Абунасри Абузайд

Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум – қатл баҳори 997), котиб ва вазири дарбори Оли Сомон дар аҳди амир Нуҳ ибни Мансур. Абунасри Абузайд дар даврони ҳукумати амир Нуҳ ду бор вазир таъйин шудааст: бори аввал дар соли 990 пас аз азли Абуалии Домғонӣ, вале ин давраи вазири дер давом накардааст. Сипас пас аз рамазони соли 996 бо мусоидати Носируддин Сабуктегин бори дуюм ба мансаби вазирӣ расидааст.

Вазири нав барои ба эътидол ва истиқрор овардани вазъи парешони кишвар кӯшишҳо кардааст. Дар иҷрои ин вазифа таърихнависони давр ӯро барои фазилатҳои хуҷаставу сифатҳои ҳамида, кордонию соҳибтадбириаш тавсиф кардаанд. Аз ҷумла Муншии Кирмонӣ дар китобаш “Насоим-ул-асҳор мин латоим-ул-ахбор” дар ин бора чунин нигоштааст: “Ва ӯ бо фунуни хисоли ҳамида ва одоби мурзия мутарашшеҳи (таровишкунандаи) мансаби вазорат ва дар фазлу ҳунар ва дар сахову ато беҳамолу (бешарик) қаринбуд…”

Вале, мутаассифона, вазирии Абунасри Абузайд ин дафъа низ дер накашид ва ӯ ба дасти ғуломонаш ба қатл расид.

Ду мадҳияи шоири зуллисонайни охирҳои аҳди Сомониён – Абулфатҳи Дӯстӣ дар ҳақи Абунасри Абузайд дар “Таърихи Яминӣ”Абунасри Утбӣ сабт ёфтаанд.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 94.
Муаллиф: С. Абдуллоев., Н. Зоҳидов.

Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.