Ҳадяи пурарзиши Моҳрухсор Сафизода ба Китобхонаи миллӣ

Ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон
овозхон,
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
(2010), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2023) Сафизода Моҳрухсор Сафӣ се китоби тозанашри худро  тақдим кард.

Моҳрухсор Сафизода дорандаи медали «Хидмати шоиста» ба Китобхонаи миллӣ 3 номгӯй китоб ҳадя намуд: “Нигоҳе ба сурудҳои мардуми водии Рашт”,  “Моҳи самои санъат”, ва “Саодати ишқ”.

Китоби “Нигоҳе ба сурудҳои мардуми водии Рашт” соли 2025 нашр шуда, 88 саҳифаро дар бар мегирад. Он зери назари Муҳриддин Низомӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор таҳия гаштааст. Муҳаррираш Сино Қудратов – узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, Зулфиддин Муъминҷонов (д.и.ф.) ва Кароматулло Раҳимзода (н.и.с.) – дотсенти кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода муқарризонаш мебошанд.

“Нигоҳе ба сурудҳои мардуми водии Рашт” дастури таълимӣ буда, барои устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, коллеҷу мактабҳои мусиқӣ ва доираи васеи ҳаводорони сурудҳои халқиву кормандони дигар муассисаҳои фарҳангӣ тавсия шудааст. Муаллиф, ки асолати маданияти овозхонии миллӣ дар ҳунараш ҳифз мешавад, дар бораи мактаби сурудхонии суннатии мардуми водии Рашт маълумот дода, намунаҳо аз суруду оҳангҳои ин минтақа дар қиёс бо суруду оҳангҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон, нақши созҳои торӣ дар сароидани сурудҳои мардумӣ, андешаву мулоҳизаҳо, бардошт аз таҷрибаҳои худро ифшо кардааст.

Дар китоб пажӯҳиши овозхон доир ба жанрҳои гуногуни сурудҳои водии Рашт, аз ҷумла сурудҳои жанри “Фалак”, фолклорӣ-халқӣ, наҳтхонӣ, бадеҳахонӣ гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин сурудаҳои овозхони маъруф Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар  Нозимов, дуторнавозу овозхон Гулрафтор Шаҳобова, овозхон Қумрӣ Қодирова ва дигар ҳунармандон, инчунин сурудҳои халқӣ, ки оҳангсози онҳо Моҳрухсор Сафист, ба нота дароварда шудааст.

Ҳадяи дигари Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон “Саодати ишқ” аст, ки бо сарсухани номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимзода оғоз мегардад. Муқарризони китоб Фирӯз Ӯлмасов (д.и.с.) ва Кароматулло Раҳимзода(н.и.с.) буда, мураттибаш Моҳрухсор Сафзода мебошад. “Саодати ишқ” гулчини сурудҳои Моҳрухсорро, ки солҳои гуногуни  фаъолияташ иҷро намудааст, дар бар мегирад. Ин сурудаҳо, ки эҷоди бастакорони маъруф Хайрулло Абдуллоев, Абдуфаттоҳ Одинаев, Ҷурахон Обидпур, Муборакшо Ҷумъаев, Ҳаким Маҳмудов ва чанди дигарон мебошанд, ба нота гирифташуда дар китоб ҷой дода шудаанд.

“Моҳи самои санъат” туҳфаи дигарест, ки ба муносибати 60-солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Сафизода Моҳрухсор Сафӣ мураттаб шуда, мусоҳибаву меҳрномаи шогирдону ҳамкорон ва дӯстони овозхонро дар бар мегирад. Он соли 2022 бо теъдоди 100 нусха нашр гаштааст, ки аз 3 бахш иборат аст: меҳрномаи дӯстону ҳамкасбон, аксҳо аз рӯзгору фаъолияти ҳунарпеша ва мусоҳибаҳо бо Моҳрухсор Сафӣ.

Китоб хеле ҷолибу хонданист, зеро маводе, ки дар он ҷамъ оварда шудааст, камёфт аст. Муаллифони мақолаву меҳрномаҳои китоб дар васфи ҳунари Моҳрухсор Сафӣ на танҳо ибрози назар кардаву баҳогузорӣ намудаанд, балки ёддоштҳои худро аз ин ё он вохӯрӣ ва ё суҳбате бо ҳунарманд  рӯи коғаз овардаанд. Ана ҳамин ёддоштҳо китобро пурарзиштар аз ҳама месозанд.

Профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналисти шинохтаи тоҷик – Гавҳар Умарова  дар меҳрномаи худ “Садои дилҷӯй”  аз ҳунар ва фаъолияти Мохрухсор Сафӣ хеле гарм сухан карда, чунин меоварад: “Моҳрухсор аз оғози зиндагӣ то имрӯз дар ҳалқаи зебоӣ зиндагӣ карда, ҳусни инсонро бо оҳанги зиндагӣ васф кардааст.”  Ё дар ҷои дигар бо ихлоси тамом мегӯяд: “Ин бонуи ҳунар дар савту навояш ҳаёт ва фаъолияти ҳамарӯзаи мардум, дарди ниҳону ошкори онҳо, бурду бохти зиндагӣ, баланду пастиҳои рӯзгорро бо набзи замон мутобиқ намуда, ишқ – ишқи пойдор ва вафою вафодориро замзама мекунад.”

Дар китоб маводи дигаре ҳаст бисёр гарму ширин баён  ёфта, таҳти унвони “Шарораи хотираҳо”. Бо мутолиаи он қомати зебои ҳунарпеша пеши назар омада, садои тозаву дилбар ва оҳанги марғуби мусиқии мардумӣ ба гӯш мерасад. Аз ҷумла омадааст: “Зиндагии содаро ёраш карда созу тарона. Созанда рӯзгоре дорад беолоиш ва орӣ аз ҳама гуна доғҳо. Меболад аз иқболи ҳамарӯзаи ҷигарбандонаш, менозад дар паноҳи ёри дардошнояш. Ӯ аз тарона нумӯ мегираду тарона дар садои ӯ.”

Ман аминам, хонандаи закии мо ин китобҳоро аз Китобхона дастрас  ва мутолиа намуда, барои худ як ҷаҳон маънӣ мебардорад.

Махфират Муҳидинова, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.