Агар Ҷонибек Қувноқ зинда мебуд…

Ҷонибек Қувноқ Имрӯз ба синни мубораки 81 қадам мегузошт. Субҳи 6 ноябри соли 1990 шоир, тарҷумон, публитсист, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” Ҷонибеки Қувноқ дар манзилаш, шаҳри Тошканд моро тарк карда буд…

Ҷонибек Қувноқ 10-уми ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашти кӯҳистони Нурато, ки ҳоло мутааллиқ ба ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах аст, дар оилаи деҳқон ба дунё меояд. Ӯ таълими ибтидоиро дар зодгоҳ ва маълумоти миёнаро дар мактаби деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато фаро гирифта, таҳсили худро дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд идома медиҳад. Пас аз хатми донишкада дар мактаби миёнаи №11, ноҳияи Панҷакент фаъолияти омӯзгории хешро оғоз менамояд.

Ҷонибек Қувноқ аз соли 1966 то дами охирини зиндагӣ дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» кор кардааст. Шоир ҳамчун масъули шуъбаи адабиёту ҳунар ва дертар ба унвони ҷонишини сармуҳаррир дар пешрафти рӯзномаи тоҷикии ҷумҳурӣ хидматҳои пурарзиш анҷом медиҳад. Ӯ дар такмили истеъдод ва маҳорати эҷодии қаламкашони ҷавон нақши бориз дорад. Яке аз нахустин муҳаққиқонест, ки таърихи рӯзномаи «Овози тоҷик» – ро ба қалам дода, дар ин робита пажӯҳишҳои муфид анҷом додааст.

Ҷонибек Қувноқ дар байни эҷодкорони солҳои 70 ва 80-ум аз он ҷиҳат бартарӣ дошт, ки ӯ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мусаллат буд, ба ду забон эҷод мекард ва дар ин самт анъанаи неки халқҳои бародарро идома медод. Дар тарғиби адабиёти тоҷик дар байни мардуми ӯзбек ва мутақобилан, адабиёти ӯзбек дар байни халқи тоҷик саҳми босазо мегузорад. Чунончи, ӯ кори тарҷумаро аз ашъори устоди назм – Мирзо Турсунзода («Оташ посбони») ва Мавҷуда Ҳакимова («Қуёш зарраси») оғоз намуда, бо густариши ин фаъолият чандин намунаро аз осори шоирони тоҷик, ба мисли Дақиқӣ, Убайди Зоконӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Саййидои Насафӣ, Маъдан, Савдо, Аҳмади Дониш, Саҳбо, Асирӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат, Айнӣ ба ӯзбекӣ бармегардонад. Маҳз бо кӯшиши ӯ ду романи адибони яҳудитабори Бухоро Ёқуб Ҳайимов ва Малик Раҳмон бо исмҳои «Ду тақдир» ва «Дарбадар» ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткур Ҳошим бо номи «Нур ва соя», достони Абдулло Орифов «Ҳаким ва аҷал» ва бисёре аз ашъори Эркин Воҳидов, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев, Назармат ба қалами Ҷонибек мансуб аст.

Бояд зикр намуд, ки ҳамзамон бо чопи китобҳои шоир дар Душанбе, маҷмӯаи шеърҳояш дар Тошканд низ (ба забони ӯзбекӣ) ба табъ расидаанд. Чунончи, китобҳои «Юрак тӯлқинлари» ва «Сенга интиламан» (бо ҳаммуаллифӣ) далели ин гуфта аст. Бо ибтикори шоир китобҳои «Дӯсти мо, бародари мо» ва «Гулдастаи Самарқанд» чоп шудаанд, ки аз осори дастҷамъии адибон фароҳам омадаанд. Шоир дар поёни умр вақти худро бештар барои тарҷумаи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Алишер Навоӣ сарф мекунад. Бахше аз тарҷумаҳояш соли 1989 дар китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ» ва қисми дигараш соли 1991 дар шумораи аввали «Садои шарқ» ба табъ расидаанд.

Публитсистикаи Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқ доманаи фарох дорад ва ҳанӯз ба таври лозим баррасию омӯхта нашудааст. Мебояд ёдоварӣ намуд, ки ӯ радиожурналисти моҳир низ буд. Садояш аз радиои тоҷикии Ӯзбекистон буррою расо пахш мешуд. Ҷонибек Қувноқ асосгузори барномаи тоҷикии «Рангинкамон» дар Телевизиони Ӯзбекистон аст.

Пас аз даргузашти шоир Ҷонибек Қувноқ, ки ин ҳодиса хеле зуд, дар синни 49-солагиаш рух медиҳад (6-уми ноябри соли 1990), ному кори неки ӯ, осори содаю пурмаъниаш дар дили халқҳои тоҷику ӯзбек муҳр баст. Ба хотири ёдоварӣ ва бузургдошти шоир ҳар сол дар зодгоҳаш – деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ва пайваста дар шаҳрҳои дигар нишасту анҷуманҳои ҷолибу гуворо доир мегардад.

Дар нашриётҳои Тоҷикистон ду китоби ашъори баргузидаи шоир бо таҳриру сарсухани устодони сухан Саидалӣ Маъмур ва Лоиқ Шералӣ («Саховат» / Душанбе: Адиб, 1998) ва Гурез Сафар («Чароғи сухан» / Душанбе: Адиб, 2010) ба табъ расидаанд. Соли 2019 бо эҳтимоми марди равшанфикр Абдукарими Шариф, шоир Асадулло Исмоилзода ва адиб Юнуси Имомназар китоби нави Ҷонибек Қувноқ бо номи «Ширу шакар» интишор меёбад (Тошканд: «Ноширлик ёғдуси», 2019).

Бояд зикр намуд, ки нахустин маҷмӯаи шеърҳои Ҷонибек Қувноқ соли 1973 бо номи «Қарз» дар Душанбе интишор ёфтааст. Сипас китоби дигари ӯ – «Арзи дил» соли 1977 арзи ҳастӣ мекунад. Маҷмӯаҳои навбатӣ бо исмҳои «Ифтихор» (Душанбе: Адиб, 1982), «Розҳо» (Душанбе: Адиб, 1987), «Зангӯла» (зери таҳрири Одина Мирак / Душанбе: Адиб, 1990) дар Тоҷикистон чоп шудаанд.

Марқади шоир Ҷонибек Қувноқ дар зодгоҳаш – деҳаи хушманзари Порашт қарор дорад ва зиёратгоҳи хурду калон аст. Бар рӯйи лавҳи гӯри шоир ин мисраъҳо ҳак шудаанд: Баъди мурдан нишони мо сухан аст, Оташи корвони мо сухан аст.

(Аз китоби “Гули санг” (Баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кӯҳистони Нурато. Мураттиб ва муҳаррир: Юнуси ИМОМНАЗАР, адиб, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон). – Тошканд: «TAMADDUN», – 2020. 312 саҳ. –С. 60-62).

Намунаҳо аз ашъори шоир

АРЗИ ФАРЗАНД

Модар, сари қабрат омадам боз,

Бо меҳру муҳаббат омадам боз.

То мужда зи фасли гул расонам,

Гул чинаму рўйи қабр монам.

То пеши ту шарҳи ҳол гўям,

Аз қисмати худ мисол гўям…

Эй пораи қалб гуфта будӣ,

В-эй чораи қалб гуфта будӣ,

То заҳри азоби дил шавад нўш,

Ҷў канда зи оби ҷўйи худ нўш.

Хоҳӣ, ки зи лавҳи ёди мардум

Номат нашавад дар ин замон гум,

Мебош мудом ғамбарораш,

Бардор ба дӯши хеш бораш,

Дар бар рухи пастҳимматӣ пўш,

Аз баҳри баландномӣ мекўш…

Ин панди ту гашт нардбонам,

То ки ба баландӣ пой монам,

Бишкуфт ниҳоли орзуят,

Во гашт гиреҳи ҷустуҷўят.

Ҳоло ҳама модарони дилбанд

Хонанд маро ба хеш фарзанд.

Гўянд сухан, садоят ояд,

Савти нави муддаоят ояд.

Имдодгарӣ ҳанўз моро,

Чун аввала чокдўз моро.

Модар, ана боз омадам ман,

Бо рўйи ниёз омадам ман.

Баргўй чӣ кор карданамро,

Аз нав чӣ қарор карданамро…

***

Сари зулфат зи дастонам раҳо шуд,

Аз он тори дили ман бенаво шуд.

Вале як раҳ нагуфтӣ аз сари меҳр,

Ба ин бечораи ошиқ чиҳо шуд.

Аз он шодам, ки ношодам надидӣ,

Ҳар он чи шуд ба ҷабри ҷони мо шуд.

Хаёли корубор аз ёди ман рафт,

Хаёли дидани ту муддао шуд.

Барои диданат сад роҳ ҷустам,

Вале роҳи раво ҳам нораво шуд.

Биё, ёро, зи роҳи лутф боре

Ки лутфи ту ба дарди дил даво шуд.

Аз саҳифаи Қироншоҳ Шарифзода дар Фейсбук.