Акси садо ба пешниҳои Пешвои миллат. «Куруши Кабир: феҳристи адабиёт”

Куруши КабирНишондиҳандаи библиографии «Куруши Кабир: феҳристи адабиёт» бо тавсияи узви Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори имли таърих, профессор Сайдалӣ Муҳидинов ба нашр пешниҳод гардид.

Феҳристи мазкур, бо гирдоварӣ ва пажӯҳиши кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» – Асророва Нодира, Искандавров Орзуҷон ва Зиёев Маҳмадвалӣ, зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода аз ҷониби мураттабон: Набобова Фазолат ва Зиёев Маҳмадвалӣ таҳия шуд. Ҷӯрабой Раҷабов масъулияти муҳарририи онро ба уҳда дорад.

Яке аз ташаббусҳои муҳим ва мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём муваззаф гардидани вазоратҳои дахлдори кишвар барои таҳияи маводи зарурӣ бахшида ба таҷлили “2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” ва пешниҳод намудани он ба ЮНЕСКО мебошад. Ин ташаббус на танҳо арҷгузорӣ ба таърихи мероси ниёгон, балки эътироф аз саҳми бузурги фарҳанги ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, зеро Эъломияи мазкур ҳамчун аввалин санади таърихӣ доир ба ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.

Дастури библиографии “Куруши Кабир: феҳристи адабиёт” дар пайравӣ аз роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар Паёми мазкур, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, таҳия шудааст ва бахшида ба “2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир” пешкаши хонандагон мегардад.

Ин нишондиҳанда дар асоси маводди мунташира дар дохили кишвар ва сайтҳои интернетии дастрас мураттаб гардида, муҳтавои он баёнгари асолати таърихии Куруши Кабирро ҳамчун бунёдгузори давлати мутамарказ ва ҳимоятгари адолату ҳуқуқи башар дар масири таърих ифода менамояд.

Нишондиҳанда аз 2 фасл ва зерфаслҳо иборат буда, дар он 788 адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ гирдоварӣ шудааст.

Феҳрист шомили пешгуфтор ва як мақолаи муқаддимавӣ мебошад, ки дар он афкору андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зиндагинома, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва дигар корнамоиҳои сиёсиву иҷтимоии Куруши Кабир баён гардида, таҳти унвони “Куруши Кабир – бунёдгузори давлатдории мутамаддин” ҷой дода шудааст.

Қисми якум “Асарҳо оид ба рӯзгори Куруши Кабир ва фаъолияти ӯ” номгузорӣ шуда, асоси нишондиҳандаро ташкил медиҳад. Дар ин фасл номгӯи асарҳои илмӣ-оммавӣ ва таърихии мавриди таҳқиқу таҳлил қарор гирифта, дар шакли “Нашри алоҳида” ва мақолаҳои дар маҷаллаю рӯзномаҳо ва маҷмуаҳои илмӣ нашршуда, ба зерфасли “Нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор” гурӯҳбандӣ шудаанд. Инчунин, сарчашмаҳое, ки аз пойгоҳҳои интернетӣ ҷамъоварӣ гардида, дар зерфасли “Манбаи электронӣ” инъикос ёфтаанд.

Маводди мураттабгардида бо риояи соли нашр ва тартиби алифбоӣ (хнорологӣ) мувофиқ карда шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ ҷудо шудаанд. Ин сохтори сегона имкон медиҳад, ки муҳаққиқон ба таври систематикӣ ба сарчашмаҳои гуногуни чопӣ ва рақамӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Қисми дуюми нишондиҳанда, ки “Кумакфеҳристҳо” унвон дорад, аз ду зерқисми “Кумакфеҳристи асарҳо” ва “Кумакфеҳристи ашхос” таркиб ёфтааст. Дар зерқисми аввал номгӯи тамоми сарчашмаҳо гирдоварӣ шуда, бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ шудаанд. Дар зерқисми дуюм номгӯи афроде дарҷ шудааст, ки дар сарчашмаҳо ҳамчун муаллиф, мутарҷим, мураттиб, муҳаррир, муқарриз ва ё зери назари фарде сабт шудаанд. Дар маҷмуъ, “Кумакфеҳристҳо” кори пажӯҳишгаронро осон намуда, барои дарёфти саривақтии номгӯи сарчашмаҳо ва шахсиятҳо кумакрасон мебошанд.

Дастури библиографии «Куруши Кабир: феҳристи адабиёт» сарчашмаи хуби иттилоотӣ-маълумотӣ буда, барои донишомӯзону муҳаққиқон ва олимону пажӯҳишгарон аз манфиат холӣ нест.

Хонандагон метавонанд дастури библиографии «Куруши Кабир: феҳристи адабиёт»-ро пас аз нашр дар Китобхонаи миллӣ истифода намоянд.

Таҳияи сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»
Маҳмадвалӣ Зиёев