Ҳафиз Раҳмон: “Азияту машаққат”-ҳои зебои “Фурӯғ”…

Ҳафиз Раҳмон(бардошт ва ду-се мулоҳиза аз рӯзи чаҳоруми фурӯғ, яъне 11-уми ноябр)

Дар ибтидои матлаб мехоҳам ду андешаи хешро, ки аз мушоҳидаи рӯзи чаҳоруми озмун ҳосил шудааст, мухтасар нависам.

Яке исботи фикри дирӯз навиштаам аст, ки асари бадеиро муфовиқ ба синну сол хондан лозим аст, масалан, Бодбурдаҳо-и Маргарет Митчелл, ё Кӯҳи сеҳрангез-и Томас Манн, ё Кӯрӣ-и Жозе Сарамагоро агар хонандаҳои синфҳои 1-у 4 қироат кунанд, ба ҷуз дар ёд гирифтани баъзе персонажҳо ва ҳаводиси ҷузъӣ чизе аз ғоя ё ҳадафи бадеии муаллиф намефаҳманд…

Як норасоии бисёр баде, ки банда ҳангоми пурсупоси довталабони ин қишри синнусолии озмун мушоҳида кардам, ҳамин буд, ки онро батафсил баъди ҷамъбасти тамоми озмун хоҳам навишт…

Андешаи дувум: асарҳое ҳастанд, ки қироати онҳо аз нигоҳи ахлоқу маънавият ва баъзе масъалаҳои равонӣ барои бузургсолон муайян шудаанд. Албатта, муаллифон ҳар чизе, ки бинависанд, барои кулли ҷомеа менависанд, вале дар такшуурашон ҳатман қишри бузургсолон дар назар дошта мешавад.

Аз ин ҷиҳат раво нест, ки хонандаи синфи ҳаштум пйесаи Касби хонум Уоррен”-и Ҷорҷ Бернард Шоуро қироат кунад, зеро агарчи ғояи адиби маъруф ҳамин аст, ки пулҳои бешарафонаву бешармона бадастовардашуда бахту саодат намеорад, аммо дар таркиби ин асар ҳодисаҳо ва иттилооти барои навраси тоҷик номатлуб акс ёфтаанд ва ба ахлоқи миллии мо дуруст намеоянд…

Ин мисоли мо муште аз хирвор буд, банда дар дафтари довталабони имрӯза, яъне рӯзи чаҳоруми озмун 10-12 асари бадеиро дидам, ки қироаташон барои хонандаҳои макотиби миёна мувофиқ набуд… Аз нигоҳи ахлоқ ва маънавияти миллӣ, албатта.

Ҳафиз РаҳмонАммо ин андешаи мо чунин маъно надорад, ки тамоми осори Бернард Шоуро хондан мумкин набошад, на, ин адиб аз нобиғаҳои адаби дунёст ва шуҳрати оламгир дорад. Худи адиб ин драмаашро ба сикл, ё силсилаи “Пйесаҳои номатлуб” ворид карда буд ва то соли 1902 ҳатто дар Амрико, ки ҳеч навъи сензура нест ва озодии баёну эҷод мутлақан таъмин аст, ба саҳна гузошта намешуд…

Барои ин довталаб ва дигар довталабоне, ки чунин осори бадеиро интихоб мекунанд, бояд раҳнамоёни босавод раҳнамоӣ кунанд…

Онҳое, ки дар интихоби осори бадеии хуб аз анбуҳи адабиёти ҷаҳон донишу ҳунар доранд… Раҳнамо (хоҳ муаллим бошад, хоҳ каси дигаре, ки барои омода кардани довталаб масъулият дорад) бояд ба чунин наврасон (агар онҳо нияти хондани ҳамин асарро дошта бошанд) бигӯянд, ки “дар ин асар сухан аз ҷоннисории модар ба хотири саодати фарзанд меравад, вале чанд масъалае дорад, ки фаҳму даркаш барои ту ҳоло барвақт аст… Ҳамин ки синни 17 ё 18-ро убур кардӣ, марҳамат бихон, он замон ба манфиати ту хоҳад буд…”. Аммо барои сурат гирифтани чунин кор муаллим ва роҳнамои довталаб бояд масъулият эҳсос кунад, аввал худаш асар хонад ва баъдан ба шогирдаш тавсия кунад…

фуруги субхи доноиКитобхонаи Бобулистон” ном асари Хорхе Луис Борхес ҳам асари душвордарки фалсафист, аммо довталабе дина (хонандаи синфи 9-ум) моҳияти андешаи муаллифи асарро, ба ҳар ҳол, хуб фаҳмонда тавонист. Агар ин асарро хонандаи синфи чорум мехонд, бовар дорам, чизе намефаҳмид…

Ё дар масъалаи дарки маъно ва моҳияти руҳиву равонии кирдори зишти қаҳрамони “Дарвозаҳои Расёмон”-и Рюноскэ Акутагава банда ду навъи тафсирро (яке аз хонандаи синфи чаҳорум ва дигаре аз хонандаи синфи 11-ум) шунидам, ки ҳарду дуруст буданд: он хурдсол мегуфт, ки рафтори қаҳрамони асар аз ноилоҷӣ ва адами ҳақиқат дар ин олам аст, дигарӣ таназзули ахлоқи қаҳрамонро натиҷаи он медонист, ки шарофату каромати инсон дар интихоби амал миёни марг ва арзишҳои одамӣ маълум мегардад…

Яъне боз ҳам меояд масъалаи он ки дар фаҳми асари бадеӣ шарти синну сол аҳамммияти бузург дорад… Ба ҳамин маъно мунаққиде бисёр хуб гуфтааст, ки романи “Ҷанг ва сулҳи граф Толстойро дар се зинаи умр хондан муфид аст ва дар ҳар се зинаи ҳаёт ин асар бо ҷилваҳои гуногуни маъноӣ ба мағзу зеҳни инсон таъсир хоҳад кард…

Хуб, ин чанд андешае буд, ки нагуфтанашон имкон надошт ва агар умр вафо кунад, баъди ҷамъбасти озмун дар ин хусус ва чандин масъалаҳои дигар мулоҳизаҳоямро хоҳам навишт. Ин озмун ончунон бузургу муътабар аст, ки ҳамарӯза андешаҳои тоза ба тозаро дар мағз ҳосил мекунад, ҳамарӯза идеяҳои нав ба нав пайдо мешаванд ва асоси бузургиаш, албатта, китоб аст…

Дирӯз, рӯзи чаҳоруми озмуни “Фурӯғ” буд, аммо барои номинаи мо рӯзи панҷум ҳисоб шуд. Чунки рӯзи якшанбе, ки рӯзи истироҳат эълон шуда буд, мо кор кардем ва ба ҷамъбасти натиҷаҳои пурсупоси довталабони қишри аввал машғул шудем. Ин ҷамъбаст қариб то нимаи рӯз идома ёфт ва сабабаш – сифатан беҳ шудани омодагии довталабони хурдсол ба озмуни имсола нисбат ба порсола буд…

фуруги субхи доноиДар рӯзи аввали озмун барои қишри дувум, яъне хонандагони синфҳои 5-11, Фариса Холиқова (аз ноҳияи Рӯдакӣ), Сабрина Алибахшова (аз Шуғнон), Маргарита Лашкарбекова (аз Душанбе), Лола Мамадшерзодшоева (аз Шуғнон), Шукрона Ҳаётзода (аз Душанбе), Осия Шарифзода (аз Роғун), Саноатхон Қодирова (аз Гулистон), Муаззама Лаълбекова (аз Шуғнон) дониш ва фаҳму даркашонро аз китобҳои хондашуда ба намоиш гузоштанд.

Аз инҳо ду кас хеле беҳтар аз дигарон буданд, албатта, ин андешаи банда аст ва шояд назари доварони дигар дигар бошад…

Чизи хубе, ки дарҳол ба назари мо расид, миқдори асарҳо ва ҷуғрофиёи муаллифон буд: беҳтарин асарҳо ва беҳтарин адибоне, ки тоҷи шуҳрат ба сар доранд…

Бовар дорам, ки хеле аз устодону муҳаққиқони адабиёт аз мактабҳои олӣ, донишкадаву донишгоҳҳо агар бо ин дафтарҳо шинос шаванд, ангушти ҳайрат хоҳанд газид ва барои баъзеҳо ҳатто боиси ҳасрат хоҳад шуд: чаро умри мо бе чунин дурдонаҳои адабиёт гузашт… Ҳайфову дареғо…

Дар ин рӯз, яъне 11-уми ноябр, ки намедонам, онро рӯзи чорум бигӯям, ё панҷум, 8 кас дар саҳна буд ва се навъи фаҳму дарк маълум шуд: онҳое, ки бо камоли ҷиддият ба китобҳо муносибат кардаанд, онҳое, ки танҳо мундариҷаи мухтасари баъзе асарҳоро медонанд ва ба бисёре аз ҷузъиёти адабӣ аҳаммият надодаанд ва ниҳоят, ду-се касе, ки асарҳоро дар дафтарҳояшон сабт кардаанд, вале нахондаанд… Дигар мушаххасан чизе гуфта наметавонам, чунки озмун идома дорад ва шояд натиҷаҳои дигар низ маълум шавад…

Дина ба толори номинаи мо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ташриф оварда буданд, ки мо, доварон, ҳатто пайхас накардем. Баъдан ба мо гуфтанд, ки ҷаноби вазир як муддат гуфтушунуфти мову довталабонро мушоҳида карда, ҳатто то миёнаҷойи толор омадаанд, то бо мо суҳбат кунанд, аммо зимни пурсупос мо нафаҳмида мондем…

Нишонаи бузургвориашон аст, ки ба мо чизе нагуфта, яъне ҷараёни озмунро халалдор накарда, оҳиста бо ҳамроҳонашон аз толор баромадаанд… Бовар дорем, ки имрӯз бо ин кас суҳбате доир хоҳад шуд ва имкони баёни андешаҳои ҳосилшуда фароҳам хоҳад омад…

Нуриддин СаидДина узви комисиюни ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи садову симои кишвар, профессор Нуриддин Саид низ ба толори мо омаданд ва аҷаб суҳбате (ҳангоми танаффус, албатта) барпо карданд. Чанд ҷумла аз натиҷаҳои сафарашон бо Сарвари давлат дар вилояти Хатлон гуфтанд. Устод Нуриддин Саид касе нест, ки ба гуфтугузораш касе бетаваҷҷуҳ бошад: сухан аз назарияи судури Пури Сино шуруъ шуд то ба назари Арасту ба қобилияти инсон… Ва хеле масъалаҳои дигар, аз ҷумла масъулияти доварон ба сарнавишти довталабон, ки ба сад умед барои намоиши донишу фаросат ва қобилиятҳои зеҳниашон омадаанд…

Аз ҷузъиёти ин мулоқоти муфид, агар вақт шавад (албатта, баъди озмун) чизе хоҳам навишт…

Ҳоло ҳама таваҷҷуҳ, вақт ва ҳатто нейронҳои дохили сарҳоямон ба озмун банд аст…

Чӣ “азиятҳо”-и зебое…
Ҳафиз РАҲМОН, 12.11.2024.