Адибони ҳамном дар адабиёти тоҷику форс
Масеҳи Кошӣ. Рукнуддин Масъуд (1570, Кошон – 1656, ӽамон ҷо), шоири эронӣ. Пас аз омўхтани илмӽои замонаш ба хидмати дарбори шоӽ Аббос дохил шуд. Аммо зулми шоҳ ва атрофиёни ўро дида, аз дарбор канораҷўи кард.
Соли 1619 ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати дарбори Акбар даромад. Соли 1624 дар давраи ӽукумронии писари Акбар – Ҷаӽонгир барои ӽақгўиаш аз дарбор ронда шуд. Пас аз оворагиӽои зиёд соли 1634 ба ватанаш баргашт.
Аз Масеӽи Кошӣ мероси фаровоне боқӣ мондааст: маснвие дар пайравии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ бо номи «Маҷмўаи хаёл», китобе оид ба тиб ба забони арабӣ – «Зобит-ул-илоҷ» ва панҷ девон дар ӽудуди 100 ӽазор байт, ки қасоиду ғазалиёт, рубоёту қитаоти шоирро дар бар гирифтаанд.
Намунаӽо аз ашъори Масеӽи Кошӣ:
Мардум ба ватан хок расонанд, вале ман.
Аз чашми тари хеш расонам ба ватан об.
***
Қатраӽо ҷамъ шуд аз дидаи ман дарё гашт,
Нолаӽо паӽн шуд аз синаи ман саӽро гашт.
***
Чу рў ба рўи кас ояд тавон шинохт касеро,
Марост пушт ба дунё аз он маро нашиносанд.
***
МАСЕӼИ БАЛХӢ
Мавлоно шайхӣ (байни солӽои 1476 – 80, мавзеи Фушанҷ (Пушанг)-и Мовароуннаӽр – 1568, маӽаллаи Хоҷа Рўшноии Шаӽри Балх), шоири форс-тоҷик. Доир ба ҷараёни ӽаёташ маълумоте дастрас нест; танӽо маълум аст, ки табъи шўху латифе дошта ва дар миёни мардум иззату эӽтироми калоне дошта, шоирони давр ўро устоду «фозили маънавӣ» хондаанд.
Масеӽи Балхӣ муосири Навидии Балхӣ ва Малоно Абулхайр буда, дар шоирӣ ба Кавкабӣ ва Абдулхайр пайравӣ кардааст.
Мероси Масеӽи Балхӣ асосан аз ғазал иборат буда, дар онӽо ишқу муӽаббат, тасвири табиату зебоӣ, ғаму шикоят ва панду ӽикмат омехта баён ёфтаанд.
Алишери Навоӣ ўро «дар фанни мусиқии илмӣ ва амалӣ беназиру беӽамто» ва «соӽиби табъи хубу шеъри марғуб» дониста, Саид Нафисӣ ўро «аз ғазалсароёни забардасти он замон» мешуморад. Намунаӽои осори Масеӽи Балхӣ дар тазкираву баёзӽои гуногун оварда шудаанд.
МАСЕӼИ САМАРҚАНДӢ
Масеӽи Самарқандӣ (соли таввалуддаш ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асрӽои XVI). Ҷараёни зиндагиаш то ӽол равшан нест. Масеӽи Самарқандӣ аз шоирони машӽури замонаш буда, шеърро бағоят накў мегуфтааст.
Намунае аз мероси адабии ў:
Бар гирди оразат хати райӽон навиштаанд,
Бо бўстон ба тарафи гулистон навиштаанд,
Авсофи хатти рўй туро котибони сунъ,
Аз мушки ноб бар маӽи тобон навиштаанд…
З-ашъори дилкушои Масеӽ аст ин, вале
Онӽо, ки бар ӽавошии девон навиштаанд.
Манбаъ: “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”. Душанбе 1989.
Таӽияи Дилафрўз Расулова,
мутахасиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарӽанг ва ӽунар.