Адабиёти ҷаҳон. Ҷуброн Халил Ҷуброн. «Девона»

Ҷуброн Халил Ҷуброн ҳамчун нависандаи навовар, рассоми мониқалам, орифу файласуфи хирадманд ва шоири муборизи озодипарасти дунёи араб маъруф аст.

         Ӯ соли 1883 милодӣ дар деҳаи кӯҳистони Башарреи Лубнон таваллуд шуд. Падари ӯ Халил марди қиморбоз, майхора, бемасъулият ва тундмизоҷ буд, ки бо ҷурми дуздӣ маҳбус гардид. Вале баръакси падар модараш Комила Раҳма- духтари кашиши морунӣ – соҳиби хату савод ва зани ботақвою кордоне буд, ки дар таълиму тарбияи Ҷуброн таъсири беандоза дошт.

         Аз ин рӯ, Ҷуброн дар панҷсолагӣ ба мактаб рафт ва хондану навиштанро ёд гирифт. Дар баробари ин, аз кашиши деҳа низ аҳкоми дини масеҳиро меомӯхт ва сатҳи забондонии арабии худро такмил медод. Тибқи андешаҳои муҳаққиқони аҳвол ва осори нависанда «кӯдаке дарунгаро, рӯъёӣ ва тезбину тезҳуш» буд, ҳарчанд дар оилаи нодоре ба камол мерасид. Ин меҳру муҳаббати беандоза ба зодгоҳ баъдҳо дар осори ӯ бо насофату назокати баланд тасвир мегардад.

         Даҳсола буд бо бачаҳои ҳамсинну солаш ба доманакӯҳҳои атрофи деҳааш ба тамошо рафт, тасодуфан аз болои ҷарӣ афтида, шонаи чапаш шикаст, ки аз дарди он то поёнии ҳаёташ азият  мекашид. Ҷубронро чандин рӯз дар салиб барои ба ҳам часпидани устухони шикаста бастанд, ки ин ҳодиса маслуб  шудани Масеҳоро ба ёд меорад. Адиб ин лаҳзаи зиндагии худро бо эҳтиром дар навиштаҳояш, аз ҷумла дар қиссаи «Девона» чунин тасвир намудааст:

         «Ман ба мардум хитоб карда фарёд задам: «Мехоҳам маслуб шавам»

Онҳо гуфтанд: «Чаро хуни ту дар гардани мо биафтад?»

Посух додам: «Пас чӣ гуна мехоҳед машъуф шавед. Ҷуз бо маслуб кардани девона?»

Онҳо пазируфтанд ва ман маслуб шудам. Маслуб шудан маро ором кард…».

Ин лаҳзаро дар шеъри «Маслуб» ба гунаи дигар ба риштаи қалам кашидааст:

                Рӯи тахта шонаи чапам шикаста,

                Дасту поям бо расан муҳкам бибаста.

                Дард рӯҳи саркашамро мефишорад,

                Дил мадораш меравад чун мавҷи хаста.

                Дасту поям мехкорӣ инак –

                Ҳам шабеҳи пайкари шахшуда маслуб.

                Ишқ варзидан баҳори зиндагонист.

                Дар ҷавонӣ бо Худо будан чи матлуб.

                                     (Тарҷумаи муаллифи мақола)

Дар ибтидои асри бист дар кишварҳои арабӣ таомуле расм шуда буд, ки барои ҷустани қути лоямут ва дарёфти зиндагии беҳтар мардуми миёнаҳол ва нодор ба Амрико ҳиҷрат мекарданд. Модари пурталошу серҳаракати Ҷуброн низ тасмим  гирифт, ки ба муҳоҷират равад. Дар ин асно падараш аз маҳсаб озод гардид, вале дар зодгоҳ зиндагӣ карданро авло донист. Азбаски тасмими модари Ҷуброн қатъӣ буд ва аҳли оила ба ғайр аз падар соли 1895 ба шаҳри Бостони Амрико омаданд. Дар ин айём  Ҷуброн 12 сола буд. Модараш шабона дӯзандагӣ мекард, рӯзона ба корҳои савдо машғул мешуд. Бародари калонӣ Бутрус, ки бо Ҷуброн падарҷудо буд,  низ коре пайдо кард, то вазъи моливу иҷтимоии хонаводаро беҳтар  намояд.

Азбаски Ҷуброн ба илму дониш ва хондану навиштан рағбати беандоза дошт, бо ташвиқи бевоситаи модараш ба мактаб рафт. Ҳангоми сабти номаш дар мактаб ғалати имлоӣ роҳ ёфта, шакли Ⱪаҳлил Гибронро гирифт. Ҳарчанд баъдан барои ислоҳи он кӯшиши зиёд кард, вале натиҷа набахшид.

Ҷуброн дар мактаб ба омӯхтани забону адабиёти инглисӣ ва рассомӣ машғул шуд, ки муаллимонаш бештар ба ҳунари мусаввирии ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Аз ин рӯ, рассоми машҳури амрикоӣ Фард Голанд Дей ба ҳунари расмкашии ӯ баҳои баланд дод, ки минбаъд Ҷуброн ҳунарашро такмил бахшида, тасвирҳои зебое офарид.

Мудирияти мактаб ҳунару истеъдоди фитрии ин хонандаи босаводро ба инобат гирифта, барои идомаи таҳсилаш дар Бейрут маблағ ҷудо намуд. Ӯ  соли 1889 бо мақсади такмил додани забони арабӣ ва омӯхтани амики адабиёти араб ба Бейрут омад ва дар  мактаби масеҳии «ал-Ҳикмат» дохил шуд.  Илова бар ин, забони фаронсавиро ба таври худомӯзӣ низ ёд гирифт. Шуғли  асосии Ҷуброн дар ин муддат омӯзиши  китоби Инҷил буд, ки он дар осори адабӣ ва рассомияш таъсири босазое дорад. Дар ин солҳо ҳамроҳи  падар ба гӯшаҳои гуногуни Лубнон сафар кард, ки аз як ҷониб  ба ҳамаҷониба омӯхтани забон, урфу одат ва фарҳанги мардуми араб имкон фароҳам овард ва аз сӯи дигар маҳорати  нависандагӣ ва ҳунари рассомияш такмил ёфт. Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ин давраи зиндагии нависанда дил бастанаш ба духтари ситорагарме мебошад, ки мусиқор буд. Аммо  расму  ойини ҳурофотӣ ва суннатҳои иҷтимоӣ ба издивоҷи онҳо монеъ шуданд. Тибқи ахбори баъзе аз муҳаққиқони шарқшинос Ҷуброн баъдан  бо зебосанамоне чун Жузефина, Мишлин ва Шарлотта Тайлер ҳамхона буд, вале бо онҳо низ  издивоҷ накард. Ин амр ба рӯҳи  саркашу озода, исёнгар ва эҳсоси нозуки адиб зарбаи сахт зад, ки  метавон ин муносибатҳои ғамангезро алайҳи расму суннатҳои кӯҳнаи  иртиҷоӣ ва зиддият бо нодориву гумномӣ шӯриш таъбир кард.

Соли 1901 ин шоири мубориз ҳамроҳи дӯсти адибу  рӯзноманигораш Юсуф Ҳувайк рӯзномаи арабии «ал-Манора»-ро таъсиси дод, ки аввалин сиёҳмашқҳои  рашъаи қалами Ҷуброн Халил Ҷуброн дар саҳифаҳои ин рӯзнома чоп шуданд. Ӯ сардабири ин рӯзнома буд.

Модараш бинобар даргузашти хоҳараш, ки ба бемории сил мубтало буд, ба номи Ҷуброн барқия фиристод. Ҷуброн бо расидани ин хабари нобаҳангом, соли 1902, пеш аз такмили дарсҳо ба Амрико баргашт. Баъди чанд моҳ бародараш Бутрус низ аз силдард вафот кард ва бадтар аз ҳама модараш дар ғами ин ду ҷигарбандаш обу адо шуда, ба бемории саратон гирифтор гардида, оқибат ҷон ба ҷонофарин супурд. Мусибатҳои паиҳам, яъне фавти модар, бародар ва хоҳараш ба Ҷуброн  низ таъсири сахт расонд. Вале адиб дар баробари ин шикастҳои зиндагӣ ба навиштани осори адабӣ ва рассомии худ идома медод, ки фалсафаи хоси худро дошт. Махсусан мусаввараҳои ӯ дар  зери таъсири фалсафаи китоби Инҷил офарида шудаанд, таваҷҷӯҳи бинандаро ба худ мекашанд. Ҷуброн расмҳои худро  дар намоишгоҳи рассомии шаҳри Бостон ба маърази тамошо гузошт, ки ба Мария Ҳаскел, ки воқеан зани сарватманд ва мудири мактаб буд, писанд омаданд. Баъдан ин зани меҳрубону хирадманд ба зиндагии Ҷуброн таҳаввулоти тоза ворид карда, ба фаъолияти ҳунариву адабии Ҷуброн такони ҷиддӣ бахшид. Мария Ҳаскел истеъдоду ҳунар ва нубуғи шоирӣ, нависандагӣ ва расомии Ҷубронро кашф карда, ӯро маҷбур сохт, ки асарҳои худро ба забони инглисӣ эҷод намояд. Ва худаш ба тасҳеҳу такмили ин осори адабӣ машғул шуда, зимнан Ҷубронро ҳамчун нависанда ва шоир ба муҳити адабии Амрико шинос кард, ки дар оянда барои дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохтани ӯ мусоидат намуд.

Барои ҷуброн кардани некиҳо ва ҳимоятҳои моддӣ Ҷуброн ба Мария, ки  аз ӯ 10 сол калон буд, пешниҳоди издивоҷ намуда, вале ҷавоби рад гирифт. Биноан, нависанда то охири умраш зиндагии муҷаррадона дошт ва аз худ насле  боқї нагузошт.

Аввалин навиштаҳои адабии Ҷуброн Халил Ҷуюброн дар соли 1902 бо  дастгирии бевоситаи Амин Ғариб- мудири рӯзномаи муҳоҷирони араб «ал- Муҳоҷир» оғоз ёфта, услуби нигориши насри Ҷуброн мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқон ва аҳли адаб қарор гирифт. Ва баъдан китобҳои «Мусиқӣ» (соли 1905), «Арӯсони марғзор» (соли 1906) ва «Рӯҳи саркаш» (соли 1907) чоп шуданд ва ӯро ҳамчун нависандаи навовар ба ҷаҳони араб ва муҳити адабии Амрико муаррифӣ карданд. Бояд гуфт, ки дар ду китоби охир нависанда дар бораи баъзе расму ойинҳои иртиҷоӣ, ҳурофотӣ ва шахшудаи суннати масеҳї изҳори ақида кард, ки роҳибону кашишони калисо ӯро мазаммат намуда, нусхаҳои зиёди китобҳояшро дар бозори Бейрут ба коми оташ кашиданд ва  муҳимтар аз ҳама барои  ба зодгоҳаш  омадан иҷозат надоданд. Вале баъдтар Ҷуброн Халил Ҷуброн дар осори худ  фалсафаи китоби Инҷилро ба шаклҳои мухталиф бозтоб дод, ки масеҳиён дар ситоиши нависанда, нақди осор ва ҳатто нашру тарҷумаи китобҳояш ҳиммат гумоштанд.

Ҷуброн Халил Ҷуброн соли 1908 ба Порис меояд ва аз муљасаммасози бузург Огюст Роден (1840-1917) ҳунари рассомӣ меомӯзад, инчунин аз осори адабӣ ва ҳунарии шоири англис Уилям Блейк (1752-1827) шоири англисӣ таъсир  мебардорад ва ба фалсафаи Фридрих Нитше (1844-1900) рӯ меорад. Хамзамон аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ Рим, Брюселл, Лондон дидан менамояд, ки ба ҷаҳонбинии ӯ таъсири ниҳоят зиёд гузошт.

Сипас соли 1912 аз сафари тӯлонии Аврупо ба шаҳри Ню-Йорк баргашта, биноеро ба иҷора гирифт, ки ҳаҷми бузурги он барои идома додани корҳои рассомияш мусоид буд ва ба ин хотир онро «савмаа» меномид. Баъди бозгашт ба Амрико ӯ қиссаи «Болҳои шикаста» (1912)-ро чоп кард, ки як қисми зиндагии шахсӣ, яъне ошиќонаи худ, инчунин зиддият бо расму ойини  хурофотӣ ва иртиҷоии замон, дифоъ аз ҳуқуқи занон, баробарҳуқуқии мардону занонро ба риштаи тасвир кашид.

Ҷуброн дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳони ҳаммаслакони худ аз истиқлолталабони пуршӯр ва муборизони роҳи озодии араб буд, ки бар зидди  империяи туркони усмонӣ, ки қаламрави зиёди кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Лубнон ва Сурия зери тасарруфи онҳо қарор дошт, бархест. Ҳатто эҳсоси ватанпарастиву ватандӯстияш чунон баланд буд, ки мехост ба Лубнон омада, ҳамчун сарбози қаторӣ бар зидди зулму истибдоди туркони усмонӣ мубориза барад. Вале  Мария Ҳаскел барои татбиқи ин ният шадидан муқобил баромад.

Соли 1914 байни ӯ ва шоираи фаластинӣ Май Зиёда, ки  дар Ⱪоҳира зиндагӣ мекард, мукотиботи адабӣ оғоз ва солҳои дароз идома ёфта, ба сурати китоби алоҳида низ интишор шудааст. Онҳо тавассути номаҳо ба ҳам ошиқ шуда буданд, вале якдигарро умуман надидаанд.

Бояд гуфт, ки нахустин китоби инглисии Ҷуброн бо номи «Девона» ҳанӯз соли 1918 чоп гардид, ки аз ҷониби матбуоти даврӣ хуш пазируфта шуд. Муҳаққиқону адабиётшиносони амрикоӣ ин асари  Ҷубронро бо навиштаҳои фалсафию адабӣ ва рассомии Уилям Блейк муқоиса карданд, ки дар он таъсири фалсафаи  Нитше низ ба назар мерасид.

Дар ин солҳо Ҷуброн Халил бо нависандаи  муҳоҷири лубнонӣ Михаил Нуъайма робитаи қавии адабӣ барқарор карда, ба яке аз наздиктарин дӯстони ӯ табдил ёфт. Михаил Нуъайма аз аввалин нависандагони араб буд, ки ба тарғибу ташвиқи осори Ҷуброн Халил Ҷуброн пардохт ва ҳатто пас аз маргаш  низ ба тарҷума ва муаррифии навиштаҳои нависанда саъю талош кард. Ва ниҳоят ӯ ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби файласуфро дар китоби «Ҷуброн» (Бейрут, 1934) бо самимияту муҳаббати беандоза тасвир намуд.

Ҷуброн соли 1920 ҳамроҳи Михаил Нуъайма ташкилоти анҷумани адибони муҳоҷири арабро бо номи «ар-Робита ал-қаламия» таъсис дода, сарвари он интихоб мегардад. Иштирокчиёни фаъоли ин қонуни адабӣ Илиё Абумозӣ, Рашид Айюб, Абдулмасеҳ Хаддод, Насиб Арид, Рашид Айюб буданд. Дар ин маврид Фотеҳ Абдуллоҳ  дар муқаддимаи тарҷумаи тоҷикии «Табассум ва ашк» менависад:

«Адибони номбурда, инчунин Амин Райҳонӣ дар зуҳур ва ташаккули мактаби адабии суриявию америкоӣ, ки аз ҷараёнҳои ҷадид дар адабиёти араб буд, хидматҳои шоистае кардаанд. Ин мактаби адабї ба адабиёти мамолики Аврупо ва Амрико иртиботи қавӣ дошт ва таъсири  бегонагон, хосса романтизми франсавӣ ба он пурзӯр буд. Намояндагони ин мактаб маданияти аҷнабиро назар ба маданияти араб зиёда истифода мекарданд. Бо осори онҳо хаёлоти рангин, андешаҳои баланд, суханҳои хушоҳанг хос буд. Њамаи эшонро талоши озодию истиқлол, эҳсоси ватанпарасӣ, нафрати беандоза ба истеъмору истеъморгарон, дилсардию кароҳат аз тамаддуни буржуазӣ, ҷанги беамон бар зидди анъанаҳои фартуту мурда якдилу ҳаммаром месохт».

Ҷуброн Халил Ҷуброн дар фосилаи умри кӯтоҳи худ 16 асар навиштааст, ки аз лињози ҳаҷм кӯтоҳ  вале аз ҷиҳати маънӣ пурвусъатанд. Асарҳои «Мусиқӣ», «Арӯсони марғзор»,  «Рӯҳи саркаш», «Болњои шикаста», «Ашк ва лабханд», «Девона», «Корвонҳо», «Пештоз», «Тунд-бодҳо», «Тозаҳо ва  турфаҳо», «Паёмбар», «Рег ва кафк», «Исо – зодаи одам», «Худоёни замин», «Саргашта» ва «Боғи паёмбар» бешак дар таърихи адабиёти садаи бистуми араб нақшу мавқеи сазовор доранд.

Бояд гуфт, ки шӯҳрати ҷаҳонии Ҷуброн Халил ба китоби «Паёмбар» вобаста аст. Ин китоб ғайр аз муқаддима ва хотима дорои бистушаш фасли кӯтоҳ буда, муҳимтарин мавзӯъҳои классикии динӣ, ахлоқӣ ва фалсафии марбут ба зиндагиро дар бар мегирад, ки фаротар аз ҳар макону замон ва аслу насл аст. Ба иборати дигар, фалсафаи адён ва ирфон, паёмбари баргузида ва хаёлӣ аз нигоҳи Ҷуброн тасвир шуда, номи қаҳрамони китоб, яъне паёмбар дар матни инглисӣ ал-Мустафо аст, ки ба пайғамбари дини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар айёми ҷавонӣ ва миёнасолӣ шабоҳати зиёд дорад. Инчунин хислатҳои ин паёмбар  ба Исои Масеҳ низ монанд аст, бахусус панду насиҳатҳои ӯ ба мардуми Орфалес, ки  дар китоби «Инҷил» низ омадааст. Вале чунон ки аз мазмуну мӯҳтавои китоб бармеояд, истилоҳи «баргузидаи дурдона» ба шахсияту ҳайсияти тамоми пайғамбарони сулолаи иброҳимӣ тааллуқ дорад, ки дар тӯли таърих зуҳур  кардаанд.

Ба акидаи баъзе аз муҳаққиқони осори ин адиби шӯрида яке аз манбаъҳои  илҳоми китоби «Паёмбар» шоира ва нависандаи амрикоӣ Жузефина Пиабоди, ки баъдҳо бо нависанда робитаи отифӣ ва адабӣ дошт, будааст. Ин бонуи зебо, ки синну солаш аз Ҷуброн  бузург буд, ба ӯ дил баст  ва барои ошноии наздик пайдо кардан дар васфи ӯ манзумае бо номи «Паёмбар» менигорад ва ҳамеша, вақте ки бо Ҷуброн вомехӯрад, ба ӯ бо таъбири «паёмбари ман» муроҷиат мекунад.

Бешубҳа, ин асар натиҷаи талошҳои фикриву адабӣ ва авҷи баланди андешаҳои фалсафии нависанда мебошад, ки ҳамчун шоҳкори адабиёти ҷаҳон шинохта шудааст.

Лариса Малгошева –Бартоне тарҷумони русии асари «Паёмбар» (Москва-Санкт-Петербург, 2003) дар робита ба он чунин изҳори ақида кардааст: «Соли 1923 «Паёмбар»-и Ҷуброн Халил ба сарвати  инсоният табдил ёфт ва аз он ҷониб то имрӯз ҳар як насли нав аз умқи ҷаҳони номутаноҳии хираду ҳикмат, ки аз ин чашмаи адонашаванда ба даст меояд, баҳра мегирад. … «Паёмбар» шоҳкори Ҷуброн ба ҳисоб меравад. Дар он ҷаҳони ботинии шоир, эҳсосу имони ӯ ифшо мегардад. Ҷуброн Халил чунин меҳисобид, ки «Паёмбар» як қисми таркибии худи ӯ мебошад».

Илова бар ин, Ҷуброн Халил Ҷуброн очерку новеллаҳо ва драммаҳои зиёд эҷод намудааст, ки аксари онҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Тафсири нигораву тасвирҳо ва муҷассамаҳои зебои офаридаи ин рассоми мониқаламро метавон дар чанд саҳфа баррасӣ кард, ки ҳаҷм ва мавзӯи ин мақола маҷоли онро надорад. Бо як ҷумлаи кӯтоҳ метавон гуфт, ки дар замони зиндагӣ ва пас аз маргаш тамоми навиштаҳои Ҷуброн Халил Ҷуброн, аз ҷумла мусаввараҳояш борҳо дар шакли китобҳои алоҳида ва гузида чоп шудаанд ва аз маҳбубтарин асарҳои хонданӣ ва дидании саросари ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Хонандагони тоҷик низ бо осори Ҷуброн ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта тавассути тарҷумаҳои русию тоҷикӣ ошно мебошанд. Дар Тоҷикистон нахустин маротиба китоби «Табассум ва ашк»-и Ҷуброн Халил Ҷуброн аз ҷониби устод Фотеҳ Абдуллоҳ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда буд.

Баъдан китоби «Пайғамбар»-и Ҷуброн Халил Ҷубронро доктори илмҳои филологӣ Саидраҳмон Сулаймонов ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки тавассути нашрияти «Ориёно» соли 1992 ба  чоп расид.

Ва инак асари адабиву фалсафии «Девона»-и Ҷуброн Халил Чуброн, ки тавассути Наҷаф Дарёбандарӣ ба форсӣ тарҷума шуда, воқеан яке аз беҳтарин тарҷумаҳои осори нависанда ба забони  форсӣ мебошад, ба хонандагони тоҷик пешкаш мегардад. Ҳангоми таҳия баъзе аз вожаҳо ва ҷумлаҳои душворфаҳм содда карда шуд.

Дар ин ҷо мехоҳам нуқтаеро зикр намоям, ки баъзе пораҳои ин асар дар сањифаҳои матбуоти тоҷик интишор ёфта буд, ки саҳван ба василаи чопгар  ба ҷои таҳия тарҷума омадааст.

Зимнан ёдовар бояд шуд, ки ҳамаи осори ин адиби мутафаккир бо эҳтимоми Маҳдии Сарҳадӣ ба забони форсӣ тарҷума ва дар 12 ҷилд чоп гардидааст.

Бояд гуфт, ки «Девона» нахустин китоби инглисии Ҷуброн аз 35 фасл иборат буда, нависанда дар онҳо бар зидди ҷаҳлу зулм, расму ойинҳои иртиҷоӣ ва риёву ситами ҳоким бар ҷомеа муборизаи беамон мебарад. Дар ин китоб низ таъсири фалсафаи дини масеҳӣ равшан дида мешавад. Масалан, адиб дар ҳикояти «Худо» ба фалсафаи  офариниши ҷаҳон дахл карда, дидгоҳи инсонро дар шинохти Худованд дар асоси ойинҳои  шинохташуда, яъне яҳудият, масеҳият ва ислом ба риштаи тасвир кашидааст. Нависанда чунин шакл гирифтани ҷаҳонро ба чаҳор давраи ҳазорсола тақсим кардааст. Дар давраи аввал Худо нерӯи ҳаросангезест, ки «монанди тӯфони  саҳмгин» мегузарад.

Дар давраи дуввум Парвардгор «монанди ҳазор боли тезпарвоз» аз коинот бар сари инсон парвоз мекунад ва дар давраи севум Офаридгор «монанди меҳест, рӯи теппаҳои дурдастро мепӯшонад» ва ниҳоят дар давраи чаҳорум Кирдгор бо инсон сухан гуфта, «монанди дарёе, ки ҷӯйбореро мепазирад» ва ӯро ба оғӯш мекашад.

Андешаҳои адабиву ҳунарӣ ва фалсафии Ҷуброн дар доираи ҷараёни романтизми инқилобӣ ташаккул ёфта, нависанда дар осори худ бештар ба мавзӯъҳои мубориза бо таассуби динӣ, зулму истибдод, ҳиллаву найрангҳои кашишони калисо, адолатталабӣ, озодихоҳӣ, баробарӣ ва истиқлол, гароиш ба ақидаҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва ахлоқӣ дахл кардааст. Гоҳе ақидаҳои ӯ чунон ба ҳам омезиш ёфта, ихтилофоти назарро ба вуҷуд меорад. Дар оғози фаъолияти нависандагӣ ӯ бештар ба романтизм таваҷҷӯҳ дорад, вале баъдтар ба реализм гароиш дорад. Фазои эҷодиёти нависандаро андӯҳу шодӣ,  васлу ҳиҷрон, дарду дармон, муҳаббату садоқат ва хиёнату нафрат, яъне рӯйдодҳои ҳамарӯзаи ҳаёт, ки дар ҳама давру замонҳо бо ҳам шабоҳат доранд, ташкил мекунанд.

Бешубҳа насри Ҷуброн Халил дар қолаби ҳикоятҳои кӯтоҳи тамсилии арабиву форсӣ- тарона, ки онро баъзе аз аҳли таҳқиқ шеъри мансур ҳам мегӯянд, бо шеваи зебои шоирона, андешаҳои навгувора, лаҳни ҷаззобу зинда, суфтаву равон ва мавзуну дилнишин навишта шудааст, ки дарҳол таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб менамояд. Асосгузори жанри тарона дар адабиёти араб Амин Райҳонӣ аст, ки Ҷуброн низ дар таҳаввули он нақши шоиста дорад. Таронаҳои Ҷуброн дорои шукӯҳи  дарвешона, шаҳомати ҳунармандона ва ҷалоли орифи шӯрида мебошанд, ки ба рӯҳи саркашу осӣ ва қалби пуртаҳарруки замон шабоҳат дорад.

Ҷуброн аз адолату озодӣ, сулҳу дӯстӣ, футуввату ҷавонмардӣ ва самимияту муҳаббат ҷонибдорӣ мекунад  ва ба зулму ситам, бадбахтиву ҷаҳолат ва истисмору истибдод нафрат дорад. Ⱪаҳрамонони асарҳои нависанда мардуми оддиву заҳматписанди Лубнон мебошанд, ки ба андешаи Ҷуброн ҳама мутафаккиранд. Аз ин рӯ, онҳоро дар асарҳояш бо диди ҷамъиятиву эстетикӣ тасвир мекунад ва феълу хислатҳои эшонро дар қолаби инсони комил ҷамъбаст  менамояд.

Сарсухани УМРИДДИН ЮСУФӢ ба китоби “Девона”-и Ҷуброн Халил Ҷуброн, ки соли 2012 дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст.

Китоби “Девона”-ро шумо, хонандагони азиз дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа кунед. Аз арабӣ тарҷумаи Наҷаф Дарёбандарӣ. Аз форсӣ баргардони Умриддин Юсуфӣ.

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.