Академик Евгений Бертелс: Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Фирдавсӣ. Буд ё набуд?
Пажўҳишгароне, ки дар манзумаи Фирдавсӣ – «Юсуф ва Зулайхо» пайковӣ ва баррасӣ кардаанд, бар ин боваранд, ки ин асар аз назари адабӣ сахт заиф ва фурўтар аз «Шоҳнома» аст ва наметавонад бо он паҳлу занад. Сабаби инро ҳам дар он медонистанд, ки чакомасаро онро дар куҳансолӣ суруда, ба гумон ба шитоб суруда ва сахт ба дарвешиву фақр гирифтор омада будааст. Аммо касеро гумоне набуд, ки ин манзума аз Фирдавсӣ нест.
Дар соли 1946-и милодӣ Минуӣ дарзамон хатои Ч. Рёро боз намуда буд (Рё чунин баршумурда буд, ки гўё Фирдавсӣ кўшидааст, «Шоҳнома»–ро ба Хони Ланҷон пешкаш кунад), дар гуфтори мустадлали интисоби манзумаи «Юсуф ва Зулайхо» ба Фирдавсиро рад кард. Эътиқод дошт, ки гўё ин манзумаро шаст-ҳафтод сол пас аз марги шоири бузург марде динёр, ки дигар равшан сохтани номи вай муяссар нест, суруда бошад. Аммо истидлоли Минуиро бо он ки бар бархе асос ва бунёдҳо ҳам устувор ҳастанд, наметавон ҳамчун бозгушояндаи бечуну чарои масъалаи тааллуқ ё адами тааллуқи «Юсуф ва Зулайхо» ба Фирдавсӣ пазируфт. Ногуфта намонад, ки дар дувумин манзумаи Фирдавсӣ низ бисёре аз бахшҳои он бо неруи такондиҳандае навишта шуда ва захме, ки ҳолу рўзи пайкори сахти сиёсии поёни садаи даҳуми тарсоӣ бар ҷону равони шоир зада буд, яксара дарёфт шуданӣ аст. То ҳангоме, ки Минуӣ натавонистааст далоили маҳкамтаре дар исботи сохтагӣ будани ин асар биёварад, мо дар ҳамон андешаи пешини худ хоҳем буд. Манзумаи Фирдавсӣ «Юсуф ва Зулайхо» ҳеҷ гоҳ дар ховарзамин бо иқболи густурдае рў ба рў нашудааст. Манзумаҳои дигар дар бораи ҳамин мавзўи қуръонӣ, ки аз миёни онон, ба вижа сурудаҳои Ҷомӣ ва Нозими Ҳиравӣ дар Осиёи Миёна овозае ҳосил карданд, ҷоеро бар ин манзума танг карда ва онро дар раддаи дувум қарор доданд. Дар садаи понздаҳуми тарсоӣ, манзумаи хуби дигаре ба забони узбекӣ (туркии чиғатоӣ) аз шоири камовозае ба номи Дурбек ба вуҷуд омад. Дар ҳамаи ин манзумаҳои пасин дилдодагии Зулайхо (зани Футифор дар Таврот) ба Юсуф (Юсуфи зеборух дар Таврот) дар конуни нигариш аст. Чакомасароёни сўфия ин ишқро чун ишқи ирфонии одамизод ба «ман»-и воло тафсир кардаанд ва онро дар омўзишҳои гуногуни суфия ба кор мебурдаанд.
Дар оғози ёздаҳуми тарсоӣ ҳанўз ҷараёнҳои суфия дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ нуфузи чандоне надошт, инҳо бештар дар миёни пешаварон ва бозоргонони хурд густариш доштанд. Ашроф ва намояндагони фикрӣ ва маънавии онҳо, дар он ҳангом ба чашми ҳақорат дар инон менигаристанд. Онҳо дар миёни бузургони деҳқон наметавонистанд нуфуз бикунанд, зеро ба ормонҳои исломӣ, ки деҳқонҳо ба онон иқболе нишон намедоданд вобастагӣ надоштанд. Бо он ки Фирдавсӣ мавзўи манзумаи худро аз Қуръон гирифта буд, аммо нахустинаи ирфонӣ ба он дарнаёварда ва ҳарчанд ки мояи шигифтӣ аст, ин мавзўро то андозаи реалистӣ (чунонки ҳаст) оростааст.
Дар бораи ҳама чиз ба кўтоҳиву ихтисор сухан ронда ва ҳамаи ғайримумкинҳо ва нотавонистаниҳоро дар радаи дувум ҷой додааст. Лекин ин ҳам ҳаст, ки Ҷабраил, муждарасони Илоҳӣ, бар Юсуф фурўд омада ва фармони парвардигорро ба ў иблоғ мекунад. Аммо Фирдавсӣ ин саҳнаҳоро, ки дар асарҳои шуарои пасин аз вижагиҳои розу рамзҳои пушти пардаи ғайб бархўрдор аст, чунон менигорад, ки гўё коре яксара одӣ аст ва саворе аз сўи фармонравое омадааст. Ҷабраил корбарони фармонро иблоғ мекунад ва ба ҳамон корбарӣ посухи Юсуфро ҳам мешунавад. Набояд аз ёд бубарем, ки шоир дар «Шоҳнома» аз омадани пайке ҳамонанди сурўши зартуштиён сухан гуфта ва бино бар ин хонандагони Фирдавсӣ аз нукта дар шигифт намешудаанд. Аз ишқи табоҳангези Зулайхо ба бардаи ҷавон ҳам дар манзума ба кўтоҳӣ сухан рафтааст. Фирдавсӣ бе он ки дар пайковии равоншиносона жарф шавад, бо чанд байти устодона нишон медиҳад, ки зани ҷавоне, ки ҳамвора дар канори хеш зеборухеро бинад, аз лағзиш ногузир аст. Ёдоварарӣ бояд кард, ки мутааххирин ҳазорон байт дар васфи зебоии Юсуф суруда, зебоии ўро мў ба мў намоёнида, нигораи ҳамаи андоми ўро овардаанд. Дар ин кор дар корбурди истиора ва ташбеҳоти гуногун, ки дар он рўзгорон маъмул ва марсум буда, роҳи иғроқ паймуданд.
МАТЛАБИ БЕШТАР АЗ БЕРТЕЛС:
- Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ
- Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ. Идома
- Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ. Анҷом
- Академик Евгений Бертелс: Сохти чеҳраҳо ва сабки «Шоҳнома»
Фирдавсӣ роҳи дигар дар пеш гирифтаст. Ў дар бисёре аз ҷоҳои чакома аз ҳусну зебоии Юсуф сухан ба миён меоварад, аммо дар ҳама ҷо ба чанд байт басанда мекунад. Гувоҳи асосии неруи зебоии ўро барои конуни ба саҳна даровардани ҷавон ба Миср нигаҳ медорад. Ҳангоме ки Юсуфро барои фурўш дар бозор ба намоиш мегузоранд, бадбахтии ҳавлноке рух менамояд. Ҳамаи мардум барои дидани ҷавони зеборўй ба майдони бозор рўй меоваранд ва ҳазорон тан дар зери пои ҷамъият ҷон мебозанд. Фирдавсӣ барои ҳусни таъсир меафзояд, мардуме, ки зебоии Юсуфро дида буданд, наздик шудани маргро дарнаёфта, ба роҳатӣ ҷон медоданд. Ин саҳна бисёр ёдовари шевае аст, ки Ҳомер ба ҳангоми нигориши зебоии Ҳулан ба кор бурдааст. Фирдавсӣ ҳам ба ростӣ дар ҳамон роҳ гом зада, аммо ба расми сухансароии ховарзамин ба иғроқ даст ёзидааст.
Меҳру дилбастагии падару писар яке аз муҳимтарин оҳангҳои манзума аст. Муносиботи Яъқуб ва Юсуф дар афсонаи пурҳаяҷон, меҳре бисёр латифу саршор ва аз худгузаштагӣ густурда шудааст. Фоҷиаи асосӣ ҳамоно ҷудоии падар аз писари дилбанди хеш дар чиҳил сол аз зодгоҳ аст. Fами фироқ ҳам яке аз мавзўҳои ҳамешагии шеър дар ховари наздик ва миёна будааст.
Маҷнунҳои бешумореро ба ёд меоварем, ки дар ишқи Лайлиҳо месўхтанд ва низ суханони пуртумтароқеро ба хотир меоварем, ки шоирони пасин бар лабони Маҷнунҳо мегузоштанд. Фирдавсӣ дар ин ҷо дар довариҳои равоншиносона ва нолаву мўяҳои пуробу ранг гом барнадоштааст. Ў дар чанд байт ва ба ихтисор хонандаро ба ҳамдардӣ бо қаҳрамонони достони худ, ки дар ғами жарф дарғалтидаанд, вомедорад. Шоир шарҳи ҷудоии Яъқубро аз писараш, ҳангоме ки ў бо бародаронаш ба гардиши маргофарин меравад, чунин меоварад. Бар дили падар афтод, ки ин гардишро фарҷоме нек нест ва дасти сарнавишт дар кори фароҳам овардани зарбате ҳавлнок бар вай аст. Ў мехоҳад дурдонаи хешро аз рафтан боздорад, аммо дар баробари хоҳиши писарбачаи шодон тоб намеоварад. Баҳор аст ва Юсуф орзуи дашти сабз ва хуррамро дорад ва мехоҳад бо бародарон бозӣ кунад, онон мераванд ва пирамард дар пайи ишон ба роҳ меафтад:
Яке тал буд аз гўшаи раҳ баланд,
Бар афрози тал бар шуд он ҳушманд.
Ба Юсуф ҳаме кард з–он тал нигоҳ,
Ҳамедид то ним фарсанг роҳ.
Чу аз чашми Яъқуб шуд нопадид,
Кӣ донад, ки ўро чӣ андўҳ расид.
Замоне бад–он тал ҳаме буд ба пой,
Саросема аз бахти шўридарой.
Пас омад ғиревон ба бунгоҳ боз,
Дилаш бешикебу танаш бо гудоз.
Ба уммед биншаст дида ба роҳ,
Ки ояд шабонгоҳ хуршеду моҳ.
Ҳамегуфт Яъқуб бо дил ба роз,
Ки рўзи ман имрўз бошад дароз.
Ҷаҳондор Яъқуби бо дод ҷуфт
Аз ин росттар чиз бо дил нагуфт.
Ки он рўз ў сахт бадфол буд,
Дарозиш ту гўи чиҳил сол буд.
Танҳо устоди бузург метавонистааст бо ин эҷоз ва ихтисор, чунин маънои жарфе биёварад. Менамояд, ки барои нишон додани эҳсоси пок ва нек чун меҳри падар ба писар, бо тафсиле бештар, дасти шоир намерафтааст. Ба ёд биёварем, ки шоири пир андаке пеш аз он дар ғами марги ягона писари хеш ба ҳамин дарди ҷонкоҳ гирифтор омада буд. Оё ҳамин дард ва андўҳ байтҳои, ба ростӣ, ғамноки болоро ба гўши шоир замзама накардааст? Васфи навмедии Юсуфро дар роҳи Миср, ҳангоме ки ўро аз канори гўристоне, ки гўри модараш дар он ҷост, мегузаронанд, шоир чунин ба тасвир кашидааст.
Саҳаргаҳ ба ҳангоми бонги намоз
Расид ў бари гўри модар фароз.
Чу Юсуф нигаҳ карду он гўр дид,
Дили мустамандаш зи тан бардамид.
Зи уштур сабук хештан дарфиканд,
Тани хеш бар гўри модар фиканд.
Чунон гўри модар ба бар даргирифт,
Ки мондаст аз ҳуши мардум шигифт.
Бад-он рўй бинҳод пас раъдвор,
Хурўше бароварду бигрист зор.
Зи дида яке сели хун баргушод,
Ки сар сўи дарёи Қулзум ниҳод.
Fиревон ҳамегуфт, к-эй модарам,
Зи дарди фироқи ту дар озарам.
Баровар сар аз хоку дар ман нигар,
Бубин он гиромиву фаррухписар.
Ки чун зору хорасту чун мустаманд,
Чу девонаву дузд баста ба банд.
Аё модар, огаҳ наӣ аз писар,
Ки ўро пас аз ту чӣ омад ба сар.
Дар саҳнаи пасин бурдбории хомўшонаи Юсуф ва тан супурданаш ба тақдир ва нармии қудсонаи ў бо бародарон, ки вайро фурўхта буданд, ўро фаротар аз ҳамдардӣ қарор дода буд. Аммо дар ин ҷо таркиши нола ва мўя мояи ҳамдардӣ ва дилсўзии жарфи хонанда бо ҷавони ранҷдида дида мешавад. Дар ин ҷо дар баробари на набиву паёмбар аз яҳуд, балки ҷавонаки дармонда ва беёру ёваре аст, ки бераҳмона дар хорияш кўшида, ҳамаи ҳуқуқи инсониро аз ў бозситондаанд. Ў дар ҷаҳон бе ёру пуштибон монда ва ба ҷуз падидаи одӣ ва пешипоафтода буда ва чунин дидмоне дар он замон мебоист пажвоке бисёр ғайриодӣ дошта бошад. Аз ҳамин дам аст, ки шоир хонандаро мутаваҷҷеҳи қаҳрамони хеш месозад.
Ўро во медорад, то сарнавишти кўдакро пай бигирад ва бо Юсуф дар ниҳон, дар шабҳои танҳоии хеш бар бистари худ аз гиря ва мўя нафастанг шавад. Ҳамин вижагиҳои манзума аст, ки моро ба ин андеша вомедорад, ки ин манзума бо ҳамаи костиҳояш мебоист офаридаи устоде бузург бошад. Неруи ин чакомаи баланд на дар манозири густарда, на дар достонҳои сутурги ҳамовардиҳои бузург ва на дар эҳсосоти гарме аст, ки бар хилофи чакомаҳои он рўзгор дар манзума саршор аз он аст, балки дар мардумӣ будани ростини он ва дар зеру бамҳои латиф ва шигифтангезе аст, ки ёдовари наққошиҳои устодони куҳани ҳуландӣ аст.
Шоир дар ҳамон оғози манзума, ба ҳангоми овардани достони хостгории Яъқуб, забардастона бо маҳорати Лобони пир молдори маккор ва тангчашмро ба тасвир мекашад, ки мехоҳад колои худро ҳар чӣ гаронтар об кунад. Дар ин парда Яъқуб на як паёмбар, балки арбоби пуркори рустост, ки барои ҳар барра ғамхорӣ мекунад ва дар душвортарин шароит метавонад бар шумори рама биафзояд. Ба яқин метавон гуфт, ин сатрҳоро марде навиштааст, ки бо хубӣ ба кишоварзӣ ошно буда ва таҷрибаи басанда дар ин кор доштааст. Ҳамин нукта боз ба гунаи таййиди ин нукта аст, ки Фирдавсӣ, то он ҷо, ки огоҳӣ дорем, ҳамаи зиндагонии худро дар мазрааш ба сар бурда буда, сарояндаи ин манзума аст.
Моҷарои хашми занони ашрофи Миср аз ин ки Зулайхои бузургзода дил ба ишқи ҷавонаке ғулом супурда ва хор шуда, дар Қуръон омадааст. Аммо дар ин ҷо аз ин достон ба кўтоҳӣ сухан рафтааст ва дар манзума кайфару гўшмоли занони риёкори маломатгар ба густардагӣ ва нағзӣ ва то андозае ҳам дар ҷомаи танз васф шудааст. Ошкоро бояд пазирфт, ки манзума яксара ба суннатҳои исломӣ пойбанду вафодор мондааст. Дар сар то сари манзума оҳанги зарурат, ризову таслим ба тақдир дида мешавад. Юсуф сабаби бадбахтии худро ин медонад, ки падараш ба ҳангоми додани иҷозат барои гардиш ва супурдани вай ба бародарон аз ёд бурда буд, ки ўро ба Худо биспорад. Бадбахтӣ аз он рўй намуда, ки нишон диҳад танҳо метавон бар ҳимояти илоҳӣ такя кард ва ба мардум умед набояд дошт. Ҳангоме ки Юсуф хоби рўъёии Соқиро таъбир мекунад ва ба ҳангоми озодии вай аз зиндон аз ў мехоҳад, ки назди Фиръавн шафоати ўро карда ва саргузашташро ба ў бигўяд, дубора ба бузургӣ мерасад ва аз ёд мебарад, ки касе барои бозгардонидани ҷойгоҳи пешин ўро ёрӣ додааст ва Юсуф ҳафт соли дигар низ дар банд мемонад. Ва ин боз кайфаре аст дигар бар ин ки ба ҷои таваккул бар Худо аз офаридаи вай ёрӣ хоста буд.
Ногуфта пайдост, ки чунин фарохонии бечуну чаро иродаи пархошу эътирозро фалаҷ мекардааст. Аммо набояд аз ёд бибарем, ки ин манзума дар чӣ ҳолу рўзе навишта шуда буд. Марде куҳансол, ки сахт нокомӣ дида ва ёру ёвар, ҳамаи кохи орзуҳояшро барбод дида, ин манзумаро сурудааст. Ҷои шигифте нест, агар дигар ў барои размидан нерўe надошт ва омода буд, ки ҳаммонанди қаҳрамони манзумаи хеш тан ба қазо супорида, бо ҳар бадбахтие бисозад ва чашм ба роҳи поёни ҳамаи тирарўзиҳо, яъне марг бошад, ки дам ба дам наздиктар меомад. Бархе бар ин андешаанд, ки Фирдавсӣ бо сурудани «Юсуф ва Зулайхо» дар паи исботи росткешии хеш буд, то дар баробари тохтутозҳои мутаассибон, ки ўро барои ситоиш аз шаҳриёрони «кофар»-и бостони сарзаминаш мекарданд, ҳуҷҷате дошта бошад. Шояд ҳам шоир чунин қасде ҳам доштааст. Аммо набояд аз ёд барем, ки он рўзгор, рўзгори саёдати беҳадду андозаи диндороне буд, ки метавон гуфт раҳоӣ аз онҳо мумкин набуд ва шояд хатари инон ҳатто аз хатари Маҳмуди булҳавас ҳам хаторноктар будааст. Ба дарёфти ин ки ангезаи тан дардодани ночори пирамарди ранҷдида ба таслиму ризо чӣ будааст, наметавонем ўро чандон накўҳиш кунем.
Равшан аст, ки агар бар «Шоҳнома» огоҳ намебудем ва дар бораи Фирдавсӣ танҳо аз рўи манзумаи «Юсуф ва Зулайхо» ночор ба доварӣ будем, аҳамияте дигар ба осори ў медодем. Аммо ҳатто дар он ҳангом низ, бе он ки дар адабиёти порсӣ-тоҷикӣ ҷои нахустро ба Фирдавсӣ диҳем, боз ҳам ночор будем ўро ба унвони яке аз бузургтарин шоирони рўзгори хеш бипазирем.
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.
Теги: тоҷикшиносӣ