«Ҳафтаи забони русӣ» дар Китобхонаи миллӣ
Дар доираи Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day), ки рўзи 14-уми феврал аст, шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ чорабинии «Ҳафтаи забони русӣ»-ро баргузор намуд. Дар он Муовини аввали Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Салима Раҷабзода, муовини директор Ҷалолуддин Нурзода, хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо», кормандони китобхона ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ширкаткуннадагони маҳфилро аз номи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ хушомадед гуфт ва ба муносибати «Рўзи ҳадяи китоб» ва «Ҳафтаи забони русӣ» меҳмононро табрик намуд. Салима Раҷабзода дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки Китобхонаи миллӣ барои роҳандозии «Ҳафтаи забони русӣ» шогирдони мувваффақи мактабҳоро интихоб намудааст.
Хонандагони литсейи «Раҳнамо» доир ба расму русум, аз ҷумла «масленица», «Иван Купала», «Пасха», «Рождество» ва дигар анъанаҳову ҷашнҳои мардумии рус маълумоти муфиду муфассал доданд.
Дар «Ҳафтаи забони русӣ», ки ду рўз давом хоҳад кард, аз зиндагиву эҷоди шоири шаҳири рус Сергей Пушкин суҳбатҳо намуда, аз ашъори ин адиби маъруфи рус шеърҳои зебову пурмазмун қироат намуданд.
Китобхонаи миллӣ ҳар сол «Ҳафтаи забони русӣ» ва «Рўзи ҳадяи китоб»-ро бо шукуҳи хосса ва ҳадяи китобҳо ҷашн мегирад.
Раҳима Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.