Ҳабибулло Раҷабов: “Санъати Ҳиндустон”
Рисолаи «Санъати Ҳиндустон», ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба нашрр расидааст, ҳамчун дастури таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ аз фанни «Санъати Ҳиндустон» барои донишҷўёни мактабҳои олӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба санъати мардуми Шарқ таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод шудааст.
Ин рисола бо қарори Шурои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 26.06.2023, № 10 ба чоп тавсия шудааст.
Муаллиф дар муқаддимаи китоб аз ҷумла овардааст, ки Ҳиндустон дар ҷаҳон аз лиҳози шумораи аҳолӣ пас аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷои дуюм меистад. Мутобиқи маълумотҳои омории моҳи марти соли 2022, аҳолии Ҳиндустон ба 1 415 320 083 нафар расидааст. Агар боз ин далелро ҳам ба эътибор гирем, ки дар ин мамлакат садҳо забонҳо дар истифода ҳастанд ва соҳибони онҳо қавмҳои гуногун мебошанд, инчунин ёдовар шавем, ки дар ин мамлакат динҳои зиёд, аз ҷумла динҳои ҳиндуя, ислом, ҷайния, буддоӣ, масеҳӣ ва сикҳӣ бо қоидаву қонун ва расму муқаррароти хоси худ арзи вуҷуд доранд, он гоҳ худ ба худ саволе пайдо мешавад, ки магар соҳибони ин забонҳо ва динҳо ба ғайр аз он санъате, ки ифодакунандаи санъати тамоми Ҳиндустон мебошад, магар санъати хоси худро надоранд?
Албатта, доранд ва агар мо роҷеъ ба ҳар яке аз ин забонҳову динҳо, ё музофотҳои ҷудогона чанд сухане гуфтанӣ бошему кореро дар чорчўбаи ба санъат марбут буда ба анҷом расондан хоҳем, пас ҳатман бисёр чизҳоро, ки гўё бароямон то имрўз норавшан буданд, кашф мекунем ва мебинем, ки ҳамаи намудҳои санъати қавмҳои гуногуни Ҳиндустон ҳар кадом бо ягон хусусияти ба худ хос фарқ мекунанд ва хулоса мешавад, ки бешак, ин ният навиштани кори мукаммалтар ва таҳлили васеътарро тақозо мекунад. Лекин бо вуҷуди ин пинҳон намемонад, ки новобаста аз забонҳову динҳои гуногун боз санъати Ҳиндустон хусусиятҳое дорад, ки хоси тамоми Ҳиндустон аст. Дар санъати умумиҳиндустонӣ омехтаҳое дида мешавад, ки асрҳо онҳо барои якпорчагии Ҳиндустон нақши муҳим бозидаанд ва то андозае дар баъзе мавридҳо ба якдигар таъсир расонда, хусусиятҳои санъати якдигарро ғанитар гардондаанд.
Ҳамин тариқ, мебинем, ки санъати Ҳиндустон миёни қавмҳои гуногун, ҳам шаклҳои фарқкунанда дораду ҳам шаклҳои умумиҳиндустонӣ. Барои хориҷиён ҳар навъ санъате, ки муталлиқ ба Ҳиндустон бошад, новобаста аз он, ки аслан он ба кадом қавми ин мамлакат бештар дахл дорад, ҳиндустонӣ номида мешавад. Маҳз ҳамин хусусияти умумиҳиндустонӣ доштан дар муттаҳид шудану дар муттаҳидии қавӣ нигоҳ доштани қавмҳои гуногуну табақаҳои гуногуну соҳибони динҳои гуногун нақши муҳим мебозад.
Дар замони нав, тавре ҳар рўз мушоҳида мешавад, қувваҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки ба хотири ҳадафҳои зиддиисонии худ дар кишварҳои гуногун аз гуногунзабониву гуногундинии қавмҳои як мамлакати ором истифода бурда, барои пора кардани онҳо низоъҳои пурдаҳшатро ба вуҷуд меоранд. Дар чунин ҳолатҳо соҳибони ақлу хиради комил кўшиш мекунанд ба воситаи адабу фарҳанг мардумро аз ҳар навъ ситеза, бадбинӣ ва ҷудошавию пора шудан раҳо диҳанд ва роҳҳеро пешниҳод мекунанд, ки поёнаш ободӣ, амонӣ ва инкишофест роҳатбахш, на тирарўзиву дунёсўзиву мардумозорӣ.
Дар ҳар мавриде ва дар ҳар куҷое чун сухан аз санъати Ҳиндустон ва хусусиятҳои хоси он равад, ҳатман масъалае пайдо мешавад, ки он ба фарогири санъати меъморӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, кандакорӣ, санъати кино, рақс, суруд ва санъати театрӣ вобаста аст. Ба ғайр аз санъати кино ҳамаи дигар навъҳои санъатро дар Ҳиндустон оғоз аз замонҳои қадим аст, ки дар давоми ҳазорсолаҳо инкишоф ёфта, беҳтарин шаклу мазмун гирифта, ҳар кадом асрори зебоӣ ва таъсирбахши худро нигоҳ доштаанд. Аз ин хотир мо ҳамин паҳлуи ин масаларо дар назар дошта, ҳамон нуқтаҳоеро дар ин кор зикр мекунем, ки дар таърихи фарҳанги Ҳиндустон нақши муҳим доранд. Ин ҳам бошад ба шакли ниҳоят фишурда дода мешавад, зеро саҳифаҳои бисёр ғании таърихи санъати Ҳиндустонро, ки шуҳрати ҷаҳонӣ гирифтааст, дар андак гуфтан ва ё дар андак ҳаҷм ҷой додан имконопазир аст.
Рисолаи «Санъати Ҳиндустон», ки ҳамчун дастури таълимии курси махсус оид ба санъати Ҳиндустон ҳадаф дорад, барои шогирдон дар кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Доишгоҳи миллии Тоҷикистон баробар ба дигар фанҳои ба кишваршиносӣ таалуқ доранд, пешниҳод мешавад…
Рисолаи “Санъати Ҳиндустон” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад ва хоҳишмандон метавоннад онро дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба осонӣ пайдо кунанд.
Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.
Теги: адабиёт доир ба фарҳанг