Қадршиносии тими бонувони волейболбози Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрӯз дар ҷаласи назоратии назди директори Муассисаи давлатии “Ктобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ғолибони ҳайати тими бонувони волейболбоз барои сазовори ҷойи сеюм миёни бонувони варзишкори вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, қадрдонӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин сабқати варзишӣ дар маҷмӯъ 36 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Бояд таъкид кард, ки директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода пайваста баҳри ҳавасманднамоии ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш тадбирҳои судманд меандешад.
Ин навбат барои ҳавасмандагрдонӣ ва қадршиносӣ, ба ҳар як ғолиби ин даста 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуданд.
Маҳз ҳамин гуна дастгириву руҳбаландсозиҳо буд, ки бонувони варзишкори Китобхона номбардори муассиса дар ин мусобиқа шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дастаи бонувони волейболбози Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусибиқаи варзишӣ байни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида буд.
Гуфтанист, ки мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни бонувони варзишкори вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026″ ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД мактаби махсусиси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Муфассалтар ин ҷост: Пирӯзии бонувони варзишкори Китобхонаи миллӣ дар мусобиқаи варзишии волейбол миёни вазорату идораҳо
Абдуғаюр Саломов,
сардори бахши матбуот ва робита
бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ.