Абдусалом Қаюмов: Орзу дорам ”Саргузашти Том Сойер”-ро бо забони асл мутолиа намоям
Имрӯзҳо, ки дар қалби Тоҷикистони азиз – шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуда истодааст, диққати мардуми саросари кишвар ба иштирокчиёни ин озмуни бонуфуз нигаронида шудааст. Мо ҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, бо яке аз иштирокчиёни даври ниҳоии озмун дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Абдусалом Қаюмов ҳамсуҳбат шудем.
Абдусалом Қаюмов хонандаи синфи 4-уми Мактаби байналмилалии “Контакт” шаҳри Исфара мебошад. Вай соли дуввум аст, ки дар номинатсияи адбиёти ҷаҳон ширкат меварзад. Соли равон, Абдусалом бо хондани зиёд аз 300 афсонаву ҳикоя ва зиёда аз 40 повесту роман ба озмун омадааст. Абдусалом Қаюмов аз иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ бисёр хурсанд аст. Мегӯяд ин ҷо дӯстони нав пайдо кардаву аз онҳо дар мавриди адабиёти хондашаванда тавсияҳо низ шунидааст.
Гуфтан бамаврид аст, ки ин иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мутолааи асарҳои адибони ҷаҳонро хеле дӯст медорад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳадде, ки имкон даст медиҳад бо забонҳои русиву англисӣ асарҳоро мутолиа намояд.
Ҳамчунин китобҳои адибони форсро бо хатти арабиасос мутолиа менамояд, ки дар ин маврид ба ӯ модараш кӯмак мерасонад. Аслан Абдусалом аз синни 5-солагиаш ба хондан шурӯъ кардаст. Яке аз асарҳои писандидаи ӯ “Саргузашти Том Сойер”-и Марк Твен буда, онро бо забони русӣ мутолаа кардаасту орзу дорад, ки дар забони асл ҳам онро бихонад. “Капитанская дочка” ва “Дубровский”-и А.С.Пушкин, “Каштанка”-и А.П.Чеховро низ бо шавқу завқи диёд мутолиа намудааст.
Дар баробари модараш, Абдусаломро дар китоб хондан муаллимаи забон ва адабиёти рус – Кифоятхон Ҳоҷиева роҳнамоӣ мекунад, ки Абдусалом дар суҳбат бо мо арзи сипос аз устодаш намуд.
Ба Абдусалом Қаюмов дар ин озмун муваффақият орзумандем.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.