Аҳмад Аккош: “Фирор”, Ҳомид Даманҳурӣ: “Муҳаббат ва қарз”
Ин ду романи адибони араб дар тарҷумаи Комил Мусофиров дар як китоб соли 1990, яъне 35 сол пеш чоп шудааст. Аввалин ва охирин чопи ду асари машҳури адибони араб. Бо гузашти солҳо ва аз дархосту мутолааи зиёд ин нусха фарсуда шуда буд. Муқова ва варақҳои фарсудаи онро кормандони шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо таъмир карданд ва дубора ба толори хониш баргардонданд.
Романҳои “Фирор” ва “Муҳаббат ва қарз” асарҳои мағз андар мағз иҷтимоӣ буда, ба қалами ду адиби муосир ва пешқадами араб Аҳмад Аккош (Алҷазоир) ва Ҳомид Даманҳурӣ (Арабистони Саудӣ) таалуқ доранд, ки солҳои 1966 ва 1975 ба забони русӣ тарҷума ва интишор шудаанд.
Романи “Фирор”мазмуну мундариҷаи инқилобӣ дошта, ба ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқи Алҷазоир баҳри озодӣ ва истиқлолияти миллӣ бахшида шудааст.
Қаҳрамони асосии роман Браҳим прототипи ҳазорҳо муборизони роҳи озодӣ ва истиқлолияти Алҷазоир мебошад, ки аз ҳабсхонаи Фаронса бо ёрию мадади дўстонаи алҷазоирӣ ва франсавиаш фирор мекунад.
Қобили таваҷҷўҳ ва қайд аст, ки муаллифи романи “Фирор” Аҳмад Аккош яке аз муборизон ва маҳбусони сиёсӣ буд, ки чандин соли ҳаёташро дар маҳбасҳои мустамликадорон сипарӣ карда, тамоми ҳодисаҳо, азобу шиканҷаҳо ва истинтоқҳои хунинро аз сари худ гузаронида буд. Аз ин ҷост, ки романи “Фирор”–ро адабиётшиносон асари тарҷумаиҳолӣ номидаанд.
Дар романи “Фирор” ҳамрайии миллатҳои гуногун ва интернатсионализм байни халқҳо баръало дида мешавад. Мисоли равшани ин шаҳрвандони Фаронса Макс ва Симона шуда метавонанд, ки ба маҳбусони сиёсии алҷазоирӣ дасти кўмак дароз мекунанд ва дар амалӣ шудани нақшаи фирор аз яке аз ҳабсхонаҳои дурдасти Фаронса ба онҳо ёрии амалӣ ва бародарона мерасонанд.
Романи “Фирор”, ки тахминан соҳои 70- ум навишта шудааст, ба қавли нависандаи машҳури Алҷазоир Котиб Ёсин, беҳтарин романи солҳои ҳафтодум мебошад, ки адабиёти ҷавони алҷазоирро бо идеяҳои нави революционӣ бой гардонд.
Романи “Муҳаббат ва қарз”- и Ҳомид Даманҳурӣ бошад, чи хеле дар боло қайд рафт, низ асари иҷтимоӣ мебошад, ки дарси ишқ, муҳаббат, меҳнат, ҳаёти ҷавонон ва муборизаи онҳо барои ҷамъияти бе озору бе истисмори одам аз тарафи одам таҷассум ёфтааст.
Дар роман масъалаҳои актуалии ҳаёти Арабистони Саудӣ тараққиёти илму маданият ва прогресси иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он ба миён гузошта мешавад. Инчунин дар роман воқеаҳои тааҷҷубовар ва мудҳише, ки дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва солҳои баъдиҷангӣ дар мамлакат рух додаанд, бевосита инъикос ёфтаанд.
Қаҳрамони асосии романи “Муҳаббат ва қарз” ҷавонон мебошанд, ки ба муқобили баъзе урфу одатҳои кўҳна мубориза мебаранд, онҳо муқобили он қоидаҳое мебароянд, ки садди роҳи пешрафти ҷамъият мебошанд.
Ҷолиби қайд аст, ки дар даҳсолаҳои охир дар мамолики Шарқи Миёна ва Наздик табаддулоти муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ рўй дода истодааст. Ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ вусъат меёбад, идеяҳои сохтмони ҷамъияти демократӣ, адолатпарвар ва инсондўст пайдо шуда, мустаҳкам мегардад.
Дар романи “Муҳаббат ва қарз” маҳз ана ҳамин идея – сулҳ, озодӣ, истиқлолият, амнияти халқҳо тараннум ёфтааст.
Сафарбӣ Қурбоналиева,
мутахассиси шуъбаи таъмир
ва тармими ҳуҷҷатҳо.