Абдурасули Ҳофиз-шашмақомсарои маъруф аз Истаравшан
Абдурасули Ҳофиз (Қодирӣ, соли тавваллуд 1919, Истаравшан, соли вафоташ 1989, Истаравшан), сароянда, мутриб-таронасаро, намоянда ва идомадиӽандаи ӽавзаи иҷроии Истаравшан буд. Мусиқиро аз падараш, устоди мусиқӣ Ҳофизи Абдуқодири Истаравшанӣ (1858-1943) омўхтааст.
Абдурасули Ҳофиз дар овозхонӣ, сознавозӣ, (танбўр) сабки падараш ва анъанаи иҷроии Истаравшанро идома дода, баъди хатми Институти хореография ва мусиқии Самарқанд (1932), ибтидо сарояндаи театри халқии шаӽри Истаравшан (1932-1939), сарояндаи филармонияи давлатии Тоҷикистон (1940-1945), роӽбари маӽфили драмавии театри ба номи Камол (Хучанд,1945-1949), сарвари дастаи мақомхонии Истаравшан (1949-1959), хонаи маданияти шаӽр хидмат ва ӽунарнамоӣ карда, шогирдони зиёде (Акбар Пўлодов, Маӽкам Ғафуров, Саъдулло Азизбоев, Додобой Қодиров ва дигарон) – ро тарбия намудааст.
Абдурасули Ҳофиз баробари ин ба ашъори шоирони тоҷик таснифоти гуногунмавзуъ офаридан, дар иҷрои шохаӽои мақомӽо «Муғулчаи Дугоӽ», «Кашқарчаи Муғулчаи Дугоӽ», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Чапандози Наво», «Нимчўпонӣ», «Сарахбори сегоӽ», «Муӽайяр», «Чоргоӽ», «Наврўзи Сабо», «Савти Сарвиноз» ва ғайра салиқаи баланди иҷроӣ ба харҷ додааст.
Абдурасули Ҳофиз иштирокдори Даӽаи адабиёт ва санъати тоҷик (Москва,1941), Симпозиуми байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд,1987) ва ғайра буда, барои хидматӽои арзандааш дар тарғибу рушди мусиқии тоҷик ба Ифтихорномаӽои РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз китоби “Донишномаи Шашмақом”, таҳияи Дилафрӯз Расулова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.
Ин китобро хонандагон метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ мутолаа куанд.