Абурайҳон Берунӣ аз нигоҳи устод Бертелс

Абурайҳон Берунӣ аз нигоҳи устод БертелсДар асарҳои Берунӣ андешаҳое меёбем, ки гувоҳи тезҳушӣ ва зиракии беҳамтои ин донишманд аст. Берунӣ ба рағми андешаи густарда дар он рўзгор, ки Парвардигор заминро аз ҳамон оғоз ба ҳамин гуна, ки акнун ҳаст офаридааст, мегуфт, ки сатҳи замин намуди худро дигаргун сохта ва ҷое, ки акнун даштҳои беоб аст, рўзгоре амвоҷи хурўшони дарё будааст. Ў ҳамчунин кўшид то сабаби заминларзаро бо дигаргуние, ки дар қишри замин рух медиҳад, равшан созад.

***   ****   ****

БЕРУНӢ. Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ ҳам аз донишмандони бузурги ҳамон даврон будааст. Берунӣ дар моҳи зулҳиҷҷаи соли 362 (сентабри 362) дар яке аз ҷоҳои беруни Хоразм дида ба ҷаҳон гушуд (нисбати ӯ аз ҳамин ҷо, аз вожаи «берун», яъне берун аз шаҳр аст ва шояд ҳам чунонки И. Ю. Крачковский ёдовар шудааст, то андозае танз ҳам дар он бошад). Берунӣ риёзот, ахтаршиносӣ, пизишкӣ, воқеанигорӣ ва таърихро омӯхта буд ва бо Ибни Сино номанигорӣ дошт. Номи нахустин асари Берунӣ ҳамоно «Алосорулбоқия инал қурун улхолия» буд (Абурайҳон дар Гургон, ки чандин сол дар он ҷо дар дарбори Шамсулмаонии Қобус ибни Вашмагир ба сар бурда буд, ин китобро ба номи он подшоҳ навишт. С. Э.). Ин китоб асаре аст бузург дар бораи таърихчаи мардумони бостон ва дар он вижагии системҳои гуногун, гоҳномаҳо дода шуда, ҷашнҳои гуногуни бостон омада ва шарҳи одобу маросим вобаста ба онҳо нигошта шудааст. Донишмандон танҳо дар партави ҳамин китоб буд, ки тавонистаанд ба низоми печидаи гоҳномаҳои тираҳои куҳани мардумони эронӣ пай баранд. Бадбахтона то кунун аз ин китоби омӯзишӣ чунонки бояду шояд баҳрагирӣ нашудааст.

Берунӣ дар солҳои бистуми садаи ёздаҳуми тарсой аз зодгоҳаш Хоразм рафта, роҳи Ғазнинро барои расидан ба дарбори Султон Маҳмуд дар пеш гирифт. Овардаанд, ки ин донишманд ба хости Султон ба он ҷо рафта буд. Султон ӯро ҳамчун ахтаршиноси ботаҷриба ба ин умед, ки ӯ битавонад ояндаро пешбинӣ кунад, фаро хонда буд.

Низомии Арўзӣ дар бораи омадани Берунӣ ба Fазна чунин сухан мегўяд: «Овардаанд, ки Яминуддавла Султон Маҳмуд ибни Насриддин ба шаҳри Fазнин бар болои кушке дар чаҳор даре нишаста буд ба боғи «Ҳазор дарахт», рў ба Бўрайҳон кард ва гуфт: ман аз ин чаҳор дар аз кадом берун хоҳам рафт, ҳукм кун ва ихтиёри он бар порае коғаз бинавис ва дар зерниҳолии ман неҳ. Ва ин чаҳор дар роҳи гузар дошт, Бўрайҳон устурлоб хост ва иртифоъ бигирифт ва толеъ дуруст кард ва соате андеша намуд ва бар порае коғаз бинавишт ва дар зерниҳолӣ ниҳод. Маҳмуд гуфт: ҳукм кардӣ? Гуфт: кардам. Маҳмуд фармуд то канандаву тешаву бел оварданд, бар деворе, ки ҷониби машриқ аст, даре панҷумин биканданд ва аз он дар берун рафт ва гуфт он коғазпора биёварданд. Бўрайҳон бар вай навишта буд, ки аз ин чаҳор дар ҳеҷ берун нашавад. Бар девори машриқ даре кананд ва аз он дар берун шавад… Маҳмуд чун бихонд, тира гашт. Гуфт ўро бар миёни сарой фурў андозанд. Чунон карданд, магар ба боми миёнгин доме баста буд. Бўрайҳон бар он дом омад ва он дом бидарид ва оҳиста бар замин фуруд омад. Чунонки бар вай ошкор нашуд. Маҳмудро гуфт: «Эй худованд, дониста будам». Гуфт, далел ку?

Fуломро овоз дод ва тақвим аз ғулом бисутуд ва таҳвили хеш аз миёни тақвим берун кард. Дар аҳкоми он рўз навишта буд, маро аз ҷои баланд бияндозанд валекин ба саломат ба замин оям ва тандуруст бархезам. Ин сухан ҳам мувофиқи рои Маҳмуд наёмад, тиратар гашт, гуфт ўро ба қалъа баред ва боздоред ва ўро ба қалъаи Fазнин боздоштанд ва шаш моҳ дар он ҳабс бимонд. Овардаанд, ки дар ин шаш моҳ, кас ҳадиси Бўрайҳон пеши Маҳмуд ҷуръат накард бигўяд ва аз ғуломони ў як ғулом номзад буд, ки ўро хидмат ҳамекард ва бо ҳоҷати ў берун ҳамешуд ва дармеомад. Рўзе ин ғулом бар сари марғзори Fазнин мегашт, фолгўе ўро бихонд ва гуфт: «Дар толеи ту чанд сухан гуфтанӣ ҳамебинам, ҳадяе бидеҳ то туро бигўям». Fулом дираме бад-ў дод. Фолгўй гуфт: «Азизе аз ту дар ранҷ аст. Аз имрўз то се рўзи дигар аз он ранҷ халос ёбад ва хилъату ташриф пўшад ва боз азизу мукаррам гардад».

Fуломак ҳамерафт то ба қалъа ва дар замон башорати он ҳодисаро бо хоҷа бигуфт. Бўрайҳонро ханда омад ва гуфт: «Эй аблаҳ, надонӣ, ки ба чунин ҷойҳо набояд истод, ду дирам ба бод додӣ». Гўянд хоҷаи бузург Ҳасан Аҳмади Маймандӣ дар ин шаш моҳ фурсат ҳаметалабид, то ҳадиси Бурайҳон бигўяд, охир дар шикоргоҳ Султонро хуштабъ ёфт. Суханро гардон-гардон то меовард бар илми нуҷум. Он гоҳ гуфт: «Бечора Бўрайҳон, ки чунон ду ҳукм бад-он некуӣ бикард ва бадали хилъат ва ташриф, банду зиндон ёфт».

Маҳмуд гуфт: «Хоҷа бидонад, ки ман ин донистаам ва мегўянд ин мардро дар олам назир нест, магар Бўалии Сино. Лекин ҳарду ҳукмаш бар хилофи ройи ман буд ва подшоҳон чун кўдаки хурд бошанд, сухан бар вақфи ройи эшон бояд гуфт, то аз ишон баҳраманд бошанд. Он рўз, ки он ду ҳукм бикард, агар он ду ҳукми ў яке хато шудӣ беҳ афтодӣ ўро. Фардо бифармой то ўро берун оранд ва асбу зару ҷабҳаи маликӣ ва дастори қасаб ба ў диҳанд ва ҳазор динор ва ғуломеву канизе».

Ин достон менамояд, ки дигар дар садаи дувоздаҳуми масеҳӣ Беруниро гунаи эъҷозгар бармешумурданд. Пайдост, ки ҳамагон бар сангдилӣ ва булҳавасии Султон огоҳанд, бо ин ҳама душвор битавон ин достони сохтагиро бовар кард. Бегумон Берунӣ наметавонистааст чунин пешгўии хандаоваре карда бошад. Ў дар корҳои худ перомуни ахтаршиносӣ борҳо сухан аз ин гуфта аст, ки пешбинии нуҷумӣ имконпазир нест ва ёдовар шудааст, ки донишманди ростин дар беҳтарин сурат метавонад дигаргунии ҳаворо пешбинӣ кунад ва бас. Берунӣ мебоист ангезае барои хидматгузории Маҳмуд дошта дошад. Бадиҳӣ аст, ки имкони дарёфти музде кушоддастона, ки шойстагии онро Султон дар ҳама ҷо мегустаронид, наметавонистааст ўро ба худ бикашонад.

Берунӣ мекўшид ба Ҳинд бияфтад, то чисторҳое барои корҳои ояндааш гирд оварад. Барои ин кор ў ба ҳама гуна аз худгузаштагиву қурбонӣ ва ҳатто хатари ҳавлнок ба сар бурдан дар назди худкомаи булҳавас омода буд. Он чи ки ў мехост, барояш пиндор ва сароб буд. Берунӣ ба Ҳинд расид, яъне бо лашкаркашиҳои истилогаронаи Султон Маҳмуд ба Ҳинд рафт ва бароянди диданиҳои худро дар китоби бузург, ки тарафҳои гуногуни фарҳанг, адабиёт, дин ва фалсафаи Ҳиндро мўшикофона баррасӣ кардааст,  нашр намуд. Ин китоб сарчашмаест гаронбаҳо, ки дар он чисторҳои бисёр омадааст, ки дар дигар асарҳо нест.

Берунӣ пас аз ба поён расонидани ин асар, ҳамчунон дар Ғазнин мезиста, ҳамаи неруи худро ба корҳои илмӣ медодааст. Ў дар ҳамин солҳо китобҳое дар бораи ҳандаса, ҳисоб, ахтаршиносӣ, коншиносӣ, пизишкӣ ва ҷуз инҳо навиштааст. Дар асарҳои Берунӣ андешаҳое меёбем, ки гувоҳи тезҳушӣ ва зиракии беҳамтои ин донишманд аст. Берунӣ ба рағми андешаи густарда дар он рўзгор, ки Парвардигор заминро аз ҳамон оғоз ба ҳамин гуна, ки акнун ҳаст офаридааст, мегуфт, ки сатҳи замин намуди худро дигаргун сохта ва ҷое, ки акнун даштҳои беоб аст, рўзгоре амвоҷи хурўшони дарё будааст. Ў ҳамчунин кўшид то сабаби заминларзаро бо дигаргуние, ки дар қишри замин рух медиҳад, равшан созад.

Дархўри нигариш аст, ки Берунӣ ҳам ҳамонанди Ибни Сино ба густариши донистаниҳои илмӣ дар миёни мардум аҳамияте бузург медод ва ҳамроҳ бо пажўҳишҳои жарфи илмӣ, асарҳое дар бораи ахтаршиносӣ ва дигар улуми дақиқа барои тўдаи мардум менавишт. Бо он ки забони модарии ин донишманд хоразмӣ (Забони хоразмӣ – дар ҳисоби забонҳои бостонӣ шуморида мешавад, ки дар байни халқи давлати бостонии Хоразм истифода бурда мешуд. Ин забон яке аз забонҳои эронӣ буда дар зергурӯҳи забонҳои ҳинду-эронӣ ҷой гирифта ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад) буд, аммо бо огоҳӣ аз густариши андаки ин забон, ҳамаи корҳои бузурги худро ба забони илмии он рўзгор-арабӣ менавишт ва менамояд, ки асарҳои вижаи тўдаи мардумро ба забони порсии дарӣ навишта бошад.

Марги Берунӣ дар савуми раҷаби 440 (сездаҳуми декабри соли 1048) дар Fазна рух додааст.

 ***   ****   ****

Ин як пора аз пажӯҳиши донишманди варзида, академик Евгений Эдуардович Бертелс дар бораи Абуалӣ ибни Сино буд, ки дар китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” чоп шудааст.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”