Абумансури Муваффақ – дорушиноси маъруфи тоҷики садаи 11-ум

Абумансури Муваффақ Абумансури Муваффақ ибни Алии Ҳиравӣ, табиб ва дорушиноси тоҷик (а. 11). Ном ва таълифоти Абумансури Муваффақро ҳеҷ як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти Абумансури Муваффақро арзёбӣ кард, асари ў “Ал-Абния ан ҳақоиқ-ил-адвия” аст. Он аз хусуси адвияи муфрада ва хасоиси онҳо баҳс мекунад.

Абумансури Муваффақ худ дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки расоили ҳакимони пешин ва олимону табибонро ҷустуҷў карда, “дар адвияву ағзияи муфрад ва … кирдори ҳар доруе ва манфиатҳову мазаррат ҳояш” ба тааммул нигариста, аз Буқрот, Ҷолинус, Дисқуридус, Ибни Раббани Табарӣ, Ҳусайн ибни Исҳоқ, Собит ибни Қурра, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Синон ибни Собит ва Мусо ибни Синон нақли қавл кардааст”.

Ин асар соли 1056 таълиф ёфтааст. Муаллиф дар он 585 навъи доруворро мавриди тадқиқ қарор додааст. Абумансури Муваффақ дар фаъолияти хеш шеваи кори пизишкони ҳиндӣ ва назариёти онҳоро беҳтар меписандидааст, зеро, ба ибораи худи вай, “дору он ҷо бештар аст ва ақоқир он ҷо тезтару хуштар ва ҳиммати он мардумон ба истиқсо андар ҳикмат болиғтар аст”.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2011. – Ҷ.1. – С. 91.

Муаллиф: А. Ҳасанов.

Таҳияи Мунаввара Азизова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ