Ҳалима Валиева: «Тавсиф дар осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ»

Сайф Раҳими АфардӣИн монография ба омўзиши ҳунари нависандагии яке аз чеҳраҳои машҳури адабиёти муосири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар заминаи тавсифи бадеӣ бахшида шудааст. Аз ҷониби муаллиф масоили зиёди шаклгирӣ ва инкишофи насри муосир дар замони Истиқлол ва вижагиҳои адабиёти даврони Истиқлол таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Махсусан, атрофи мавқеи тавсиф дар мероси Сайф, таъсирпазирии нависанда аз мактабҳои гуногуни адабӣ изҳори назар шудааст. Китоб ба дораи васеи хонандагон, хосатан дӯстдорон ва алоқамандони соҳаи суханшиносӣ пешниҳод мегардад.

Муаллиф дар сарсухан ба китоб бештар дар бораи арзёбии осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҷониби мунаққидону адабиётшиносон ва таваҷҷуҳи танқиди адабӣ ба осори адиби номвар дахл намуда, аз ҷумла навиштааст.:

Даҳаи ҳаштодуми асри ХХ ба майдони адабиёти муосири тоҷик насли тозае ворид гардид, ки бо доштани истеъдоду нигоҳу диди тоза аз ҷаҳону равандҳои адабӣ маҷрои умумии рушду камоли адабиётро дигаргун сохт. Яке аз намояндагони ин насл Сайф Раҳимзоди Афардӣ мебошад, ки тамоми офаридаҳои ӯ барои ҷомеаи адабии мо падидаи нодир ба шумор мераванд. Мутаассифона, то ба имрӯз сабку хунари нависандагӣ ва дар маҷмуъ, корномаи эҷодияш таҳқиқу баррасӣ нагардидааст.

Мероси боқимонда аз Сайфро метавон аз зовияҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар монографияи мазкур ҳунари нависандагии Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар заминаи тавсифу тасвири бадеӣ таҳқиқ шудааст. Маълум аст, ки тасвир дар матни асар аз нависанда бархурди ҳунармандонаро ба забони модарӣ тақозо менамояд. Аҳаммият, кашандагии як тасвир ё тавсиф танҳо дар корбурди ҳунармандонаи вожагони забон намоён мегардад. Тавсиф дар осори бадеӣ вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Нависанда бо ёрии тавсиф дар асараш фазоҳои мавриди назарашро месозад. Фазоҳое, ки барои расонандагии ҳадафу дарунмояи як асар лозим ҳастанд. Ҳангоми тасвири як фазои матлуб бояд нукоти дигаре, аз қабили пайдарҳамии фаъолияти қаҳрамон ҳифз гардад. Зимнан, дар матни тавсиф бояд ҷузъиёт мавриди назар бошанд ва ҳамзамон, ибороту таркибҳое истифода гарданд, ки аз нигоҳи ҳиссиву отифӣ пурбор бошанд. Дар осори Сайф мо ба маҷмуи тавсифҳое ба назар мерасанд, ки комилан нодиру нотакроранд.

Сайф Раҳимзод ба нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» ва маҷмуаи «Ситораҳои сари танӯр» (1984) ба истиқболи гарми ҷомеаи адабии мо мувоҷеҳ шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки барои маҷмуаи «Ситораҳои сари танӯр» пешгуфтор навишта буд, ба истеъдоду биниши тоза ва шеваи ҷаҳоннигарии Сайф ишорат намудааст.

Низом Қосим шояд аз нахустин адибоне бошад, ки ба маҷмуаи «Ситораҳои сари танӯр» накд навишта, онро асари психологӣ номидааст. Ба ақидаи ӯ муаллифи асар ба сужасозию сужабандӣ шавқу рағбат надошта, талош меварзад, ки ба наҳви аҳсан дунёи даруни қаҳрамонашро нишон диҳад.

Таваҷҷуҳи махсус ба осори Сайф аз оғози соли навадум ва баъд шуруъ мегардад. Дар адабиётшиносии тоҷик нахустин нақди мӯшикофонаю муҳаққиқона аз ҷониби адабиётшинос Х. Шарифзода бо номи «Баҳору тирамоҳи зиндагонӣ» соли 1990 дар маҷаллаи «Садои шарқ»   ба табъ расида. Диққати аслии мунаққид дар ин нақд ба сохтори асар, шеваҳои тарҳи масъала, дарунмояҳо ва дағдаҳои нависандаи ҷавон равона шуда буд.

Масъалаи дигаре, ки дар навиштаи олими нуктасанҷ баррасӣ шуда, шарҳи бархе мафҳумҳои рамзист, ки аз матни осори адиб бармеоянд. Адабиётшинос А. Набавӣ зимни арзёбии повести «Ситораҳои сари танӯр» ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки асар шеваи хосси баёну тасвир дорад ва асоси тасвирро, ба таври умум, дар таълифоти нависанда таҳлили психологӣ ташкил медиҳад.

«Асри ман дарди ман аст» унвони накди дигарест, ки ба қалами муҳаққиқон А. Раҳмонзода ва С. Мурид тааллуқ дорад. Муаллифони мазкур дар бахши муқаддимавии нақд перомуни раванди нақди муосири тоҷик дар даҳаҳои поёнии қарни ХХ изҳори назар намуда, ба намояндагони машҳури ин мақтаи замонӣ, аз ҷумла, ба Сайф Раҳимзод ишорат менамоянд. Такяи эшон бештар атрофи «Ситораҳои сари танӯр» буда, аз нигоҳи эшон он дар инкишофи насри тоҷик «қадами ҷиддӣ» аст.

Таҳлилу арзёбии корномаи эҷодии Сайф Раҳимзод, махсусан, дар таҳқиқоти адабиётшинос А. Сайфуллоев ба таври густурда сурат гирифтааст. Дар нақди ӯ бештар ба заминаҳои муҳтавоии осор, мансубият ба мактабҳои адабӣ, ба рамзу тамсилҳои осор таваҷҷуҳ шудааст. Нуқтаи ҷолиб дар матлаби мунаққид ин аст, ки ӯ зимни арзёбии ҷаҳони андешаю зеҳнияти нависанда бархе аз осори ўро бо таълифоти нависандагони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, мисли А. Чехов, Ч. Айтматов, Кафка мавриди қиёс қарор медиҳад.

Нахустин пажӯҳише, ки ба масири зиндагии Сайф Раҳимзод ихтисос дошт, маҷмуаи мақолаҳои адабиётшинос У. Сафар буд, ки 2013 зери унвони «Тавбаҳои дардолуд» ба табъ расид. Дар мақолаҳои ин китоб ба ҷанбаҳои гуногуни эҷодиёти нависанда, сабки эҷодӣ, биниши адабӣ, диду ҷахоннигарӣ, ҷанбаҳои зебошиносии осор ва ҳунари офаринандагӣ ишорат шудааст.

Муҳаққиқ вуҷуди тасвирҳои ҷаззобу нодирро муҳимтарин вижагии кори Сайф медонад ва ба мавзуъҳои калидии осораш ишора менамояд. Ба андешаи ӯ, барҷастатарин мавзуи эҷодии адиб табиат аст, ки бо тарҳу тавсифи он нависанда атрофи масоили умумибашарӣ сухан мегӯяд.

Мунаққид, ҳамзамон, зикр намудааст, ки адиб «дар инъикосу бозтоби ҷаҳони ботини инсон, мақому рисолати он ва тасвири ҳолатҳои равонии қаҳрамононаш дасти расо ва истеъдоди чашмгир дошт».

Соли 2020 бо кӯшиши адабиётшинос А. Амон анқариб тамоми мақолоту таълифоти марбут ба Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар маҷмуаи «Пайроҳа ва дунёи Сайф Раҳимзоди Афардӣ» манзури хонандагон гардид.

Аҳаммияти муҳимми монографияи пешниҳодшаванда дар он зоҳир мешавад, ки дар адабиётшиносии тоҷик аввалин бор мавзуи тавсиф дар мисоли осори яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосир Сайф Раҳимзоди Афардӣ мавриди омӯзиши васеъ карор мегирад. Аз ин рӯ, омӯзиши дақиқу амиқи ин ҷанбаи эҷодиёти нависанда дар шинохту маърифати ҷойгоҳи адабии ӯ аҳаммияти калон дорад.

Аз ин рӯ, дар ҷараёни таълиф талош намудаем, ки саҳми Сайф Раҳимзоди Афардиро дар инкишоф ва таҳаввули насри муосири тоҷик мушаххас намоем.

Хоҳишмандон китоби Ҳалима Валиева «Тавсиф дар осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд. 

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд