Академик Пӯлод Бобоҷонов. Дар Китобхонаи миллӣ аз ӯ ва дар бораи ӯ чӣ метавон хонд?
Ба таваллуди яке аз чеҳраҳои тобноки ахтаршиносии тоҷик, академик Пӯлод Бобоҷонов 95 сол пур шуд. Ду сол пеш, моҳи феврали соли 2023 аз олам рафт. Аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузошт. Ӯ муаллифи 7 монография ва зиёда аз 300 кори илмӣ буд. Таҳти роҳбарии ў 4 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд
ПӮЛОД БОБОҶОНОВ 15- уми октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа ба дунё омадааст. Астрофизики тоҷик, дотсенти физикаву математика (1970), профессор (1973), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1973). Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Хатмкардаи Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберги Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломаносов (1950-1953).
Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи Академияи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ (1954) ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ (1958) кор кардааст.
Солҳои 1959-71 директори Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1971-1984), ректори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1984-93), ноиби Президенти Академияи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-2002), директори Институти астрофизикаи Академияи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар айни замон директори фахрии он) буд. Аз соли 2003 мушовири Президиуми Академияи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири шуъбаи шиҳобҳои Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Тадқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст. Ў мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст.
Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудааст, ки он бо усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт.
Пӯлод Бобоҷонов тадқиқоти илмиро бо фаъолияти омўзгорӣ як ҷо пеш мебурд. «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1973), муаллифи 7 монография ва зиёда аз 300 кори илмӣ буда, таҳти роҳбарии ў 4 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Пӯлод Бобоҷонов узви Иттифоқи байнлхалқии астрономӣ (1961), Ҷамъияти байналхалқии астрономии подшоҳии Британияи Кабир (1994), Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон (2000), бюрои комиссияи «Шиҳобҳо ва ҷангҳои байнисайёравӣ»- и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва солҳои 1985-88 Президенти ин комиссия буд.
Ў дар тўли зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷисмҳои хурди Манзумаи Офтоб бахшидашуда (ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳоланд, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат ва суханронӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ситораи ИДМ» (2010) ва чандин медалҳо, аз ҷумла медали ба номи С. И. Вавилов (1977) мукофотонида шудааст.
Дорандаи Ҷоизаи ба номи Ф. А. Бредихин (1989), Ҷоизаи Академияи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. У. Умаров (2001) мебошад.
Ба шарафи Пӯлод Бобоҷонов сайёраи хурд-«Бадахшонов (7164)” номгузорӣ шудааст.
Пӯлод Бобоҷонов 10 – уми феврали соли 2023 дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 624 истифода шуд.

Аз Пӯлод Бобоҷонов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт ва мутолаа мебошад:
Сохти олам. – Сталинобод: НДТ, 1957. – 33 с.
1968
Ҳамсафарҳои сунъӣ ва киштиҳои фалакпаймои советӣ. – Душанбе, 1963. – 68 с.
1973
Кохи дониш бахшида ба 25-солагии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин // Маориф ва маданият. – 1973. – 25 декабр.
Макони кадрҳои ихтисоснок : Нақли ректори Университети давлатии Тоҷикистон П. Бобоҷонов // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 4 сентябр.
1978
Сӣ соли комёбиҳои Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин: Мусоҳиба бо ректори университет Пўлод Бобоҷонов // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 21 декабр.
1980
Укази Президиуми Совети олии СССР дар бораи бо ордени «Нишони фахрӣ мукофотонидани рафиқ Бобоҷонов, П: Ректори Университети давлатииТоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон П. Бобоҷонов барои хизмати шоистааш // Тоҷикистони советӣ. – 1980. –15 октябр, Маориф ва маданият. – 1980. – 16 октябр, Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 17 октябр.
2010
Бобоҷонов, П. Чаро дар бораи ман менависед: Суҳбати рўзноманигор К. Аҳмад бо академики тоҷик ситорашиноси маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Пўлод Бобоҷонов // Тоҷикистон. – 2010. – 15 апрел.
Бо забони русӣ
1955
Исследование скоростей извержения вещества из ядер комет. – Сталинабад, 1955.
1963
Методы и некоторые результаты фотографических исследований метеоров. – Москва, 1963.
1973
Бабаджанов, П. Новые рубежы университета: Таджикский государтвенный университета // Коммунист Таджикистана. – 1973. – 20 февраля.
1974
Радиометеорные исследования циркуляций верхней атмосферы. – Душанбе, 1974.
1975
Бабаджанов, П. Перспективы сотрудничество: Перспективы развития высшего образования в ближайшие двадцать лет Бабаджанов П. Б делиться мыслями о работе конференции Международной ассоциации университетов // Вечерный Душанбе. – 1975. – 8 сентября
1977
Плотность метеоритов // Доклады АН Таджикской ССР. – 1977. – Т.20. – №10. – С. 10-13.
1978
С днем рождения ТГУ!: Беседа корреспондента с ректором ТГУ академиком АН Таджикской ССР П. Б. Бабаджановым // Комсомолец Таджикистана. – 1978. – 4 августа.
Университету-30 лет: Интервью с ректором ТГУ академиком АН Таджикской ССР П. Б. Бабаджановым // Вечерный Душанбе. – 1978. –13 июля.
1979
Бабаджанов, П. Б., Обрубов, Ю. В. Об условиях встречи роя Квадрантид с Землей // Доклады АН Таджикской ССР. – 1979. – Т.22. – №12. – С. 730-734.
Бабаджанов, П. Б., Обрубов, Ю. В. О форме короткопериодических метеорных роев // Доклады АН Таджикской ССР. – 1979. – Т.22. – №8. – С. 486-491.
Бабаджанов, П. Б., Обрубов, Ю. В. Эволюция орбиты метеорного роя геминид // Доклады АН Таджикской ССР. – 1979. – Т.22. – №8. – С. 466-470.
1981
Бабаджанов, П. Б., Обрубов, Ю. В. Эволюция метеоритов переменного размера под действием негравитационных сил // Доклады АН Таджикской ССР. – 1981. – Т.24. – №1. – С.17-21.
1982
Бабаджанов, П. Б., Обрубов, Ю. В. Эволюция орбит кометы Галлея в метеорных роев Ориониди Акварид на интервале 15000 лет // Бюллетень Института астрофизики АН Таджикской ССР. – 1982. – №71. – С. 11-15.
1983
Бабаджанов, П. Б., Коновалова, Н. А. Размеры фрагментов отделяющихся при квазинепрерывном дроблении метеорных тел. По данным мгновенных фотографий // Доклады АН Таджикской ССР. – 1983. – Т.26. – №8. – С. 494-497.
1986
Бабаджанов, П. Б., Коновалова, Н. А. О пульсациях блеска ярких Геминид по данным фотографических наблюдений // // Доклады АН Таджикской ССР. – 1986. – Т.29. – №5. – С. 262-266.
Бабаджанов, П. Б. Бибарсов, Р. Ш. Суточная и сезонная вариации в распределении по массам спорадических метеорных тел // Доклады АН Таджикской ССР. – 1986. – Т.29. – №6. – С. 338-341.
1987
Бабаджанов, П. Б., Новиков, Г. Г. О наблюдаемом эффекте смещения максимального блеска в сторону начала траектории метеора // Доклады АН Таджикской ССР. – 1987. – Т.30. – №4. – С. 219-222.
Метеоры и их наблюдения. – Москва, 1987.
1990
Бабаджанов, П. Б., Новиков, Г. Г. Коновалова, Н. А. Определение параметров квазинепрерывного дробления по вспышкам метеоров // Доклады АН Таджикской ССР. – 1990. – Т. 33. – №11. – С. 729-731.
1991
Бабаджанов, П. Б., Колмаков, В. М. Распледения по скоростям и платность потока спородических метеорных тел // Астрономический Вестник. – 1991. – Т.25. – №4. – С. 476-481.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ