Ҳамин ҳоло дар Китобхонаи Миллӣ
Ин суратгузориш ҳамин ҳоло омода шуд. Навбат барои узвият дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон. Бахусус, чанд рӯзи охир мо ин манзараро пайваста мушоҳида мекунем. Даҳҳо нафар аз субҳ ворид мешаванд ва бо навбат соҳиби корти хидматрасонӣ меграданд.
Кормандони Китобхона пайваста мекӯшанд сатҳи хидматрасониро боло баранд. Ҳоло барои сабти ном чанд компутер бо дастгоҳи аккосӣ омода аст. Дар баробари ин шумораи хоҳишмандон ба узвияти Китобхона меафзояд.
Як сабаб беҳтар будани шароити мутолаа ва толорҳои гарму тозаву озода ва муомилаи хуби кормандони Китобхона аст, ки боиси ҷалби бештари хонандагон шудааст.
Чуноне аз расмҳо мебинед, аксаран чеҳраҳои ҷавонанд ва зоҳиран ҳамаи онҳо донишҷӯёни муассисаҳои таълимиву илмии мухталифи шаҳри Душанбе ва навоҳии отрофи он мебошанд.
ХУШ ОМАДЕД! МО ҲАМЕША ДАР ХИДМАТЕМ!
Анушаи Ҷамолиддин, мутахассиси
пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.








