Адабиёти ҷаҳон. Бародарон ГРИММ. “Парии ҳушёр”

Братья Гримм
Яке буд, яке набуд, зану шавҳаре буданд, ки фақат як духтар доштанд. Онҳо фикр мекарданд, ки духтарашон  фалқулодат боҳуш аст. Аз ин рў исми Парии ҳушёр гузошта буданд. Рўзе  мард ба ҳамсараш гуфт:

-Ҳоло дигар духтарамон  бузург шуда ва бояд ҳарчи зудтар ба фикри издивоҷ бошем.

Модар дар ҷавоб гуфт:

-Хуб, агар хостгоре пайдо шавад, ин корро мекунем.

Чандон тўл накашид, ки ҷавоне ба номи Ҳанс барои хостгорӣ назди ин падару модари хуб омад. Мунтаҳо шарте  қоил шуд. Шарташ ин буд, ки агар духтар ба он ҳушёриву зиракие, ки падару модараш иддао мекунан, набуд, издивоҷ сурат нагирад.

Падар ба ҳаяҷон гуфт:

-Аз бобати ақлу ҳуши  ў мутмаин бошед.

Модар гуфт:

-Ў насимеро, ки дар хиёбон мевазад, бо чашмони худ мебинад. Ў садои паридани магаси рўйи сақфро мешунавад.

Вале падару модар ба хостгор нагуфта буданд, ки духтарашон кор кардану заҳмат кашиданро дўст намедорад ва духтари танбал аст. Ба ҳар тақдир онҳо дар канори хостгор нишастаанд ва бо хурсандӣ машғули сарфи шом шуданд. Дар ин мавқеъ модар гуфт:

-Парӣ, бирав ба таҳхона ва каме шарбат биёр.

Парӣ зарфе бардошту ба тарафи сардоба  рафт ва барои ин ки корро зудтар тамом кунад, дар ҳини рафтан сарпўши зарфро бардошт. Вақте вориди сардоба шуд, чаҳорпояе канори бушка гузошт, то рўйи он биншинад ва маҷбур набошад хам шавад. Баъд зарфро зери шир гузошт. Шарбат ба кундӣ дар тунг  мерехт ва ў бо бесабрӣ мунтазири пур шудани он буд.

Духтар ҳамон тавр, ки мунтазир буд, ба давру бар нигоҳе андохт. Ногаҳон  чашмаш ба турнае афтод, ки дар тираки сақф фўру рафта буд ва усто фаромўш карда буд онро бардорад.

Парии ҳушёр шуруъ кард ба гиря кардан; ў фикр карда буд, ки агар бо Ҳанс издивоҷ кунад, ҳатман яке аз онҳо бо сукути турна кушта хоҳад шуд. Ў он қадар гиря кард, ки хаста шуд. Онҳо ки даври миз машғули сарфи шом ва мунтазири ў буданд, чун хеле тўл кашида буд, зан хидматгореро дунболи духтар фиристоданд ва гуфтанд:

-Бирав бубин Парӣ чаро дер кардааст. Хидматгор рафт ва аз Парӣ пурсид:

-Чаро гиря мекуни?

Парии ҳушёр дар ҳоле, ки ба сақф ишора мекард, гуфт:

– Чаро гиря мекунам? Фикр мекунам вақте бо Ҳанс издивоҷ кунам, яке аз мо мумкин аст бо ин турна кушта шавад.

Зани хидматгор бо шунидани ин ҳарф ба гиря афтод ва гуфт:

-Чи қадар одам бояд  боҳуш бошад, ки чунин ҳодисаеро пешбинӣ кунад!

Вақте диданд, ки хидматгор ҳам дер кард, хидматгори дигареро ба дунболи он ду фиристодаанд. Ў низ вақте қазияро шунид, шуруъ кард ба гиря. Падару модар, ки диданд аз онҳо хабаре нашуд, худашон аз ҷой боло шуда, ба сардоба рафтанд. Вақте вориди сардоба шуданд ва достонро шуниданд, ончунон гиряву шеване ба роҳ андохтанд, ки  сару садои он ба гўши Ҳанс расид. Ў бо кунҷковӣ баланд шуд ва ба дунболи онҳо рафт, то бубинад чӣ иттифоқе афтодааст. Вақте Ҳанс вориди сардоба шуд, дид маҳшаре барпо шуда ва ҳама дар ҳоли шевану зорӣ ҳастанд; гўё ҳар кас саъй мекард баландтар аз дигаре гиряву зорӣ кунад. Ў бо ҳайрат фарёд зад:

-Ин ҷо чӣ мусибате рух додааст?

Пари гуфт:

Оҳ Ҳанси азизам, ба он болор нигоҳ кун. Ба дилам барот шуд агар бо ту издивоҷ кунам, ё ман бо ин турна кушта мешавам ё вақте ту барои овардани шарбат ба сардоба биёӣ, куланг рўйи сарат меафтад. Ҳоло фаҳмидӣ чаро ҳама гиря мекунем?

Ҳанс, ки ҳисси худхоҳиаш афзуда буд, гуфт:

-Ту Парии  ҳушёре ҳастӣ, ки ба гиря афтодаӣ ва дигаронро ҳам ба гиря андохтаӣ. Ман ба дунболи ҳамсари боҳуше мисли ту будам ва интизори дигаре надоштам. Баъд дасти духтарро гирифт ўро аз сардоба берун овард ва ба тарафи мизи шом бурд. Он шаб ба хайру хушӣ гузашт ва муддате баъд маросими издивоҷ сурат гирифт. Вале Парии ҳушёр аз кор кардан хушаш намеомад. Вақте чанд ҳафтаеро ба танбалӣ гузарондаанд, Ҳанс гуфт:

Ҳамсари азизам, ман бояд сари кор биравам ва барои гузаронидани зиндагӣ пул биёбам. Беҳтар нест ту ҳам биравӣ ва дар мазрааи зироат кор кунӣ, то каме орд барои пухтани нон доште бошем?

Зан ҷавоб дод:

Бале, Ҳанси азизам, агар ту бихоҳӣ, ман ин корро мекунам.

Субҳи рўзи баъд Ҳанс барои кор берун рафт. Ҳамин ки рафт, ҳамсараш шўрбои ҳушмаззае барои худаш пухт ва ҳамроҳи худ ба мазраа бурд. Вориди мазраа, ки шуд, ба худ гуфт: Хуб, ҳоло чӣ кор кунам? Аввал бихобам  ё аввал  ғизо бихўрам?… Фикр мекунам беҳтар аст қабл аз ин ки корро шуруъ кунам, андаке бихобам. Ў дар канори зироатҳо дароз кашид ва ба хоби амиқ фурў рафт. Ҳанс ба хона баргашт. Ў интизор дошт ғизояш омода бошад, вале касе дар хона набуд. Муддатҳо мунтазир монд, вале касе наомад.

Ҳанс бо худ гуфт:

– Чӣ зани ҳушёре, он қадар кор мекунад, ки ҳатто мавқеи ғизо хўрдан ҳам ба хона барнамегардад. Шаб шуд ва ҳанўз аз Парӣ хабаре набуд. Ҳанс ба роҳ баромад, ки дунболи занаш бираваду бубинад чӣ қадар зироат ҳосил ҷамъ кардааст. Вақте Ҳанс вориди мазраъа шуд, дид соқаҳои зироат даст нахўрда ва касе ҳар дар он ҷо нест. Бештар ҷустуҷў кард ва дид, ки Парии ҳушёр дар миёни зироатҳо ончунон ба хоб рафта, ки гўё дар ин дунё нест. Ҳанс бо аҷала рафт ва тўреро, ки зангўлаҳои кўчак дошт, овард ва даври Парӣ печид. Аммо зан ҳамчунон дар хоби амиқ буд. Баъд ба хона баргашт, дарро қулф кард ва машғули кор шуд; гўё ҳеҷ вақт ҳамсаре надощтааст. Билохира Парии ҳушёр аз хоби тўлонӣ бедор шуд ва дид, ки ҳаво комилан торик шудааст. Ў каме фикр кард ва ба ёд овард, ки дар куҷост. Баланд шуд, то ба хонааш биравад, аммо ҳар қадаме, ки бармедошт, зангўлаҳо садо мекарданд. Садои зангўла дар он торикӣ эҳсоси аҷибе дар ў вуҷуд овард ва боис шуд аз худаш бипурсад, ки оё воқеан ҳамон Парии ҳушёр аст ё каси дигарест?

Ў мураттаб ба худ мегуфт:

Оё ман худам ҳастам ё каси дигаре ҳастам?

Муддате фикр кард, аммо ҳамчунин тардид дошт. Дасти охир ҳам натавонист ба ин суол посух диҳад. Билохира чизе ба мағзаш гардиш кард ва бо худ гуфт:

Меравам хона ва аз Ҳанс мепурсам, ки оё ман худам ҳастам ё як нафари дигарам. Ў ҳатман метавонад ташхис бидиҳад. Ҳаво торик  буд, вале ў хеле зуд роҳашро пайдо кард. Ҳамон тавр, уи медавид, зангўлаҳо ҳам садо мекарданд. Дари даромади хона қулф буд. Парӣ ба тиреза кўбид ва фарёд зад:

-Ҳанс оё Парӣ дар хона аст?

Ҳанс ҷавоб дод:

-Бале, дар хона аст.

Парии ҳушёр аз шунидани ин ҳарф ваҳшат кард ва фарёд зад:

-Пас ман Парии ҳушёр нестам!

Ў ба роҳ баромад ва аз хонаи ҳамсояе ба хонаи ҳамсояи дигар рафт. Вақте ҳамсояҳо садои зангўлаҳоро мешуниданд, иҷоза намедоданд Парӣ вориди хонаашон шавад. Ҳатто баъзе аз ҳамсояҳо ўро нашинохтанд. Билохира, Парии ҳушёр аз деҳа гурехт ва то кунун касе ў хабар надорад.

Хуб, бояд натиҷа гирифт, ки фаъолу пуркор будан беҳтар аз ин аст, ки одам фақат ҳушу заковат дошта бошад.

Манбаъ: Маҷаллаи “Адасб”, №2, соли 2025.

Ин маҷалла дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.

Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахасиси пешбари хизматрасони
ба шахсони имонияташон маҳдуд.