Аламхон Кучарзода: Устод Айнӣ падари миллати тоҷик аст!

 

Устод Айнӣ падари миллати тоҷик аст24-уми апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ ба ифтихори 145 – солагии зодрўзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, адиб, академик ва нахустин Президнети Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ мизи мудаввар баргузори гардид.

Мизи  мудавварро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хушомадед гуфт. Ў фазуд, ки миллати тоҷик  дар таърихи чандҳазорсолааш бо фарзонагон ва бузургони илму фарҳангаш, ки барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе доранд, ифтихор менамояд.

Устод Айнӣ падари миллати тоҷик астПрофессор Файзализода устод Садриддин Айниро яке аз абармардоне унвон кард, ки дар як лаҳзаи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада,  дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақши ҳалкунанда бозидаанд. Аз ин ҷост, ки ў дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун сардафтар ва поягузори  давраи навини адабиёти мо шинохта шудааст.

Профессор Ҷумахон Файзализода дар рафти нишаст таъкид намуд, ки  устод Садриддин Айнӣ на танҳо чун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дар ҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхўр», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ,  забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.

Мизи гирди “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд” бо ҳузури доктори илмҳои филологӣ, Аламхон Кучарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДОТ ба номи С. Айнӣ Абдулмаҷид Қурбонов ҷараён гирифт.

Устод Айнӣ падари миллати тоҷик астАламхон Кучарзода зимни суҳбати пурҳарорат дар мизи гирд иброз дошт, ки соли 1972  вақте  китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров нашр шуд,  ў ба ин муносибат ба Душанбе омад. Дар як нишаст ба Бобоҷон Ғафуров гуфтанд шумо падари миллат ҳастед. Ӯ эътироз кард, ки не мо фарзандони миллат ҳастем, падари миллат устод Айнӣ ҳастанд.

– Воқеан ҳамин тавр аст изҳор дошт Аламхон Кучарзода, -зеро устод Айнӣ дар соҳаи фарҳанг, адабиёт, сиёсат ва иқтисодиёт  корҳоеро анҷом додааст, ки дигарон анҷом дода натавонистанд.

Ин донишманди тоҷик мегўяд худи устод Айнӣ гуфтааст тамоми китобҳояшро ба мазуи тоҷик ва Тоҷикистон  бахшидааст. Хидматҳое, ки устод Айнӣ намудааст, китобҳое, ки навиштааст,   ба гуфтаи устод Турсунзода баробари як донишкадаи илмӣ, ҳатто зиёдтар аз донишкадаи илмӣ аст. Бинобарин устод Айнӣ дар ҳақиқат Қаҳрамони миллати тоҷик ва падари миллати тоҷик аст.

Дар мизи гирд зикр гардид, ки ҳадафи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ тоҷиконро халқи қадими таҳҷоии Осиёи Миёна нишон додан аст ва асари ў ба ин мақсад хеле кор кард. Китоби мазкур ҷавоб ба нафароне буд, ки мегуфтанд тоҷикон миллат  нестанд, зери таъсири мадраса забони форсиро омӯхтаанд.

Устод Айнӣ падари миллати тоҷик астИн китобро баъдан аз чоп мегиранд, месўзонанд. Лекин мақсади асосӣ равшан шуда буд. Устод Айнӣ нишон дод, ки тоҷикон халқи бумии Осиёи Миёна ва соҳиби фарҳангу адабиёти бой ҳастанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов, махсус таъкид намуд, ки агар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар вақташ ба майдон намеомад, мо имрӯз соҳиби Ҷумҳурии Тоҷикистон намебудем. Вай ҷумлаи устод Айнӣиро мисол овард, ки гуфта буд: Ин китоб бо фактҳои таърих пардаи он иғвогарон, яъне пантуркистонро даронд ва ба даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад.

Вале, мегўяд ў, он бадхоҳон устод Айниро ором нагузоштанд, соли 1927 Раиси Шӯрои вазирони Ӯзбекистон Файзулло Хӯҷаев ва котиби якуми ҳизби комунистии Ӯзбекистон Икромов устод Айниро протокол карда, ба суду прокуратура доданд .

Хайрият  шарқшиносони рус ин асарро муҳофизат карданд ва аз манъкунӣ халос шуд.

Профессор Маҳмадаминов гуфт соли 1937 устод Айнӣ аз зиндагӣ даст шуста буд  ва ба Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳаҷми 30 саҳифа мактуб  навишт. Ин нома то кунун дастрас нест ва пайдо кардани он кашфиёти таърих хоҳад буд. Бинобарин, архивҳор бояд ҷустуҷӯ кард, пешниҳод намуд, Абдулҳай Маҳмадаминов.

Устод Айнӣ падари миллати тоҷик астБа ақидаи профессор Шамсиддини Солеҳ устод Айнӣ дар замоне ба майдони пайкор ва мубориза ворид шуданд  ки дар аксар кишварҳои мусулмонии Шарқ ҳолати растохези миллӣ ба вуҷуд омада буд. Хушбахтона, дар ҳамин давра барои миллати мо Худованд устод Айниро дод. Устод Айнӣ ба ҳақиқат воқеӣ ва таърихӣ такя мекард, ки ҳатто душманонаш гарде ба домани эшон наёфтанд. Аксари онҳо бар асари айбҳое, ки аз устод Айнӣ меҷустанд, ба коми маргу бадбахтӣ гирифтор шуданд.

Раҳима АЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.