Абдуннабӣ Фахруззамони Қазвинӣ ва тазкираи «Майхона»-и ў

Мулло АбдуннабӣМулло Абдуннабӣ, аз чеҳраҳои камназири адаби асри Ҷаҳонгирӣ, дар шаҳри Қазвин ба дунё омада, дар муҳити илмӣ ва сӯфимашраби хонавода ба воя расидааст. Падари ӯ, Халафбег, тоҷир ва шахси орифтабъе будааст, ки баъд аз анҷоми ҳаҷ, аз дунёи моддӣ бурида, тарки тиҷорат кардаву тариқи дарвешӣ пеш гирифтааст ва ниҳоят дар соли 1001 ҳиҷрӣ (1593 мелодӣ) дар Қазвин бар асари бемории тоъун (бемории ҳамагир) вафот кардааст.

Аз ҷониби модар, Абдуннабӣ ба сулолаи маъруфи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ нисбат дорад. Абдуллоҳи Ансорӣ яке аз бузургтарин орифон, муфассирон ва адибони асри XI мебошад, ки дар таърихи тасаввуф ва адабиёти форсӣ ҷойгоҳи хеле баланд дорад. Ӯ бештар бо номи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ё Пири Ҳирот машҳур буда, солҳои 1006-1089 мелодӣ дар Ҳироти Афғонистон умр ба сар бурдааст. Ў тафсири маъруфе дорад бо номи “Тафсири Ансорӣ“, ки бо услуби ирфонӣ таълиф шудааст. Хоҷа Абдуллоҳ аввалин касест, ки осори ирфониро бо забони форсӣ низ таълиф кардааст. Ӯ сабки суханронии порсии равон ва пурмазмунро ба вуҷуд овард ва бисёр суханони ӯ то ба имрӯз чун “гулчини ирфон” истифода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки якчанд асарҳояш ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли чопӣ дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ мавҷуд мебошад.

Ҷадди модарии Қазвинӣ, Фахруззамон, фозиле донишманд ва соҳиби мансаби қозӣ дар Қазвин будааст. Маҳз чунин муҳити хонавода ва иҷтимоӣ буд, ки дар ташаккули зеҳни адабӣ ва равонии Мулло Абдуннабӣ нақши муассир гузоштааст. Абдуннабӣ аз хурдсолӣ ба шеъру адаб алоқамандӣ дошт. Тахаллуси аввалини ӯ “Иззатӣ” буд ва ғайр аз шеъргӯӣ, дар қиссадонӣ низ истеъдоди фавқулодае дошт. Ҳофизаи қавии ӯ ба ҳадде буд, ки “Қиссаи Амир Ҳамза“-ро танҳо бо як бор шуниданаш ҳифз кард.

Қазвинӣ дар синни нуздаҳсолагӣ ба зиёрати Машҳади Муқаддас рафта, муддати як моҳ дар он ҷо иқомат дошт. Ин ҷо буд, ки бо мусофирони ҳиндӣ шинос шуда, бо шунидани васфи сарзамини Ҳинд ба ин кишвар майл пайдо кард. Дар охири соли 1017 ҳиҷрӣ (1609 мелодӣ) аз тариқи Қандаҳор, бо ҳолати беморӣ ва заъф, ба Лоҳур расид ва баъди чор моҳи таваққуф ба пойтахти салтанат Агра омад. Ба шарофати хешованди наздикаш Мирзо Низомӣ, ки дар он давра воқеанигори дарбори Ҷаҳонгир буд, Абдуннабӣ ҳамчун қиссадони ӯ ба дарбор роҳ ёфт. Ин шеваи воридшавӣ ба муҳити адабӣ ва сиёсӣ боис гардид, ки дар санъати қиссадонӣ таҷриба ва маҳорати зиёд касб кунад.

Дар соли 1022 ҳиҷрӣ (1614 мелодӣ) бо кӯмаки як ҳамватанаш, дар Аҷмир ба хидмати Мирзозамонуллоҳ – писари Муҳаббатхон пазируфта шуд. Мирзо, ки худ низ табъи шоирона дошт, ба қобилияти Абдуннабӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ӯро ба сифати китобдори худ пазируфт. Маҳз дар ҳамин давра Абдуннабӣ аз имкони мутолиаи густурда бархӯрдор шуда, заминаи таълиф ва тасниф барои ӯ фароҳам гардид.

Ногаҳон ба беморие гирифтор гардид ва аз тарси бадномӣ дар миёнаи соли 1024 ҳиҷрӣ (1616 мелодӣ) ба Лоҳур рафт. Он рӯзҳо вабои марговар Лоҳурро фаро гирифта буд, аз ин рӯ, ба зудӣ ба Кашмир кӯчид. Дар Кашмир, ки Мирзо Низомӣ дар он ҷо девонсолор буд, Абдуннабӣ “Дастур-улфусаҳо”-и худро ба шакли дафтар мураттаб кард.

Абдуллоҳхони ФирӯзҷангБаъди ду сол бо Мирзо ба Монду ва сипас ба Биҳор ё Баҳор сафар кард. Дар соли 1027 ҳиҷрӣ (1618 мелодӣ) ба шаҳри Патна расид ва соли 1028 ҳиҷрӣ (1619 мелодӣ) дар он ҷо бо Сардорхон Хоҷа Ёдгор бародари Абдуллоҳхони Фирӯзҷанг, наздикӣ пайдо кард. Сардорхон ба ӯ эҳсонҳои зиёд намуд ва Абдуннабӣ асари «Майхона»-и худро ба номи ӯ таълиф кард. Ин асар соқиномаи бузурге буд, ки тахаллуси “Набӣ” дар он зикр шудааст.

Ў аз худ якчанд асарҳое боқӣ гузоштааст, ки муҳимтаринашон “Дастурул-фусаҳо”, дастуре барои қиссагӯён ба пайравии “Қиссаи Амир Ҳамза”, ки мутаасифона ҳеҷ нусхае аз он ба даст нарасидааст, мебошад. “Наводир-ул-ҳикоёт”, ҷамъомади ҳикоёти ширин ва нақлҳои рангоранг, ки соли 1041 ҳиҷрӣ (1632 мелодӣ) ба анҷом расидааст. Нусхае аз он дар осорхонаи Бритониё  ҳифз шудааст.

Аз асарҳои муҳимтарин ва пурарзиштарине, ки то ба мо омада расидааст ва хушбахтона дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, ин Тазкираи «Майхона» аст. «Майхона» яке аз аввалин тазкираҳои муфассалест, ки дар муҳити Ҳиндустони форсизабон навишта шудааст. Ин асар як манбаи боэътимоди таърихӣ ва адабӣ барои омӯзиши муҳити адабии асри XVII мебошад, ки тарзи таҳлили шоирон ва сабки равон онро ба асари илмӣ-таърихӣ ва ҳамзамон адабӣ табдил додааст. Тазкираи «Майхона» намунаи барҷастаи тазкиранигории таҳлилӣ дар адабиёти форсу тоҷик аст. Мазмуни он на танҳо муаррифии шоирон аст, балки як навъ расонаи иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фарҳангист. Муаллиф бо нигоҳе дақиқ ва диде адабӣ, шоиронро ба хонанда на фақат ҳамчун нависандаи шеър, балки ҳамчун инсони соҳибтафаккур ва муассир нишон медиҳад.

МайхонаСохтор ва мундариҷаи тазкираи «Майхона» аз муқаддима, бахши асосӣ бо тарҷумаи ҳоли шоирон ва намунаи ашъори онҳо ва ишораҳои таърихиву иҷтимоӣ иборат аст. Тартиби ҷойгиршавии мавод асосан замоншиносӣ буда, муаллиф баъзан усули мавзуиро низ истифода мебарад. Забони асар равон ва пур аз ишораҳои ирфонӣ мебошад.

Тазкираи «Майхона» намунаи барҷастаи тазкиранигории асри XIX аст, ки анъанаи классикиро ба руҳи маҳаллӣ ва шахсӣ пайвастааст. Асар дорои маълумоти дақиқӣ библиографӣ ва сарчашмашиносӣ мебошад, ки барои муҳақиқон аҳамияти бузург дорад. Муаллиф на танҳо осори маъруф, балки осори камёфт ва нодирро низ ҳифз намудааст. Фарқияти бештари ин тазкира аз дигар тазкираҳо дар он мебошад, ки он фарогири шоирони камном ва муносибати самимӣ ба онҳо мебошад. Ҳамин вежагиҳо сабаб шудаанд, ки «Майхона» то имрӯз ҳамчун манбаи арзишманди илмӣ мавриди омӯзиш ва истинод қарор бигирад.

Бо вуҷуди истеъдоди шоирӣ ва қиссадонии фавқулода, зиндагии Абдуннабӣ саросар саргардонӣ ва хидмати дарбори дигарон буд. Ӯ ба навиштани девон муваффақ нашуд ва бештари осораш аз назари таърих дар парда мондаанд. Бо ин ҳол, «Майхона» мероси беназир ва намоди зиндагии пурталотум ва андешамандонаи ӯст.

Бояд зикр намуд, ки дар охири «Майхона» орзуи бозгашт ба Эронро бо сӯзиш ва эҳсосот баён кардааст. Аммо то имрӯз маълум нест, ки ин орзуи деринааш амалӣ гардид ё на. Ҳамчунин, таърихи вафоти ӯ низ номаълум боқӣ мондааст.

Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир