Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ – ихтироъгари сози “шоҳрӯд”
Ҳаким Абӯҳафс ибни Аҳвас, соли таваллуд 781, Самарқанд, соли вафот 832. Шоир, навозанда, мусиқидони тоҷик-форс. Асосҳои илму донишро дар Самарқанд омӯхта, ба шеъру мусиқӣ завқи хоса дошта, дар навохтани созҳои мусиқӣ (ихтирои сози «шоҳрӯд»-ро ба ӯ нисбат додаанд), эҷоди таронаҳои гуногунмавзуъ истеъдоди хоса зоҳир намудааст. Ӯро аз аввалин таронасароён дар шеъри дарӣ-форсӣ (нав) шумориданд.
Дар рушди марҳалаи нави жанру шаклҳои шеърию мусиқӣ (суруд, тарона)саҳм гузоштааст. Бинобар ба эътирофи Абунасри Форобӣ, Шамси Қайси Розӣ Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ дар мусиқии созии замонааш ихтирооти зиёд дошта ва сози «шоҳруд»-ро ба ҳаёти мусиқӣ ворид менамояд.
Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ дар илми забоншиносӣ (вожашиносӣ) хам даст дошта ва «Фарҳанги Абуҳавсӣ»-ро ба ӯ нисбат медиҳанд. Шеърро (суруд) некӯ мегуфта ва то имрӯз танҳо чанд байт аз осораш боқӣ монда:
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо;
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо.
Ад.: Мирзоев А. Рудакӣ, М., 1958;
Нафисӣ С. Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ, Теҳрон, 1337;
Абӯнасри Форобӣ, Китоб-ал-мусиқӣ-ал-кабир, Қоҳира, 1956;
Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душ., 2000;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.
Алибегии Танбӯрӣ
(Алибекӣ, тав. 848, Бухоро, ваф. 910, Бухоро), сароянда, навозанда, мусанниф (оҳангсоз), аз намояндагони машҳури мактаби классикии замони Сомониён буда, асосҳои назарию амалии мусиқиро зери сарпарастии Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Сарахсӣ омӯхтааст.
Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиғони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд.
Дар сабки овозхонӣ ба хонандагону навозандагон Абуамир, Мударники Ноӣ, Исои Барбатӣ, Ҳобони Ноӣ иродат намуда, дар иҷрою таҳияи достонҳои ҳамосию таърихӣ, қасида (патвожа), манзумаҳои мадҳиявӣ истеъдоди хоса доштааст.
Дар равиши иҷроии танбӯри хуросонӣ сабки нави иҷроиро ворид намуда, дар сохти пардавии ин соз пардаи 19-ро бо номи «нашид» зам кардааст. Дар танбӯри мовароуннаҳрӣ ҳам ихтироъоте дошта ва аҳли созу овоз ӯро «танбурнаво», «танбӯрӣ» ном мебурданд.
Адабиёт: Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душ., 2000;
Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, 1, Душ., 1988.
МАНБАЪ: “Донишномаи Шашмақом”. Душанбе, соли 2009.
Китоби мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад) зери назари донишманди маъруфти тоҷик Кароматулло Олимов нашр шудааст.
Хоҳишмандон метавонад бо ин китоб дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Таҳияи Руҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.