун ту қофия пардозам ва ғазали хешро ба резакориҳои гуфтаи ту биёроям. Эй Ҳофиз, эй ҳомии бузургвор мо ҳама ба дунболи ту равонем, то моро бо нағмаҳои  дилпазират дар нишебу фарози зиндагӣ роҳбарӣ кунӣ ва аз водии хатар ба сӯи сарманзили саодат барӣ”.

Ғояҳои олии эҷодиёти Ҳофиз, хусусан салосату равонии ғазалҳои ӯ асрҳо ин ҷониб диққати суханварони сарзамини Ҳиндро низ ба худ ҷалб карда меояд.

Робитаи адабӣ ва маънавии байни Ҳофиз ва адибони ин кишвар аз замони зиндагии ӯ вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар соли 1377 мувофиқи хоҳиши аҳли адаби Банғола Султон Ғиёсуддин ба Ҳофиз номае навишта, ӯро ба дарбори худ хостааст. Ҳофиз азми сафар мекунад. Аммо аз ваҳми тӯфону мавҷҳои кӯҳпайкару  хурӯшони  халиҷи Форс тарки мусофират кард ва дар ҷавоб ғазале навишт, ки чанд байти он ин аст:

Соқӣ, ҳадиси сарву гули лола меравад,

Ин баҳс бо салосаи ғассола меравад…

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Банғола мераванд.

Тайи макон бубину замон дар сулуки шеър,

К-ин тифли як шаба, раҳи яксола мераванд.

Ҳофиз зи шавқи маҷлиси Султон Ғиёсуддин,

Хомӯш машав, ки кори ту аз нола меравад.

Эҷодиёти Ҳофиз барои бисёр шоирони форсизабони гузашта ва ҳозираи Покистон мактаби омӯзиш буд ва мебошад.

Файзӣ, Носиралии Сарҳиндӣ, Муҳаммад Тоҳир Ғании Кашмирӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Мир Ғуломалии Моил, Ҳаким Муъминхон Муъмин ва Мирзо Асадулло Ғолиб барин сухансароёни маъруфи Ҳинду Покистон дар пайравии ғазалҳои Ҳофиз назираҳо гуфтаанд.

Шиносии шуарои Ҳинду Покистон бо эҷодиёти Ҳофиз, хусусан аз охирҳои асари XIX хеле инкишоф ёфт. Адибони ин давр ҳамчун Озоди Ҷаҳонгирнагирӣ, ки:

Чун нанозем ба ҳамтарҳии Ҳофиз, Озод,

Килки мо низ забоневу баёне дорад,

ва Мавлоно Шиблии Нуъмонӣ, ки:

Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан,

Бандагии Ҳофизи Шерозӣ мебоист кард,

мегуфтанд, анъанаҳои беҳтарини назми Ҳофизро давом додаанд. Муҳаммад Иқбол, ки бузургтарини шоир ва файласуфи Покистон аст, дар оғоз аз рӯи иштибоҳ нисбат ба эҷодиёти Ҳофиз таваҷҷӯҳе надошт ва ҳатто дигаронро водор мекард, ки аз афкори Ҳофиз дар эҳтироз бошанд:

Ҳушёр аз Ҳофизи саҳбогусор,

Ҷомаш аз заҳри аҷал сармоядор.

Нест, ғайр аз бода дар бозори ӯ,

Аз ду ҷом ошуфта шуд дастори ӯ.

Муслиму имони ӯ зуннордор,

Рахна андар динаш аз мижгони ёр.

Гӯсфанд асту наво омӯхтааст,

Ишваю нозу адо омӯхтааст.

Дилрабоиҳои ӯ заҳр асту бас,

Чашми ӯ ғоратгари шаҳр асту бас.

Зафъро номи тавоноӣ диҳад,

Сози ӯ ақвомро иғво кунад.

Ин байтҳо, ки иқтибос шуд, аз таҳрири нахустини маснавии “Асрори худӣ” аст. Он вақт Муҳаммад Иқбол гумон мекард, ки нуқтаи назарҳои Ҳофиз барои беҳбуди зиндагии мардум кӯмаке намерасонад. Аммо вақте ки ӯ ба эҷодиёти Ҳофиз ба таври мукаммал ошно шуд аз андешаҳои нодурусти худ баргашт ва шеъри болоро аз маснавии “Асрори худӣ” хат зад. Иқбол пай бурд, ки Ҳофиз истеъдоди бузурги суханварии худро дар роҳи хидмати халқу ватан сарф кардаст ва ашъори ӯ ҳама “байтулғазали маърифт” аст. Ғояҳои пешқадаму шаклҳои бои санъати шеърии Ҳофиз Иқболро муътақиди худ гардониданд. Ӯ қарор дод ки дар ғазал ба устоди шерозӣ пайравӣ намояд. Ғазалҳои Иқбол ба он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дар назирагӯӣ маҳорати тамом дорад. Шоир, ки эҷодиёти худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими зиндагӣ нигаронида буд, дар сабк, вазн ва қофияву радифи ғазалҳои Ҳофиз дар мавзӯи руз шеър гуфтааст:

ҲОФИЗ:

Эй фурӯғи ҳусни моҳ аз рӯи рухшони шумо,

Обрӯи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо…

Кай диҳад даст ин ғараз ё раб ки, ки ҳамдастон шавем,

Хотири маҷмӯи мо, зулфи парешони шумо?

Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,

З-он ки зад бар дида об аз рӯи рахшони шумо?

Дил харобӣ мекунад дилдорро огоҳ кунед,

Зинҳор эй дӯстон ҷони ману ҷони шумо.

Эй сабо бо сокинони шаҳри Язд аз мо бигӯй,

К-он сари ҳақношиносон гӯи майдони шумо.

Дур дор аз хоку хун доман чу бар мо бигзарӣ,

К-андарин раҳ гашта бисёранд қурбони шумо.

Мекунад Ҳофиз дуое бишнаву омин бигӯй,

Рӯзии мо бод лаъли шаккарафшони шумо.

ИҚБОЛ:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,

То ба даст овардаам афкори пинҳони шумо.

Меҳру маҳ дидам нигоҳам бартар аз Парвин гузашт,

Рехтам тарҳи ҳарам дар кофиристони шумо!

То синонаш тезтар гардад фурӯ печидамаш,

Шӯълаи ошуфта буд андар биёбони шумо.

Фикри рангинам кунад назри тиҳидастони Шарқ,

Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо.

Мерасад марде, зи занҷири ғуломон бишканад,

Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.

Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил,

Оташе дар сина дорам, аз ниёгони шумо.

Қисми зиёди ҳиссаи саввуми “Паёми машриқ”-и Муҳаммад Иқбол, ки ғазалҳои форсии то соли 1928 эҷод кардаи ӯро  дар бар мегиранд, дар татаббӯи Ҳофиз гуфта шудаанд. Бе сабаб нест, ки шоир ба ин ҳиссаи “Паёми Машриқ”-и худ “Маи боқӣ” ном гузоштааст. Муҳаммад Иқбол дар эҷодиёти худ анъанаҳои беҳтарини назми Ҳофизро нигоҳ доштааст. Анъанаҳои Ҳофиз бошад, фаъолияти шоирии Муҳаммад Иқболро  маҳдуд накарда, балки онро вусъат додааст. Ин анъанаҳо барои ёфтани  мавзӯъҳои пурмазмуни шавқовар ёрӣ расонидаанд.

Яке аз шуарои дигари Покистон, ки мо дар эҷодиёти ӯ таъсири зӯри Ҳофизро мушоҳида менамоем, Саид Ансорӣ мутахаллис ба Наштар мебошад.  Ашъори форсии ӯ, ки зери унвони “Ғазалиёт” соли 1957 дар Лоҳур ба табъ расид, асосан дар пайравии Ҳофиз гуфта шудаанд. Девони ин шоир бо байти:

Чун қанди Порс биёрӣ, барор шохи набот

Барои шодии рӯҳи равони Ҳофизи мо

шурӯъ мешавад.

Наштар Ҳофизро худи иқлими сухан меноманд.

Се тан паёмбари  мурсалу Худо Ҳофиз,

Ба дашти шеър нидо мекунем ё Ҳофиз!

Ба ҷони худ лаби гулгуну ҷоми пурмай хоҳ,

Дуои Наштару омин кунем бо Ҳофиз.

Таъсири Ҳофиз дар эҷодиёти Атоуллохон Ато, Шер Ҳасанхон Ҷӯши Малеҳободӣ, Сӯфӣ Ғулом Мустафо Табассум ва дигар шоирони имрӯзаи  Покистон низ ҷой дорад.

Ҳофиз то ба кунун аз шуарои писандидаи мардуми Покистон аст ва ин муҳаббат рӯз ба рӯз фузунтар мегардад.

Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1968, №9

Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ