Алес Карлюкевич: “Белорус – ибрати нек ва ҳақиқат”

Алес КарлюкевичИн мақола сарсухани адиб Алес Карлюкевич ба китоби  “Адабиёти бачагонаи Белорус” аст, ки соли 2021 бо талоши адиб, рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Салими Хатлонӣ чоп шудааст ва чанд нусха аз он дар бойгонии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.

Сарсухани Алес Карлюкевичро ба хотири ошноии бештар хонанда ҳам дар бораи ин маҷмуа ва ҳам нашри осори адибони Белорус дар Тоҷикистон ва удабои тоҷик дар Белурус айнан меорем.

****    ****    ****

Адабиёти бачагонаи Беларус аз ду ҷараёни муҳим асос мегирад.

Нахуст  – осори адибоне, ки дар сабки назм ва наср фаъоланд ва гоҳе бо муроҷиат ба хонандагон наврас ва ҳам гоҳо ба кӯдакон низ рӯ меоваранд. Ин ба ҷустуҷӯҳои эҷодии,  аз  ҷумла классикони   адабиёт,  Янка  Купала (танҳо як шеър “Писарак ва халабон” то чӣ андоза  барои  тарбияи бачагоне, ки ба осмон, ба парвоз, тайёра ва кайҳоннавардӣ дилбастагӣ зоҳир мекунанд), Яқуб Колас (шеъри бахшида ба табиати маҳбуб, “Харчанги  мӯйлабдор”, достони  “Саргузашти  Михасёв”),  Змитрок Бедуля (қиссаи “Панҷ чумча ордоб”) – асаре, ки розкушои рӯзгори пурмашаққати деҳқон, кӯдакони камбизоати асри гузашта ба шумор меравад, Владимир Короткевич (“Хазинаи шайтон” ва дигар ҳикояҳои дилнишин),  шоирони халқии  Беларус Максим Танк, Петрусия Бровки, Ригор Бородулин, нависандагони халқии Беларус  Михас Линков (қиссаи  “Миколка-паровоз”), Иван Шамякин, Янка Брил… Ва ҷараёни дуввум-осори нависандагоне, ки маҳз барои кӯдакон фаъолият доранд ва ё асосан барои кӯдакон эҷод мекунанд. Ва аз ин қабил Янка Мавр, бо образҳои ҷовидонаи хеш дар “Робинзонҳои Полесск”, Васил Витка, Петро Рунец, Аверян Дзеружинский, Нина Галиновская, Владимир Левданский, Даир Славкович, Владимир Липский… бо осори хеш маҳсуб меёбанд.

Дар китобе, ки шоир  ва тарҷумони муваффақи тоҷик Салими Хатлонӣ аз осори адабиёти бачагонаи беларус ба забони модарӣ пешкаши хонандагони навраси кишвари хеш гардондааст, бар асарҳои нависандагоне, ки акнун ба каломи бадеъ рӯй овардаанд ва ҳам эҷоди адибоне. ки дар соҳаи адабиёти муосири Белорус фаъолият мебаранд, мураттаб гардидааст. Афсона, ҳикояҳои Владимир Короткевич, Петро Рунест, Алес  Бадак, Геннадий Авласенко, дигар нависандагон дар ин миён фарогири тасвирҳое мебошад, ки таҷассумгари хисоли мардум ва сарзамини Беларус ба шумор  меравад. Ин  нависандагон то ҳадде тавонистанд, ки барои  офаридани он маъниву тасвирҳо ва рамзҳое, ки бояд  дар рӯнамоии расму оинҳои  сирф мардуми Беларус созгор бошанд, муваффақ ва комёб гарданд. Ва ҳамчунон  бояд қайд кард, ки ин осор бо як назари нек ва дилгармӣ иншо шудаанд, ки дар корбурди услуб ва маънӣ  пандомӯз бар асари ҳақиқатнигарӣ ва ҳидоятгар бар ростиву ҳаёти ҳақиқӣ  буда метавонад.

Аз дидгоҳи ман, эҷодиёти ҳар яке аз ин адибон, ки осорашон барои ин гулчин тарҷума  шудаанд, метавонад, ки нигоштаҳои ҳар кадоме ба сифати як китоби алоҳида ба забони тоҷикӣ пазируфта гардад. Шояд дар оянда чунин ҳам шавад ва китобҳои алоҳидаи ҳикоёти  Владимир Короткевич, Алес Бадак, Елена Масло, Геннадий  Авласенко… дар нашрияҳои Тоҷикистон  низ ба табъ расанд.

Бояд зикр кард, ки алаккай хонандаи тоҷик бо қиссаи Алес Бадак “Одинокий восьмиклассник хочет познакомиться”, ки ба рӯзгори наврасон бахшида шудааст, ошност. Китоб чанд соли қабл дар Душанбе ба табъ расидааст ва шоистаи зикр аст, ки ин қисса ба чандин забонҳои дигар олам, аз ҷумла русӣ, венгерӣ, украинӣ, лаҳистонӣ, чинӣ, муғулӣ низ тарҷума шудааст.

Ҳамчунон, бо пешниҳоди ин осори адабиёти бачагонаи Беларус  ба ихтиёри хонандаи навраси тоҷик, мехоҳам ин нуқтаро низ қайд кунам, ки дар тӯли даҳсолаҳои садаи XX ва XXI  миёни адабиёти миллии тоҷик ва беларус равобити нек ва густардаи ҳамкорӣ вуҷуд доштанд. Дар ин авохир дар Тоҷикистон китоби гулчин адабиёти муосири Беларус, муштамил бар осори Юрий Сапожков, Алес Бадак, Микола Метлитский, Георгий  Марчук ва дигар муаллифон, унвонии «Вечерний костер» ба табъ расид.  Бевосита барои он, ки ин кутуб рӯи чопро бинад ва хонандаи тоҷик  ба ин тариқ ба осори адибони Беларус ошно гардад, инчунин вохӯриҳо ва маҳофили  адибони ҳарду кишвар пайваста амалӣ гарданд, дар ин росто бояд аз хидматҳои арзандаи нависанда, драматург, тарҷумон ва ношир Ато Ҳамдам, ки дар ин ҷода собитқадамона гом мебардорад, ёдовар шуд. Сари таъзим аз номи тамоми адибони  Беларус ба ин марди шариф!

Дар Беларус низ дар ин авохир тарҷумаҳои тозаи осори адибони даврони мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Устод  Рӯдакӣ, Муъмин Қаноат, Низом Қосим, Гулрухсор Сафиева, Ато Ҳамдам, Фарзона, Саидалӣ Маъмур… ба табъ  расиданд. Китобҳои шеъри тоҷик унвонии «Под звездой Рудаки», – «Таджикистан: мгновения вечности» низ дар Беларус то ин муддат интишор  ёфтанд.

Инак, саҳифаи нави адабиёт – дӯстии Тоҷикистон ва Беларус – гулчини ҳикоёти «Адабиёти бачагонаи Беларус»-ро ба рӯи худ мекушоед. Ба шумо мутолиъаи бофароғат… кушоишҳои тоза хоҳонем!

Алес Карлюкевич, Директор, сармуҳаррири матбааи “Звязда”.

Хоҳишмандон китоби “Адабиёти бачагонаи Белорус”-ро дар тарҷумаи Салими Хатлонӣ метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Фарзонаи Ҳаёт,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон