“Ҳамешабаҳор” бо довталабони “Фурӯғ”

Шоири халқии Тоҷикистон ХайрандешДар толори “Ошёни булбулон”-и МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии зебову хотирмон “Ҳамешабаҳор”-и Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш барпо гардид.

Вуруд ба маҳфил озод буда, дар он асосан хонандагони мактабҳои миёнаву донишҷӯён ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ширкат варзиданд.

Маҳфил чун ҳамеша аз ҳафт равза: Афрўза, (Ганҷи китоб), Афроза (шоҳбайтхонӣ), Афшина (Зарбулмасалу мақол), Афшона (танзу ширингуфторӣ), Андеша (Чистону муаммо), Ангеза (Байтбарак), Ангора (тафсири як шоҳбайт) иборат буда, барои ғолибон китоби “Дасти дуо модар” ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гашт.

Маврид ба қайд аст, ки дар ин маҳфил ду хоҳар Шоҳина (Ахтари Афрӯза) ва Оиша Наимзода – иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат доштанд, ки ҳарду ғолибони озмун дар даври вилоятӣ мебошанд. Боиси хушнудист, ки Оишаи хурдакак истеъдоди хуби шоирӣ дорад ва барои ҳозирин намунае қироат намуд. Дар зимн, шеъри Оиша Наимзода бо риояи вазни арӯз эҷод гардидааст:

Ба мо додед таълим, эй муаллим,
Намудед роҳи мо равшан, муаллим.
Ҳама якҷоя мо аз сидқ гӯем,
Сафобахши равони мо, муаллим.

Ду ахтари тобон Бедил ва Фаришта (иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”) дар равзаи Ангеза барои интихоби ахтари Ангора байтбарак намуданд, ки дар ин қисмат Бедил бо қироати шеърҳои баландмазмун ғолиб омад. Барои ахтари тобони Ангора – Бедил Фазлиддин низ тӯҳфаи зебое – Ғазаалҳои Саъдии Шерозӣ тақдим гашт.

Як нуқтаи бисёр ҷолиб ин буд, ки ҳангоми инъоми китоб аз тарафи устод Хайрандеш ба Бедил Фаришта беихтиёр “ин китобро ба ман диҳед”, гӯён нидо баровард. Бедил ҳам бошад чун ҷавонмарди асил китобро бо ба поён расидани маҳфил ба Фаришта тақдим намуд.

Дар идомаи маҳфил шоирони хушкалом Меҳровар ва Кӯҳзод Фатҳулло ва инчунин навқаламон Шукрона, Саида, Марзбоналӣ бо шеърҳои тозаэҷоди худ хотири бошандагонро шод гардониданд.

Маҳфили дилорои “Ҳамешабаҳор” маҳфили адабии шоири маъруф Хайрандеш буда, муштарак бо Китобхонаи миллӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир мегардад.

Муҳидинова Махфират, бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа.