Адалис – тарҷумони ашъори шоирони тоҷикро бояд шинохт
АДАЛИС (насаби аслиаш Ефрон) Аделина Ефимовна (26.7.1900, Петербург. – 13.8.1969, Москва), шоира ва тарҷумони рус. Институти олии адабию бадеии ба номи В. Я. Брюсовро хатм намудааст (1923). Дар институти номбурда, Комиссариати маориф халқ, шӯъбаи адабиёти оммавии Нашриёти давлатӣ (1920 – 25) ва редаксияи адабиёт ва санъати “Большая Советска Энсиклопедия” кор кардааст.
Ба Осиёи Миёна, кишварҳои Моварои Қафқоз таваҷҷӯҳи хосса дошт ва дар таассуроти сафарҳояш ба ин кишварҳо асарҳо офаридааст: маҷмӯаҳои ашъори “Ватан” (1934), “Бародарӣ” (1937), “Уқёнуси Шарқ” (1949), романи саргузаштии “Абҷад, ҳавваз, ҳуттӣ” (1929) ва ғайра.
Адалис ашъори Носири Хусрав, Саййидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро ба русӣ тарҷума кардааст.
Нахустин тарҷумаи русии шеъру достонҳои М. Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” (1947), “Арӯс аз Москва”, “Ганҷинаи сурудҳо” (ҳар ду 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Адалис инчунин асарҳои М. Миршакар “Шеърҳо ва достонҳо” (1949, ҳамроҳи И. Сергеев), достонҳои “Қишлоқи тиллоӣ” (1947) ва “Ленин дар Помир” – ро (1955) ба русӣ гардондааст.
Манбаъ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 189.
Таҳияи: Раҷабова, М.
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.