Абдураззоқи Самарқандӣ: дипломат, пажӯҳишгар, насрнавис ва шоири тоҷик

Соли 1441 Шоҳрух сафорати расмии ҳукуматие бо сардории Абдураззоқи Самарқандӣ ба Ҳиндустон фиристод. Мусофирон ба Калкатта ва шоҳигарии Ваҷянгара рафтанд ва соли 1444 ба Ҳирот баргаштанд. Шоҳрух с. 1446 бори дигар дар ҳайати сафорат ўро ба Гелон (Эрон) фиристод. Соли 1463 султон Абусаид Абдураззоқи Самарқандиро шайхи хонақоҳи Шоҳрухи Ҳирот таъйин кард ва то охири ҳаёташ ба ҳамин вазифа машғул буд.

****    *****    ****

КАМОЛИДДИН АБДУРАЗЗОҚ ибни Чалолиддин Исҳоқи Самарқандӣ 8 ноябри соли 1413 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Нависандаю таърихнигор ва шоири форс-тоҷик. Падари ў зодаи Самарқанд буда, дар қароргоҳи Шоҳрух (ҳукмронӣ: 1404-47) вазифаи қозигӣ имомиро адо мекард.

Давраи ҷавонӣ ва донишомўзии Абдураззоқи Самарқандӣ, асосан, дар Ҳирот гузаштааст. Ў дар ин айём дар баробари анвои илмҳои анъанавӣ аз қабили Қуръон, ҳадис, тафсир ва фиқҳу усул илмҳои таърих, забону адабиёт ва иншову шеърро ҳам омўхт.

Аввалин дафъа дар синни 25-солагӣ ба дарбори Шоҳрух (1437) муарифӣ гардид ва ба амир шарҳи ба рисолаи забоншиносии Азудуддини Инҷу навиштаашро пешкаш намуд.

Дар замони ҳукмронии Абулқосим Бобур (1449-57), Абусаид (1458-69), мулозими онҳо ва дар замони султон Ҳусайн Бойқаро (1470-1506) шайхи хонақоҳи Шоҳрух буд.

Соли 1441 Шоҳрух сафорати расмии ҳукуматие бо сардории Абдураззоқи Самарқандӣ ба Ҳиндустон фиристод. Мусофирон ба Калкатта ва шоҳигарии Ваҷянгара рафтанд ва соли 1444 ба Ҳирот баргаштанд. Шоҳрух с. 1446 бори дигар дар ҳайати сафорат ўро ба Гелон (Эрон) фиристод. Соли 1463 султон Абусаид Абдураззоқи Самарқандиро шайхи хонақоҳи Шоҳрухи Ҳирот таъйин кард ва то охири ҳаёташ ба ҳамин вазифа машғул буд.

Абдураззоқи Самарқандӣ муаллифи таърихномаест бо номи “Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн” (иборат аз ду дафтар-ҷилд, анҷомаш солҳои 1467-70; такмилаш то соли 1480 идома ёфтааст). Асари Абдураззоқи Самарқандӣ идомаи “Зубдат-ут-таворих” ном асари таърихнигор Ҳофизи Абрў мебошад, ки ҳодисаҳову воқеаҳои то соли 1427 дар Мовароуннаҳру Хуросон рўйдодаро дар бар мегирад. “Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн” воқеаҳои таърихии байни солҳои 1304-1469-ро инъикос менамояд. “Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн” симои Абдураззоқи Самарқандиро дар назари хонанда на танҳо чун таърихнигори дақиқназар, балки чун насрнависи хуштабъ чилвагар месозад. Забонаш содаву равон мебошад.

Ба ғайр аз осори мансур Абдураззоқи Самарқандӣ инчунин дар навъҳои гуногун шеър гуфтааст, ки намунаашон ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд. Матлаи зерин аз ўст:

Боз абрў карда боло турки тирандози ман,

Оламеро кушту дорад ин замон андози ман.

Ў соли 1482 дар Ҳирот аз дунё гузашт.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – С. 52. Муаллиф: А. Самарқандӣ

Таҳияи Мунаввара Азизова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.