Абдусаттори Раҳмон: Китобҳои насрӣ кам мутолиа карданд!
Аз номиноҳои озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст, номинои адабиёти ҷаҳон дирўз нисбат ба дигар номиноҳо барвақттар ҷамъбаст шуд. Дар он 18 нафар донишҷӯ ширкат намуданд ва он то соати 13:30 давом кард. Имрўз 13.12.22 гурӯҳи се, яъне муаллимон сабқати дониш хоҳанд намуд.
Ба номинои адабиёти кӯдакон сар задам, чун вақти танаффус буд, аъзои ҳакамони номинаи зикршуда, устод Абдусаттори Раҳмонро ба сӯҳбат кашидам:
– Имрўз рўзи аввали иштироки довталабони донишҷўст. Чӣ таассурот дореБо чӣ таасурот баромадед?
– Бештар аз як ҳафта аст, ки озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣ идома дорад. Сатҳи омодагии мардум сол то сол хубтар шудааст, инро аз таҷрибаи сесолаам дар озмун мегўям. Ин маънои онро дорад, ки озмун ба ҳадафҳояш наздик мешавад.
Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 10-12 довталабро қабул мекунем.То ин соат 10 нафар ширкат варзиданд, ки сатҳи омодагиҳояшон гуногун аст. Баъзеҳо моҳияти озмунро фаҳмиданд ва аз имкониятҳояшон истифода бурданд, китоб пайдо ва мутолиа карданд, бештар омодагӣ диданд. Сатҳи тайёрии бархе дигар аз бетаҷрибагӣ ё нарасидани китоб ва дигар омилҳо на ба дараҷае буд, ки мехоҳем.
Хулоса ҳадафи Пешвои муаззами миллат аз роҳандозӣ намудани озмун китобхон кардани миллат буд, ки амалӣ шудан дорад. Сафи китобхонҳо бештар шуд. Зинаи аввал бачаҳои аз синфи 1 то 4 буд. Се рӯз онҳоро қабул намудем. Он ҷамъбаст гардид. Зинаи дуюм аз синфи 5 то 11 буд, ки низ анҷом ёфт. Мебинем, ки падару модарон, устодон масъулият ҳис карда, фарзандону шогирдонашонро ба озмун омода карданд. Яъне, дар тарбияи насли наврас ин як такон аст алаккай.
-Биёед сабқати соли гузаштаву имсолро қиёс кунем. Чӣ тағйирот ба чашм мерасад?
– Нисбат ба соли гузашта таҷрибаи довталабон бештар шудааст. Баъзе нафаронро дидам, ки соли дуюм, ҳатто сеюм аст ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Алаккай таҷриба пайдо кардаанд, омодагиву ҷасораташон бештар шудааст.
-Аз пешрафти он гуфтед, лутфан аз камбуд ва норасоии он низ бигӯед.
– Камбуд ин аст, ки баъзе иштироккунандагон ба озмун яктарафа омодагӣ дидаанд. Масалан ба қисми назм бештар диққат додаанд, насрро сарфи назар карданд. Ҳол он ки дар китобхонаҳо дидам ба ифтихори озмун китобҳо бознашр шуданд. Шояд нархаш каме гарон аст, вале китоб вуҷуд дорад. Бештари камбуди иштирокдорон ҳамин аст, ки асарҳои насриро кам фаро гирифтанд.
-Шояд далелаш кам расидани китобҳои наср дар манотиқ аст?
– Дуруст аст. Дар ҳақиқат нашри китобҳо дар манотиқи дур хеле кам аст. Имрӯз теъдоди баланди китобҳои нашриётҳои мо 5000 аст. Ин адад барои хонандаи 3-4 миллион кам аст. Имсол узви доварон дар ноҳияи Рашт будам. Мушкили аслии онҳо дар ҳақиқат норасоии китобҳост, хусусан асарҳои насрӣ. Онҳо китобҳоеро дастрас намуда, ба мутолиа пардохтаанд, ки тавассути лоиҳаи “Биёед бо ҳам бихонем” нашр шудаанд. Дар ин лоиҳа нависандаҳои касбӣ қариб нестанд. Баъзеҳо барои таҷрибаву омӯзиш пайдо кардан менависанд. Лоиҳаи мазкур китобҳои онҳоро бо шуморагони 20,000 нусха чоп кардаанд.
Нависандагони касбӣ ба ин лоиҳа ҷалб ва асарҳояшон ба ҳамон теъдод мунташир мешуд, ба манфиати кор буд.
– Довталабоне ҳам буданд, ки дониши кофӣ надоштанд?
– Буданд, аммо камтар. Шояд дар ҳар зина як ё ду кас буд. Мо дар ҳайрат мемондем, ки то даври ҷумҳуриявӣ чӣ гуна расиданд.
– Сатҳи дониши довталабон шуморо қонеъ мекунад?
– Бале. Муҳим нест кадом мавқеъро ишғол менамоянд, ҷои аввал ё дигар. Ҷо нагирифта бошанд ҳам муваффақ ҳастанд, чун омӯхтааст, хеле чизҳоро аз бар кардааст. Бинобарин аз талошу заҳматашон қаноатманд ва мувофиқи донишашон баҳо медиҳем.
-Барои солҳои баъд чӣ тавсия доред?
Соли сеюм аст, ки аъзои ҳакамон ҳастам. Охири ҳар сол мо аъзои ҳакамон андешаҳоямонро менависем, фикрҳои ҳамдигарро мешунавем ва пешниҳод мекунем, ки соли баъдӣ чӣ гуна бигузарад. Масалан чанд сол пеш хонандаҳои мактаб аз синфи 1 то 11 як зина буд. Бо пешниҳоди аъзои доварон онҳоро зинабандӣ карданд, ки хеле хуб шуд.
Сол ба сол шумори китобхонҳо зиёд шудааст. Ин бахти мост, ки тавонистем мардумро китобхон кунем.
-Мардумро чӣ гуна китобхон кунем, ки на барои озмун ва ҷоиза китоб бихонанд?
– Агар дар ёд дошта бошед Пешвои миллат дар як вохӯрияшон бо аҳли зиё гуфтанд ки шумо роҳашро ёбед, ки сафи китобхонҳову донишмандонро зиёд кунем. Як роҳи китобхон кардани мардум ҳавасманд кардан аст. Таълимро дар мактабҳо ҷиддӣ ба роҳ мондан даркор. Мактабҳоро бо муаллимони босавод, бомаҳорат таъмин намоем. Ягона роҳ ҳамин аст. Муаллими хуб хоҳед нахоҳед дар як синф 10-12 нафарро метавонад босавод кунад.
– Озмун озмун аст, беҳтаринҳо муайян мешаванд. Аммо вақте бача заҳмат кашида китоб мехонад ва ҷойи намоёнро сазовор намегардад, аз китобхонӣ дилсард намешавад?
– Шояд. Ин аниқ аст. Бе ин намешавад. Дар ҳолате, ки аз ҷоиза бенасиб мемонад, каме таъсири манфӣ мерасонад. Аммо мебинем, ки се- чор бор аз даври ҷумҳуриявӣ ҷой нагирифтанд, сатҳи донишашонро бештар карда, боз омаданд. Чункӣ нафаре, китоб хондааст, дар зеҳнаш донишашро нигоҳ медорад, захира мекунад. Ӯ хеле чизҳоро омӯхтааст, ки дар оянда ба кор меравад. Дар захира, ки дониш дошта бошед, даркор мешавад-ку. Барои мо доварон бисёр сахт аст муайян кардан. Мо нисбат медиҳем, мебинем, сабт мекунем, кӣ, дар куҷо, чӣ бартарӣ дошту чӣ камбудӣ. Аз рӯи ҳамон маълум мешавад.
-Киҳо бештар фаъол буданд: духтарон ё писарон?
— Аксарияти иштирокдорон духтаронанд. Онҳо ширкати беҳтар ва фаъолтар доштанд. Далелаш он аст, ки духтарҳо бештар дар хона фарогир ҳастанд, ба гапи падару модар бештар гӯш меандозанд. Писарҳо хоҳед нахоҳед, вақти бештарашон дар берун мегузарад.
Суҳбати Раҳима БОБОЕВА.