Адибе, ки аз рӯзноманигорӣ то романнависӣ расидаст
Сафияи Носир муаллифи қиссаҳои ширину дӯстдоштанӣ барои кӯдакон аст. Ҳамчунин дар жанри роман ҳам қалам санҷидаву муваффақ шудааст. Солҳо дар маҷалалву рӯзномаҳо ва радио кор кардааст. Таҷриба хуби кори рӯзноманигорӣ дорад, чун роҳаш ба адабиёт ҳамин буд. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон мехонем:
САФИЯИ НОСИР 11 феврали соли 1942 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби миёнаи №15 таҳсил ва Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоиро хатм кардааст. Соли 1962 Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шурӯъ намудааст.
Ҳикояи аввалини ӯ «Мукофоти ишқи пок» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ва маҷмӯаи «Мужда» дарҷ гардидааст. Минбаъда ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. То нафақа баромадан дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон»-у «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза»), «Чашма» ва Кумитаи давлатии радиову телевизони ҷумҳурӣ кор кардааст.
Соли 1990 қиссаи «Мӯъҷизакорони кӯчак»-аш дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Мукофоти ишқи пок» (1997), «Танӯри осмон» (2001), «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ» (2004) интишор ёфтаанд. Соли 2005 «Минбари Насим» ном китоби дигари ӯ ба дасти чоп расидааст, ки дар он аз «машғулияти фориғи кор»-и ҳамсараш – нависанда Насим Раҷаб бо зарофату самимият ҳикоят кардааст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сози муҳаббат» (2012), «Гаҳворабандон» (2013), «Зарофаяки нодон» (2013) рӯи чоп омадаанд.
Муаллифи романҳои «Садди Искандар», «Заркосаи шикаста», қиссаҳои «Зиндашӯю мурдашӯ» ва «Қосиди хиёнатгар» мебошад.
Чанде аз офаридаҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
Худаш баъзе асарҳои адибони рус ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи нишони «Сухан».
Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.