Ҳадяи як нафар омӯзгор аз Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ

Ҳадяи як нафар омӯзгорЧанд руз пеш ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгори мактаби № 7, ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳкам Ҷаъфарзода ташриф овард. Ин омӯзгори асилу эҷодкор ба Китобхонаи миллӣ 3 нусха китоби “Бузургмардони Худо” ва 3 адад маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ҳадя намуд.

Китобе, ки Маҳкам Ҷаъфарзода – қадрдону дӯстдори забон ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард “Бузургмардони Худо” ном дошта, соли 2024 ба муносибати таҷлили 85-солагии Шайх Аҳмадҷон Махдуми Ҳанафӣ-Нақшбандии Муҷаддидӣ дар Тошканд нашр шудааст. Асар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти донишманди фарзона ва шахсияти барҷаста Аҳмадҷон Махдуми Нақшбандӣ ва падараш Домулло Шоҳмурод қисса мекунад. Ҳамчунин дар китоб ҳикоятҳо аз устодон, шогирдону ворисони Ҳазрати Аҳмадҷон Махдум, мухтасар дар бораи модар ва ҳамсари Аҳмадҷон Махдум, марсияҳо эҳдо ба Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Махдум ва очерку мақола дар ёдбуди донишманди бузург Махдум Ҳанафии Муҷаддидӣ гирд оварда шудаанд.

Зимнан, муаллиф китобҳои худро бо сухани хотиравӣ ва соядаст пешниҳоди Китобхона намудааст.

Маҳкам Ҷаъфарзода 3 адад маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистонро таҳти унвони “Дурдонаи Шарқ” низ ба Китобхона дастовез овардааст: Дурдонаи Шарқ № 3(11) / 2024; Дурдонаи Шарқ № 1(13) / 2025;  Дурдонаи Шарқ № 2(14)/ 2025.

Маҷалла дар шаҳри бостонии Самарқанд нашр шуда, мундариҷаву муҳтавои хеле ғанӣ дорад. Асадулло Исмоилзода (Шукуров) сармуҳаррири маҷалла буда, ӯро дар ин ҷода шӯрои мушовирон, ҳайати таҳрир ва вакилони редаксия дар ҳудудҳо (шаҳру вилоятҳо) ҳамраҳӣ мекунанд. Боиси хушнудист, ки муқоваи ҳар як нашрро нафаре аз намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик ва нафари дигар аз адибони Тоҷикистон бо акс ва чанд мисраъ шеър ё иқтибосе оро медиҳад.

Дар маҷаллаи № 3 (11) /2024 Дурдонаи Шарқ  Абдурраҳмони Ҷомӣ бо мисраҳои машҳури:

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,

Он чиз, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун, ту андар олам,

Он чиз, ки туро ба Ҳақ расонад, илм аст.

ва Фарзонаи Хуҷандӣ бо мисраҳои нотакрору нобаш:

Агар чизе бихоҳӣ, аз Худо хоҳ,

Диҳад раҳмат, набидҳад, ҳикмати Ӯст.

В-агар аз бандааш чизе бихоҳӣ,

Диҳад, миннат, набидҳад, зиллати туст.

омадааст. Ҳамчунин дар маҷаллаи №1 (13) / 2025 Амир Хусрави Деҳлавӣ бо мисраҳои:

Гарчи доноӣ фузун бошад бағоят мардро,

Мардумӣ бояд, ки дар доноии худ нангарад.

Тоҷи заррин бар сари товус аз он доданд, к-ӯ

Бо ҳазор оина дар зебоии худ нангарад.

ва шоираи ширинкалому хушбаён Гулрухсор бо мисраҳои:

Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,

Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.

Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,

Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!

Дар “Дурдонаи Шарқ”-и № 2(14) / 2025 Робиаи Балхиву мисраҳои мондагораш:

Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,

В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.

Хӯрдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,

Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.

ва чанд ҷумла аз “Даричаи дил”-и Сорбон:

“Ин дунё ҳамин хел чиз будааст, ки хандӣ ҳам, гиря кунӣ ҳам мегузаштааст. Барои ҳамин дилро кушод бояд дошт, лекин на ҳама чизро ба он роҳ бояд дод. Баъзеҳо кабку булбулу бедонаю тӯтӣ барин парандаҳоро ба қафас гирифта, аз хонишу нолишаш вақтхушӣ мекунанд, вале намефаҳманд, ки ун бечора чӣ мехонад? Албатта “маро озод бикун!” мегӯяд, аммо одам зорию таваллои ҷонварро намефаҳмад”…

оварда шудаанд.

 

Махфират Муҳиддинова,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.

 

Теги: робита бо ыомеа