Абдуллоҳи Бухороӣ: Наққоше, ки ба сабки наққошиҳои Беҳзод пайравӣ мекард

Абдуллоҳи БухороӣАбдуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), наққош ва мусаввири тоҷик (асри XVI). Тибқи маълумоти таърихӣ Абдуллоҳи Бухороӣ дар дарбори хони шайбонӣ Абдулғозии Абдулазизхон (cjkojb ҳукмрониfi 1540-1549) хидмат намудааст. Теъдоде аз минётураҳои Абдуллоҳи Бухороӣ низ ба ин хони шайбонӣ бахшида  шудаанд.

Пас аз вафоти Абдулғозӣ Абдуллоҳи Бухороӣ ва мусаввири  дигари дарбор Маҳмуди Музаҳҳиб фаъолияти худро  дар дарбори Абдуллоҳхон (cjkojb oукмронm 1556-1598) идома додаанд. Дар баъзе аз минётураҳои Абдуллоҳи Бухороӣ тасвири Абдуллоҳхон низ ба назар мерасад. Дар ҳунари рассомии Абдуллоҳи Бухороӣ таъсири мактабҳои наққошӣ ва минётуранигории Ҳироту Бухоро мушоҳида мешавад. Бахусус таъсири сабки Беҳзод ба эҷодиёти Абдуллоҳи Бухороӣ калон аст.

Минётураҳои “Бўстон”-и Саъдӣ, ки ба қалами Абдуллоҳи Бухороӣ мансубанд, бевосита дар зери таъсири эҷодиёти Беҳзод офарида шудаанд. Дар баъзе минётураҳои Абдуллоҳи Бухороӣ такрори бандубаст ва баъзе паҳлуҳои эҷодиёти Беҳзод дида мешаванд.

Абдуллоҳи Бухороӣ аз санъати Мактаби минётураи Ҳирот низ баҳра бурда, таносуб ва ҷиҳатҳои хоси онро бо мактаби минётураи Бухоро моҳирона омезиш додааст.

Дар инкишофи санъати тасвирии Мовароуннаҳр низ ҳиссаи калон гузоштааст. Намунаҳои наққошӣ  ва мусаввараҳои Абдуллоҳи Бухороӣ дар Музейи миллии Париж, Ганҷинаи даснависҳои Санкт- Петербург ва Оксфорд маҳфузанд.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2011. – Ҷ.1. – С. 35-36.

Муаллиф: Л.Бойматов
Таҳияи Олучамо Исмоилова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.