Агар “Рўзи ҳадяи китоб” анъана шавад….
14-уми феврал, ки дар баъзе мамолики олам чун рӯзи ошиқон таҷлил мешавад ва ин анъана ба кишвари мо ҳам зуҳур карда буд, хушбахтона чанд соли охир ба Рӯзи ҳадяи китоб табдили ном кард. Аз сол ба соли дигар мо туҳфаи китобро пурҷилотару ҳамагонитар меёбем. Ҳато писарбачаи хўрдакаки америкоӣ, фарзанди бонуе бо номи Эмми Бродмур, ба модари худ суоле медиҳад: чаро модарҷон тамоми рўзҳои ҷашн рўзи хос аст, рўзи тақдими китоб ягон рўзи хос надорад?
**** **** ****
Аниси кунҷи танҳои китоб аст.
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Оре, чи хеле, ки мегўянд, китоб ин манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуруғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рўи санг, чуб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд! Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид.
14-уми феврал, ки дар баъзе мамолики олам чун рӯзи ошиқон таҷлил мешавад ва ин анъана ба кишвари мо ҳам зуҳур карда буд, хушбахтона чанд соли охир ба Рӯзи ҳадяи китоб табдили ном кард. Аз сол ба соли дигар мо туҳфаи китобро пурҷилотару ҳамагонитар меёбем. Ҳато писарбачаи хўрдакаки америкоӣ, фарзанди бонуе бо номи Эмми Бродмур, ба модари худ суоле медиҳад: чаро модарҷон тамоми рўзҳои ҷашн рўзи хос аст, рўзи тақдими китоб ягон рўзи хос надорад?
Дар рўзи ҳадяи китоб мо метавонем ба фарзандону наздикони худ, ба боғчаю мактабҳо ва бахусус ба мактаб-интернатҳо китоб ҳадя карда, ба китобхонию донишомўзӣ диққати хонандаро ба омӯзиш ҷалб кунем, зеро китоб ин як ганҷи бебаҳост, ба воситаи ана ҳамин китоб аст, ки инсон дониши худро, зеҳни худро сайқал медиҳад ва ба воситаи китобхонӣ зеҳни кўдак рушд меёбад. Инчунин дар шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон “Рӯзи ҳадяи китоб” барномаи адабӣ-маънавӣ бо номи “Ҳафтаи забон ва адабиёти рус” дар якҷоягӣ бо хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Президентӣ” барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар толори шуъба баргузор гардид ва дар охир маъмурияти Китобхона ба ширкаткунандагон ҳар гуна адабиётҳои бачагонаро туҳфа намуданд.
Оре, «ганҷ магир – китоб гир» – мегўянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом рассад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Шукр аз он дорам, ки бо ҳиммату ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷумҳурӣ бинои боҳашамати Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар даврони Истиқлол барои хохнандагони мо як туҳфаи беҳтарин маҳсуб мешавад.
Мегўянд «Хонаи бе китоб, рўзи бе офтоб аст». Мусаламман, мо метавонем аз ин фурсати муносиб истифода бурда, китобҳое, ки тули чандсолаҳо дар хонаҳои ҳар яки мову шумо аст, ба чунин китобхонаҳо бурда, дар рўзи ҳадяи китоб ҳамчун туҳфа тақдим кунем, то ки дастраси ҳар як хонандае гардад, ки ошиқи китоб аст.
Бале, китоб дўсти беҳтарин ва ҳадяи беҳтарин ба ҳисоб меравад!
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ў ба гушаи танҳоӣ.
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Шаҳноза Дониёрова,
сардори шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасони
Китобхонаи миллӣ.