Академик Евгений Бертелс: Сохти чеҳраҳо ва сабки «Шоҳнома»

Ин ки ба ростӣ ҳамаи бахшҳои «Шоҳнома» поёне яксон доранд, ба манзума ҳамоҳангӣ мебахшад. Дар бахши нахуст омадааст, ки чӣ гуна дар паи бархўрде, ки мояаш бахш кардани ҷаҳон буд ва ба кушта шудани Эраҷ анҷомид, набарде саҳмгин миёни Эрону Турон оғоз мешавад ва дар ин набард анҷоми андешаҳои Аҳриман бо турониён аст. Сипоҳсолоре саҳмгин чун Афросиёб сару солори ҷангҷўёни туронӣ аст ва менамояд, ки Эронро аз нобудии ногузир гурезе нест.

Дар бахши дувум, хонадони пуровозаи паҳлавонони Систон падидор мешаванд, ки ба дифоъ аз эронзамин бармехезанд ва пас аз пайкорҳои сахту хунин, ки садаҳо ба дарозо мекашад, душманони хешро аз сари роҳ бармедоранд. Аммо боз тирарўзӣ ва шўрбахтӣ рух менамояд, нобихрадии шоҳ ба марги ҳамаи паҳлавонон меанҷомад. Исфандиёри ял, пушти Эрон, сипоҳ ва посдори Эрон нобуд ва Рустам низ кушта мешавад, Эроншаҳр дубора беёр ва пуштибон мемонад. Кист, ки ба ёрӣ бархезад? Посух бедиранг дар бахши савуми «Шоҳнома» меояд: Фарри эзадӣ ба Ардашер мерасад ва кори сарбаландонаи посдорӣ аз кишвар ба ў ва наберагонаш супурда мешавад. Бахши савум ҳам ба шикаст ба поён меояд. Сосониён нобуд мешаванд ва пешгўии вахшуронаву талхи Рустам, (Фаррухзод) ки мегўяд аз инон дигар касе ба шаҳриёрӣ намерасад воқеият пайдо мекунад. Дубора Аҳриман пирўз мешавад ва ин бор тозиёнро чун сипоҳи хеш меоварад.

Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошт, ки дар оғоз ва дар бахшҳои дувум ва савуми «Шоҳнома» пуштибон ва вораҳонандае пой ба майдон мегузорад. Дар ин ҷо бояд ҳар хонандаи борикбинеро ин андеша дар сар ояд, ки аз он ҷо ки дар ҳамаи душвориҳо неруҳои некӣ-эрониён аз байн нарафта, ба вораҳонанда расиданд, пас ин бор низ метавон вораҳондаеро чашм дошт. Агар ба ёд биёварем, ки Фирдавсӣ мехост манзумаи худро ба Сомониён пешкаш кунад, он гоҳ андешаи ў ҳам равшан мешуд. Ба андешаи ў ин вораҳонандагон Сомониён мебоист бошанд. (Охир, беҳуда нест, ки инон табори хешро аз шаҳриёрони куҳан мерасонданд, бо устувор шудани фармонравоии инон, мебоист занҷири бурида шуда дубора ба ҳам бипайвандад).

Ваҳ, ки чӣ зебо мешуд ҳамаи манзумаро ба ситоиши дурахшон ва пуршукўҳи Сомониён ба поён мерасонид. Сомониёне, ки ҳуқуқи аздастрафтаро дубора зинда карда ва он ҷойгоҳи волоеро, ки деҳқонон доштанд ва дигарон аз он бозситонда буданд, ба д-ишон бозгардониданд! Аммо таърих аз роҳи дигар, ҷуз роҳе, ки шоир мепиндошт, мерафт. Ҳангоми ба поён омадани «Шоҳнома» танҳо мебоист сугнома ва марсияе барои Сомониён бисароянд ва Фирдавсӣ ночор мебоист мардеро фармон барад, ки бар ҷои онон такя зада буд, аммо «ҳаққе» бар он надошт.Чунон ки гуфта омад, «Шоҳнома» пеш аз ҳама номаи паҳлавонӣ аст, пайкору диловарӣ достонҳои асосии он аст. Барои ҳамин ҳам ҳаст, ки бахши паҳлавонӣ ҳастаи аслии онро ташкил медиҳад (бахши устураӣ гунае пешгуфтор ва бахши таърихӣ, ҳамоно пасгуфтори он аст).

МАТЛАБИ БЕШТАР АЗ БЕРТЕЛС:

Ногуфта пайдост, ки Рустамро мебоист он неруи муҳаррикае пиндошт, ки ҳамаи бахши паҳлавониро ба ҳаракат дармеоварад. Чунин дарёфтанӣ аз нақши ин чеҳра, ба ҳеҷ рўй бар сохтаи пиндори мо нест, Фирдавсӣ худ низ агар ки манзумаи «Юсуфу Зулайхо» аз они ў бошад, ҳамин дарёфтро дошта ва агар ҳам аз ў набошад сарояндаи дигаре аз он рўзгор бар асоси ҳамин дарёфт чунин сурудааст:

Ки як ниме аз умри худ кам кунам,
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунам.

Ба ростӣ ки ҳар гоҳ аз «Шоҳнома» сухан меравад, пеш аз ҳама ин яли бебок ба ёд меояд, ки садаҳое паёпай бо душманони сарзаминаш пайкор мекард ва дар посдории оромиши он буд. Паҳлавон худ низ аз дарозии беҳамтои зиндагонии хеш сухан мегўяд:

Зи шашсад ҳамоно фузун аст сол,

Ки то ман ҷудо гаштам аз пушти Зол.

Менамояд, ки ин синну соли паҳлавон гунае вобастагӣ ба тани танумандаш ҳам дошта бошад:

Ба болои ў бар замин мард нест,
Дар ин лашкар ўро ҳамовард нест.

Агар ба ёд биёварем, ки баландии болои Афросиёб наздик ба чиҳил метр будааст, пас Рустам ҳам мебоист ба ҳамон танумандӣ буда бошад. Равшан аст, ки асбе одӣ наметавонад сангинии пайкари чунин марди тануманд ва пилпайкареро бартобад. Рустам пушти ҳар асберо, ки бо даст мефишорад камари асп то замин хам мешавад. Танҳо Рахш, ин асби пилпайкар аст, ки метавонад сангинии андоми савори худро таҳаммул кунад:

Яке Рахш дорад ба зер андарун,

Ки гўи равон шуд кӯҳе Бесутун.

Каманди машҳури Рустам ҳам, ки дар зиндагонии дарозаш бисёр душманро бо он ба банд кашида буд, бо баландиву волоии вай ҳамхонӣ дорад. Дарозии ин камандро аз байти зер метавон дарёфт:

Бад-ў гуфт: Комус чандин мадам

 Ба неруи ин риштаи шаст хам.

Рустам ҳамвора бо гурзу каманд меҷангид ва рўи хафтонаш пўсти бабр ё паланг мепўшид:

Бипўшид бабру баровард ёл

 Бар ў офарин кард бисёр Зол.

Равшан аст, ки аз паси чунин яле одамизод ё ҳатто неруҳои аҳриманӣ ҳам барнамеоянд. Аммо бояд андешид, ки агар Фирдавсӣ аз паҳлавони гиромӣ ва дурдонаи худ танҳо марде тануманд бо неруе беш аз неруи одамизод месохт, ки хўриши ў метавонад як гўри кабобшуда бошад, гумон намеравад, ки ин чеҳра метавонист аз гиромидошти бузурге, ки дар Ховарзамин бархўрдор аст, баҳраманд гардад. Кашиши симои Рустам пеш аз ҳама дар он аст, ки шоир ба рағми ҳамаи вижагиҳои афсонавии ин ял, ба ў чеҳраи сахт мардумӣ додааст.

Рустам танҳо паҳлавоне ба неру ва хашан нест, ҳангоме ки зарурат бошад, ў нармише басанда ва шоиста аз худ нишон медиҳад ва ба найранг ҳам даст меёзад. Ба ёд биёварем, ки ў чӣ гуна барои раҳонидани Бежан дар ҷома ва симои бозаргонон ба Турон меравад, чӣ пинҳонкорие нишон медиҳад ва ҳатто бар Манижа ҳам рози хеш ошкор намекунад ва ба бозии нақши худ ҳамчунон идома медиҳад.

Рустам бо ишқ низ ошност ва шоир чӣ зебо ва устодона меҳру дилбастагии ўро ба дастпарвардаи хеш Сиёвуш ба тасвир мекашад, то равшан шавад, ки чаро ҷаҳонпаҳлавони ҷавонмард, ки дар ноҳамсўӣ бо бисёре аз тавонмандони «Шоҳнома» ба ҳеч рўй хоҳони вайронсозии беҳуда нест, ба кини Сиёвуш чунон ба Турон метозад, ки онро бо хок яксон мекунад. Некхоҳӣ ва поймардӣ ҳам аз вижагиҳои Рустам аст. Ў барои Тўс ва далеронаш, ҳангоме ки шоҳ ба ростӣ бар онон хашм гирифта буд, поймардӣ ва хоҳишгарӣ мекунад ва ҳатто мекўшад, ки Бежан, зишткории Гургинро, ки ўро дар асари рашк дарафканда буд, бар ў бубахшад.

Низ Рустамро отифа қавист, чунонки ҳангоме ки яли номдор дар роҳи Мозандарон дар марғзоре биҳиштӣ ба хўришке, ки зани ҷоду фароҳам овардааст мерасад, пас аз хўрдан бо соз овоз мехонад ва менолад, ки ҳамаи зиндагонии вай ба диловарӣ ва пайкор мегузарад ва аз хурсандиву шодӣ дар он нишоне нест. Достони дилхароши рўёрўии Рустам бо пури ҷавонаш Сўҳроби гурд таъсире ҷонгудоз дорад. Ҷонгудозии ин рўёрўӣ бавижа аз он аст, ки ҳарду-падару писар, дар ҷустуҷўи якдигар, хоҳони якдигаранд ва Сўҳроб ба сабаби бадгумонӣ дар доми марг меафтад. Дар ин миён, падарро аз ин ки ба найранге ношоист нозебанда писарашро кушта, оё гуноҳи бештаре ҳаст? Боре Рустам дар набард бо Исфандиёр ҳам ба чунин найранге даст меёзад, аммо ин набард ҳангоме рух медиҳад, ки паҳлавон дар рўзгори пирӣ ва куҳансолӣ аст ва душмани ҷавон ба неру ва афзун бар ин рўйинтан ҳам ҳаст. Дар ин ҷо Рустам ночор ба ин найранг даст мебарад, зеро ў шикастро барнаметобад ва наметавонад худро сарафканда бубинад. Суханони паҳлавони пир ба Исфандиёр баёни бисёр зебое дорад:

Кӣ гуфтат: – Бирав, дасти Рустам бибанд?

Набандад маро даст чархи баланд.

Рашан аст, ки танҳо хориву патёрагӣ аст, ки метавонад чунин паҳлавонеро ба куштан диҳад.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.