Адиб дар бораи худ. Фатҳуллоҳи Азиз: “Шаммае дар бораи худам”

Фатҳуллоҳи АзизИн матлаб чун пешгуфтори муаллиф Фатҳуллоҳи Азиз ба китоби наваш “Бозии тақдир” омадааст. Китоб ба тозагӣ рӯи чоп дидааст ва дар муаррифии кутоҳи он мехонем, ки маводҳои ҳамин сол навиштаи муаллиф вориди китоб гаштаанд, ки дар онҳо тақдири инсонҳо, хислату атворашон, кирдори ношоями бархе афроди раҳгумзада мавриди тасвиру бозгӯйӣ қарор гирифта, хонандагонро водор месозанд, ки оид ба рӯйдодҳои зиндагӣ воқеъбинона назар андӯзанд, дуруст баҳо диҳанду хулоса бароранд ва баҳри тарбияи маънавии ҷомеа, некуаҳволии халқ, рушди кишвар талош варзанду саҳмгузор шаванд.

Мутолааи китоби мазкурро, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст, ба хонанда вогузор мекунем. Аммо чизе ки диққати моро ҷалб кард, ёддошти муаллиф дар бораи худаш буд, ки онро пурра меорем:

Аз хурдӣ китобхониро дӯст медоштам. Агар тангае ба дастам меафтод, хӯрдание харида ба дамондани шикамам сарф намекардам, бар ивазаш китобе гирифта бо ғизои маънавӣ майнаамро пур менамудам.

Ҳангоме ки фурсате пайдо мешуд, ҳатман машғули мутолиаи китоб мегаштам. Гоҳо ба баҳри ганҷбори асарҳои пурмазмун ғӯтавар фаромӯш месохтам, ки шаб аз нисф гузаштааст, то боби хонда истодаамро анҷом намедодам, китобро канор намегузоштам. Ҳатто вақте ба навбати пода (ҳангоми наврасӣ борҳо подабонӣ ҳам кардаам) мерафтам, албатта ҳамроҳам ягон китоб ё маҷаллаи «Садои шарқ» – ро мебурдаму лаҳзаи муносибе фароҳам меомад, чашм ба онҳо медӯхтам.

Ҳамин шавқ ба адабиёт эҳсоси гарме ба дилам тавлид кунонду муҳассили шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистон шуда, онро муваффақона хатм намудам ва қалами эҷод ба даст гирифтам. Аввалҳо маводҳои публитсистиам дар матбуот пайваста чоп мешуданд. Баъдан дар офаридани асарҳои бадеӣ худро санҷидам.

Кӯшишотам ва заҳматҳою шабзиндадориҳоям самар доданд. Чандин асарҳои назмию насриам рӯйи коғаз омаданд. Аз соли 2000 – ум то ин ҷониб китобҳоям таҳти унвони «Анвори ҳикмат», «Накҳати хаёл», «Офаридгор ва инсон», «Раҳнаварде дар биёбон», «Масали зиндагӣ», «Девонаи ватандӯст», «Панднома» – и Абай (тарҷума), «Гирдоби ҳаёт», «Зикри хайр», «Дӯсти душманшуда», «Ҷиҳод», «Ганҷи ранҷ», «Хирмани умр», «Анбони ҳикмат», «Сиришти одамӣ», «Гулафшони меҳр», «Се мусофир ва шоҳи одил», «Андарзи зиндагӣ», «Чорсӯйи тақдир» ва «Аз дидаву шунида» интишор ёфтанд.

Қаблан солҳои навадуми асри гузашта китоби тарбиявиро бо номи «Хираднома», китоби илмӣ – оммавии «Таърихи мухтасари Ҳисор», маҷмуаҳои адибони ноҳияи Ҳисорро бо номҳои «Баҳори Ҳисор» ва «Падида» таҳия карда чоп кунондам. Ҳаммуаллифи китобҳои «Ҳисори Шодмон», «Аз Сабо то Шаҳринав», «Некном», «Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон», «Донишномаи Ҳисор» мебошам.

Намунаҳои зиёди эҷодам дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳои гуногун ва чандин маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд.

Ҳар гоҳе нафаре «фалон асаратонро хондам, хеле писандам афтод», гӯён муждаам мерасонаду нуқтаи назарашро изҳор медорад, шод шуда, шукр мегӯям, ки китобҳоям хонанда доштаанд. Шукргузор ба Парвардигор мешавам, ки кӯчак бошад ҳам, қадре илҳому истеъдодам бахшидаасту ба туфайли таровиши эҳсосам метавонам нафареро хушнуд гардонам, бархеро ба роҳи росту дурусти ҳаёт роҳнамоӣ кунам, ба ислоҳи камбудиҳо, шустани доғҳои дар зиндагӣ вуҷуддошта заррае ҳиссагузор шавам.

Инак, китоби навамро, ки аз ҳикоёту андешаҳои тамсилӣ, мақолаҳо ва шеърҳои ҳамин авохир навиштаам омодаи чоп намудам, ба қазовататон, хонандагони азизу заковатманд, мегузорам. Aгap писандатон афтид, худро хушбахт меҳисобам, мамнун мегардам, ки рисолати нависандагиро ба андозае анҷом дода тавонистам. Боқӣ салому паём бо умедвории тансиҳатию хушнудии ҳамешагии шумо.

Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.