Ҳафиз Раҳмон: Масъулият мисли либос аст…

Ҳафиз Раҳмонва боке нест, ки онро аз тан бадар кунӣ, аммо назди мардум айб…

(Бардошт аз РӮЗИ СЕЮМИ озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”)

Равиши таҳлили озмуни дирӯзаро аз суҳбати хубе бо як довталаби озмун шуруъ мекунам. Аз ҷавони хушқадду андоме аз Бохтар (ба фарқ аз дигарон муҳассили соли чорум, 99 фоизи дигар аз курсҳои 1 ва 2 ҳастанд) баъди он ки ба аксарияти суолҳо бо лаҳни хубу мулоҳизаҳои барои синни худаш ҷолиб посух дод, сабаби набуданашро дар дар рӯйхати асосӣ пурсидем.

Гуфт, ки дар даври аввал ширкат кардааст ва сазовори ҷой ҳам шудааст. Гуфтем, ки таҳқиқ накардӣ, чаро чунин шудааст, чаро дар рӯйхат номат сабт нашуда…

– Таҳқиқ кардам. Хатои техникӣ гуфтанд…

– Нафаҳмидӣ, кӣ чунин саҳлангорӣ карда?

– Надонам…

– Акнун коллеҷатро тамом мекунӣ, шояд духтури хуб шавӣ.

– На, мехоҳам ба Академияи сиёсатшиносӣ равам, сиёсатшинос шудан мехоҳам…

– Чаро фикрат дигар шудааст, сабаб?

– Ҳамин асарҳои Роҳбари давлат…

Ин гуфтугӯ баъди пурсиши асосӣ сурат гирифт. Вақт танг буд, вагарна бо ин писар ҳадди ақал ним соати дигар суҳбат кардан гуворо буд: ҳар андешае мегуфт, бо бовару самимият мегуфт. Ин хислати ҳамонҳоест, ки ба чизҳои хондашуда эътимод пайдо мекунанд, азбаски бо диққати тамом ва бо ҳадафи дониш гирифтан мехонанд…

Ба сидқу самимияти ин ҷавон мо бовар кардем: ошкоро гуфт, ки чаҳор асари Сарвари давлат (“Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат – ҳастии миллат” ва “Уфуқҳои истиқлол”-ро, ки дастрасаш будааст) пурра хондааст ва аз дигар китобҳо мувофиқи суолнома посух ҷустааст…

Ҷавобҳояш хуб, дар чеҳраву дар рафтораш аз изтиробу парешоние, ки ба аксарияти довталабон хос аст, нишоне надидем…

Изтиробу ҳаяҷон хоси онҳоест, ки ё дар муҳлати хеле кам китоб хондаанд, ё танҳо барои намояндагӣ (“хоҷам, боғ дорӣ, дорам”) омадаанд, ё маҷбуран ба китобхонӣ тавре ки гуфтанаш муд шудааст, “сафарбар” шудаанд…

Инҳо бисёр метарсанд, ки мабодо хато накунанд, мабодо асарҳоро омехтаи ҳамдигар насозанд, барои ҳамин кӯшиш мекунанд, ки бо ду ё се вариант ҷавоб гӯянд, зеро посухи дақиқро намедонанд, ё осемасар китоб хондаанду дар ёду зеҳнашон дуруст ҷо нагирифтааст…

Сарчашмаи ҳамаи инҳо шитобзадагии довталабон ва принсипи “мабодо аз боло гап нашунавем”-и масъулини ҳамон муассисаҳост…

Шукр, ки банда дар тӯли панҷ соли доварӣ хеле таҷриба андӯхтаам, ба қавле ин ё он ҷавонро аз панҷ дақиқа баромадаш, аз рафтораш дар саҳна, аз дурахш доштан ё надоштан чашмонаш, аз чӣ гуна оғоз кардани сухан ва чӣ гуна ҳамон андешаро хулоса карданаш мефаҳмам, ки то чӣ андоза дониш ва фаҳму дарк дорад…

Ҳоло ки ин сатрҳоро менависам, сарнавишти он ҷавонро фикр мекунам: бо садҳо умед, ё шояд аз набудани имкон дар вуруд ба мактаби олӣ, ё шояд сабаби дигаре, ин ҷавон ба коллеҷи тиббиву инноватсионӣ дохил шудааст, чаҳор сол аст, ки таҳсил мекунад, дар соли чаҳорум зимни омодагӣ ба ҳамин озмун андешааш тағйир ёфтааст.

Чаро? Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

ШАРҲАШ ХЕЛЕ ОСОН АСТ: ХОНДАНИ КИТОБ ВА ФУРӮ РАФТАН БА УМҚИ НАВИШТАҲО, САЙР ДАР ОЛАМИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГ САМТИ САРНАВИШТИ ИН ПИСАРРО ДИГАР КАРД.

Тағйири на тасодуфӣ, балки бошуурона!

Ин навъи муъҷизакориро на насиҳати падару модар (ки аксаран беҳбуди молӣ ва ҷисмии фарзандон, оянда ба чӣ кори муздаш хуб машғул шудани онҳоро дар мадди назар мегиранд), на таҷрибаи ҳаёт ва на дигар авомил карда наметавонад, ба ҷуз ҲАЗРАТИ КИТОБ!

Маҳз КИТОБ аст, ки тақдири инсонҳоро тағйир мекунад, хоҳ дар ибтидои ҳаёт бошад, хоҳ дар миёнааш…

Як лаҳза ба олами тахайюл мегузарам: кош, дар чунин озмунҳо масъулеро (шахсияти бисёр пурдонишу бавиҷдонро) ҳамчун хазинадор таъйин кунанд ва ӯ кораш ҳамин бошад, ки аз анбуҳи ҷавонон ҳамин навъ писарону духтарони дар андеша суботкорро рӯйхат карда, ба феҳристи алоҳида ҷо кунад ва ба донишгоҳҳо супориш кунад, ки “ана, рӯйхат, бигиред ва назорат кунед, шароити таҳсил фароҳам оваред, китобу пулу либос диҳед, ки инҳо ояндаи миллатро хоҳанд сохт…”.

Ин андешаро ба як дӯсти солманде гуфтам ва посухи аҷибе шунидам: ту бояд АДИБИ ФАНТАСТ мешудӣ…

О, ин гуна тадбирҳо зиёданд, раҳбарони мактабҳои олӣ аз куҷо ин қадар вақт доранд, ки аз оқибати чунин озмунҳо фикр кунанд? Онҳо рӯйхат доранд, чизе, ки гузашт, сабт мекунанд, ки гузашт… Аз пайи дигараш мешаванд, рисолати худро дар он мебинанд, ки ҳадди ақал чор ё панҷ сол “беосеб” кор кунанд, аз боло “гап” нашунаванд… Эҳ, содае…

Аммо ман “содагӣ”-ямро давом медиҳам: агар баъди чунин озмунҳо ҳадди ақал 8 ё 10 ҷавони андешадор пайдо шавад, тасаввур кунед, ки шуморашон баъди панҷ сол ё даҳ сол чӣ қадар мешавад???

Бояд на фақат аз чӣ гуна гузаштани чунин озмунҳои муътабару муҳим, ки нуқтаи сарҳисобашон китоб аст, фикр кард, балки аз оқибаташон низ…

Хуб, ин як таассуроте буд, ки изҳор накарданаш барои банда имкон надошт…

Акнун ду-се сухан аз манзараи умумии дирӯзаи озмун. Вақти фароғат дар даҳлез ба “ҳуҷум”-и ду-се муаллиму намояндаи як духтари довталабе дучор мешавам, ки навакак баромад кардааст ва қобилияти суханвариаш хуб буд… Донишаш ҳам аз дигарон беҳтар…

Муаллим, дидед, шогирди ман хеле хуб баромад кард, 27 китоб хондагӣ…

Бисёр хуб, – посух медиҳам, – аммо то кунун мо надидем, ки аз 7-8 китоб касе бештар хонда бошад… Шумо, ки шогирдатонро дӯст медоред, аз муҳаббат ситоиш мекунед, ин коратон хуб аст…

– Шумо баъзе суолҳое медиҳед, ки ҳатто муаллимон намедонанд, – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад марди дигаре…

– Шумо мафҳуму истилоҳоти хоси таъриху фарҳангро дар назар доред, – баҳс мекунам ман… Ин мафҳуму калимаву ибораҳо (масалан, шуубия, масалан, дунявият, масалан, таҳаммулгароӣ ва бисёре аз ҳамин қабилҳоро) бояд писарону духтарони китобхон бо кумаки муаллимон азхуд кунанд, ба маъноҳояшон сарфаҳм раванд…

Муаллим ё муаллимае, ки довталабро ба озмун омода мекунад, бояд худаш аввал, ё ҳамроҳ бо шогирдаш ин китобҳоро хонда бошад, ба ҷавони довталаб моҳияти баъзе мафҳуму истилоҳоти марбут ба таъриху фарҳангу тамаддунро бо забони сода бифаҳмонад, яъне муаллим бояд босавод бошад…

Ҳамин суҳбати сарироҳӣ маро ба андешае овард, ки бояд дар масъалаи муаллимон ҳам чораҳо андешида шаванд, бо ҳадафи он ки ҳавасманд бошанд…

Заҳмати изофаро маблағгузорӣ мебояд, вагарна барои муаллимон ин гуна корҳо ҳамчун “сарборӣ” дарк мешавад ва табиист, ки натиҷаҳои хуб нахоҳад дод.

Хуб, мегузарем ба дигар масъалаҳо. Рӯзи сеюм дар умум 14 кас пурсида шуд ва чанде аз инҳо дар рӯйхати асосӣ набуданд. Баъзеҳо бо сабабҳое наомаданд ва онҳоро масъулини коллеҷҳо иваз карда буданд. Онҳое омаданд, ки ба қавли худашон дар ҷойҳои ифтихорӣ қарор доштанд…

Духтараке аз коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар интиҳои пурсупоси доварон ногоҳ ашк рехт: надонистем, ки сабабаш чӣ буд. Орому осуда посух мегуфт. Азбаски ҳамагӣ як китоб хонда буд, доварон аз ҳамон китоб ва ду – се суоли дигар аз суолнома пурсиш карданд.

Аммо ӯ гиря кард ва сабабаш маълум шуд – ғайри ихтиёраш омадааст… Ин ҳолат маро ба риққат овард: агар ин духтарро омода мекарданд, китоб медоданд ва назорату кумак мекарданд, шояд яке аз беҳтарин довталабон мебуд… Аммо ғайри ихтиёраш омадааст…

Шояд масъулини ҳамон муассисаи таълимӣ фаромӯш кардаанд, ки китоб хондан маҷбурӣ нест… Мисли он ки дар “Фурӯғ” ҳам хондани адабиёти бадеӣ маҷбурӣ нест…

Ин ҷо, мисли ҳамон писаре, ки дар боло аз гуфтору рафтораш сухан кардам, бояд шавқу шӯр ва рағбату муҳаббат бошад…

Ва низ масъулияти роҳбарон… Беҳуда сарлавҳаи дарозеро интихоб накардам: масъулият мисли либос аст, ки агар аз тан бурун кунӣ, айб набошад, аммо пеши мардум айб аст, айб…

Ҳафиз РАҲМОН,

27.09.2024.