Қадрдонии иштирокчиёни онлайн-викторинаи Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирск
Моҳи декабри соли 2025 пули телевизионии “Медаль за бой, медаль за труд из одного металла льют” баргузор гардида буд, ки ба корнамоиҳои меҳнатии халқҳои Тоҷикистону Русия дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда буд. Дар ин онлайн-викторина кормандон ва хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд (ба вижа нобиноён ва шахсони биноиашон заиф)-и Китобхонаи миллӣ ва хонандагони Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирск барои нобиноён ва шахсони биноиашон заиф ширкат варзида буданд. Тимҳо аз 6 нафарӣ иборат буданд.
Вобаста ба ин Роҳбарияти Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирск барои нобиноён ва шахсони биноиашон заиф якояки иштирокчиёни ин сабқатро барои иштироки фаъолона ва арҷгузорӣ ба таъриху мероси таърихии халқҳои бародар бо Сипосномаҳо сарфароз гардонид.
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Китобхонаи миллӣ ва мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд – Саодат Набиева Сипорсномаҳоро ба иштирокдорони онлайн-вохӯрии “Медал барои чанг ва медал барои меҳнат аз як металл рехта мешавад” супориданд.
Зимнан, ин вохӯрӣ “Медаль за бой, медаль за труд из одного металла льют” (“Медал барои чанг ва медал барои меҳнат аз як металл рехта мешавад”) унвон дошта, дар раванди баргузории он иштирокдорону тамошобинон аз корнамоихои мещнатии мардумони шаҳрҳои Душанбе ва Новосибирск дар солҳои ҶБВ баҳри ба даст овардани ғалаба бар истилогарони фашистӣ боз ҳам хубтар шинос гаштанд.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.