Қабули китоб ва усули ҷобаҷонамоии он дар китобхонаи миллӣ

Ҳар гоҳ сухан аз китобу китобдорӣ ва китобхонӣ меравад, дӯстон ва рафиқон пурсон мешаванд, ки дар Китобхонаи миллӣ мо кадом корҳоро анҷом медиҳем. Дар воқеъ фаъолияти китобдорӣ дар андешаи баъзе аз дӯстон ва азизон касби хеле пурмасъул ва пурмашаққат акс меёбад, ки дуруст ҳам ҳаст, аммо баъзе аз дигар наздикон ба мо муроҷиат мекунанд, ки оё шумо ба ҷузъ пешниҳоди адабиёт ба хонанда, ки кори мушкиле нест, кадом амали дигарро анҷом медиҳед. Баъзеҳо ҳатто ба ин андешаанд, ки китобхона гӯё макони китобфурӯшӣ ҳам ҳаст.

Бале, дар тобеияти баъзе аз китобхонаҳои машҳури олам мағозаҳои азими китобфурӯшӣ амал мекунад, ки онҳо дар ҷойҳои дигар ва тамоман аз ҷойи китобхонӣ берун буда, дар алоҳидагӣ фаъолият мебаранд. Лекин дар дохили китобхона (манзур фонди асосӣ) китобҳо фурӯхта намешаванд ва онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, “фалону бесмадон китобро доред, мо бихарем” бояд надонанд, ки китобхона танҳо макони китобхонӣ асту бас!

Ҳарчанд китобхонаҳо сари ҳар вақт адабиёти барои доираи васеи хонандагон лозимиро харидорӣ мекунад, вале ҳеҷ гоҳ китоберо аз фонди худ ба фурӯш нагузоштаву намегузорад. Умуман, китобхонаҳо макони китобфурӯшӣ нест, танҳо ҷойи мутолиа аст.

Каме аз мавзуъ берун баромадем, мо мехостем дар ин нигошта аз тарзи кори худ, усули нигоҳдорӣ ва коркарди адабиёт каме ҳарф занем. Ин нигошта шояд ба баъзе ашхос муайян намояд, ки мо китобдорон дар китобхона кадом корҳоро анҷом мебахшем.

То он даме, ки китоб ба дасти хонанда мерасад, чандин зинаҳое ҳастанд, ки адабиёт аз он гузаронида мешавад ва баъдан ба фонди умумӣ интиқол меёбад. Яъне, китоб, ки ба китобхона ворид шуд, ҳатман аз феҳристи мураттабии китобхона китобдор онро месанҷад, ин санҷиш ба хотири муайян намудани нусхаи китоб аст, ин амалкард барои он ба роҳ монда мешавад, ки аз китоби воридшуда оё дар фонди умумӣ чанд шумора бо кадом рақам вуҷуд дорад, ё ин ки агар вуҷуд дошта бошад, дар кадом бахшҳо нигоҳдорӣ мешавад. Баъдан, китобдор ба қисмати дигари такмили адабиёт мегузарад, ки аз   рақамгузорӣ, муҳрмонӣ, барганависӣ ва бақайдгирӣ дар китоби махсус, ки онро дафтари инвентарӣ низ мегӯянд, дарҷ менамояд.

Тамоми фонди китобхона ба як низоми муайян дар дафтари инвентарӣ қайд карда мешавад ва шумораи фонди умумии китобхонаҳо маҳз аз он муайян карда мешаванд. Баъд аз такмили китоб, он ба шуъбаи коркард бурда мешавад ва ин шуъба дар навбати худ барои феҳристи умумии китобхона ва феҳристи генералӣ, ки махсуси ин шуъба аст, барга таҳия менамояд. Аз рӯйи баргаҳои таҳияшуда, дархости хонанда иҷро мегардад ва ҳоло дар Китобхонаи миллӣ ба ҷойи феҳристи анъанавӣ барномаи махсуси электронинамоии феҳрист бо маром идома дорад, ки онро “АЛИФ” меноманд.

Дар бораи барномаи “АЛИФ”, ки системаи электронии феҳристи китобхонаро таъмин менамояд, маълумоти муфассал ироа хоҳам кард.

Ҳоло мегузарем ба идомаи мукаммалгардонии адабиёт идома мебахшем. Баъд аз коркарди китоб, он ба шуъба, бахш ва марказҳои китобхона интиқол дода мешавад. Яъне дар заминаи такмилу коркарди адабиёт, шуъбаи нигоҳдории китоб (масъули асосии фонднигоҳдорӣ дар Китобхонаи миллӣ аст) муваззаф аст, ки ҳама китобҳои ба бахшҳои китобхона тақсимшавандаро дар феҳристи махсуси дохилии худ ба қайд гирад ва ба кадом сохтори китоб таалуқ доштани китобро дар феҳрист ишора намояд. Ин амалкард ба хотири он гирифта мешавад, ки тамоми дархости хонанда ба воситаи шуъбаи нигоҳдории китоб иҷро карда мешавад ва дар сурати банд будани китобҳои ин шуъба, онҳо водор мешаванд, ки хонандаро ба сохторҳои дигар китобхона, ки нусхаи адабиёти дархостшуда дар он ҳифз мешавад, равона созад.

Дар навбати худ, ҳангоми қабули адабиёт  кормандони шуъбаи нигоҳдории китоб барои феҳристи дохилии шуъбаи худ барга навишта, аз ҳар як масъули бахш, шуъба ва марказҳои китобхона ҳангоми супоридани адабиёт имзои онҳоро мегиранд. Албатта, феҳристи шуъбаи нигоҳдории китоб махсус барои танзимоти дохилӣ буда, дар истифодаи умум қарор дода намешавад. Дар видеое, ки гузошта мешавад, тарзи қабул ва имзогузорӣ дар баргаи китоб нишон дода шудааст.

Умуман, фаъолияти китобдорӣ аз назокату фасоҳати ихтисосии худ ҷузъҳои бисёр сареҳеро доро мебошад, ки дар сурати вайрон кардани як қоида, он метавонад сатҳи хизматрасониро дар китобхона коста гардонад ва хонандаро ноумед созад.

Махсусан дар видеое, ки барои бинанда айни ҳол пешниҳод мегардад, тарзи қабул ва ҷобаҷогузории адабиёт дар фонди шуъбаи депозитарии Китобхона мебошад, ки инъикоси фаъолияти моро бараъло рӯшан менамояд.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ аз зурмаи фонднигоҳдорандае мебошад, ки дар махзани он китобҳои камъистифода, камёфт, аз нигоҳи мазмуну муҳтаво нодир ва арзишманд нигоҳдорӣ мешавад. Шуъба махсус барои пажӯҳандагон ва донишмандону мутахассисони варзида нигаронида шудааст ва фонди он низ махсус барои илмомӯзон мебошад. Чунки китобҳои шуъбаи депозитарӣ мазмунан куҳна буда, қиммати баланди илмӣ доранд.

Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сардори шуъбаи депозитарии
Китобхонаи
миллӣ