Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.
Дар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.
Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.
ҶАСОРАТ, УСТУВОРӢ, КОРДОНӢ
Ҷасорату шуҷоату далерияш буд, ки дар сангинтарин лаҳзаҳову рўзҳо ин шахсияту абармард устуворонаву муваффақона шебу фарозҳоро тай мекард. Нангу номус ўро назди ашк ва хуни рехтаи миллат лаҳзае ором намегузошт. Дар он солҳо маснадхоҳон аз ин ашку хун ҳарос доштанд ва дар фикри ҷони худ буданд, аммо ў дар фикри халқу миллат. Барои сулҳ ба ҳар сафари пурхатар омода буд, ба Афғонистони ҷангзада рафт, бо силоҳбадастон дар дохилу хориҷи кишвар гуфтушунид анҷом медод, ба ҷонаш сўиқасд карданд, аммо азму иродаро аз даст надоду аз роҳи худ барнагашт. Бо гарави ҷон ва хатари амиқ ба ҷони пайвандону наздиконаш ў ба миёни обу оташ мерафт. Ў роҳнамоест, ки бо дилу нияти поку пурхайраш Худованд нигаҳбону роҳнамояш гардидааст. Ҳар он нияту нақшаи хайре, ки дошту дорад, ҳамеша амалӣ мегардиду мегардад.
Пешвои оқилу дурбинест, ки хурдтарин имконияту иқтидорро ҳамеша баҳогузорӣ карда метавонад ва ҳамин аст, ки ҳар як иқдомашон мантиқиву натиҷадор аст. Нангу номуси ҷавонмардӣ ўро бештар муваффақ намудааст, ки доғи дилҳоро нест созад. Ҳамин аст, ки дарди маҳалгароиву ҷудоиандозиҳоро аз олами мафкураҳо барҳам зад ва ҷои онро бо дарси мактаби ваҳдатофаринӣ пур намуданд. Ваҳдатро ба идеологияи бузург табдил дода, мактаби бузурги давлатдориро сохтааст ва медонанд, ки танҳо ваҳдат омили пойдории халқу миллатҳо дар шароити феълии ҷаҳонишавист.
Дар шеваи давлатдории Президенти маҳбуби халқ барои фаъолияти инсонҳои кордону некукор ҳеҷ халал вуҷуд надорад. Барои ин ҳама дарҳо боз аст. Санъати роҳбариашон он аст, ки имрўз ҳар як фард мақому арзиши худро медонаду бо дили пурзавқ дар анҷоми кораш мешитобад. Аз ҷониби дигар сиёсати Пешвои миллат чунин муҳити созандаеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, ки ҳар як фард бо муҳаббати ватандорӣ дар доираи масъулияти худ амалеро анҷом додан мехоҳад, ки дар он манфиати иҷтимоӣ матраҳ аст. Принсипҳои давлатдориву бунёдкории Пешвои миллат натанҳо барои мо ҳамватанон, балки барои ҷаҳониён ошкору омўзанда аст. Барои амалӣ гардонидани ин принсипҳо дар доираи таҷрибаву донишҳо ҳамагуна воситаву имконотро муҳайё намудаанд.
Пешвои миллат ба онҳое бовар мекунад, ки нуқсону норасоиҳоро ба самъашон мерасонанд ва медонанд, ки пинҳон мондани хиёнатҳову суръат ёфтани таҳрифҳо ноустувории пояи давлат мегардад. Ин аст, ки ба аҳли зиё, олимон, адибон ва журналистон такяи пайваста доранд. Барои фаъолияти густурда ва баланд гаштани мақому таъсири сухани онҳо заминаҳои моддиву ҳуқуқиро фароҳам меорад. Номи шахсиятҳои фарҳангии аҷдодонамонро бори дигар натанҳо барои мо, балки барои ҷаҳониён ошно сохтааст. Шахсиятест, ки дунболи шуҳрат нарафтааст ва шуҳрат ҳамеша аз дунболи ўст. Ҳар як нияту ҳадаф барои ў шуҳратсоз аст. Чун як фарди мусалмони миллат ҳеҷ гоҳ аз эътиқоду оини мардум дур набуданд. Оғози кораш чун як фарди одии мусалмон бо номи Худо аст ва аз минбарҳои баланд пуштибонӣ аз сурати аслии дини ислом кардаанд. Пешвои миллат ҳамқадаму ҳамнафаси халқи худ аст ва агар чунин намебуд, имрўз Тоҷикистон аз домани даргириҳо берун омада наметавонисту имрўз як чунин кишвари дар пайи шукуфоӣ қарордошта намегардид.
Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 2022
Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ