Амир Муиззӣ: Ишқи ёрам ҳар замоне манзил андар дил кунад,

КитобАмир-уш-Шуаро Абуабдуллоҳ бинни Абдулмалик машҳур ба Амир Муиззӣ дар аҳди Маликшоҳ (1072-1092) ва Султон Санҷар зиндагӣ кардааст.

Шоир аввалҳо дар дарбори шоҳ нуфузе надошт, вале баъд ба мартабаи Амир-уш-Шуаро мушараф  гардид. Дар «Лубоб-ул-албоб» қайд мешавад, ки: «Се кас аз шуаро дар се давлат иқболҳо дидаанду қабулҳо ёфтаанд, чунон ки касеро он мартаба  муяссар набуд, яке Рўдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар давлати Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати Маликшоҳ».

Боре дар ҳангоми шикор шоир ҳадафи пайкони Султон Санҷар гардида, то айёми марг аз пораи тири дар сари синааш ҷогирифта азобу шиканҷа мекашад.

Эҷодиёти шоир асосан аз қасида, ғазал, тарҷеъбанд, қитъа ва рубоиёт иборат аст. Девони ў 18 ҳазору 500 байтро дарбар мегирад.

Инчан ғазал аз ӯст, ки марҳум Алиқул Девонақулов барои “Садои Шарқ” таҳия кардааст:

Маро, нигоро, бо рўи ту чӣ ҷои ғам аст,

Ки чун ту ёр зи хубони рўзгор кам аст.

Биҳишту дунё ҳар ду ба ҳам набинад кас,

Биҳишту дунё бо ҳам маро зи ту баҳам аст.

Ту дар дилам биншастиву ғам бишуд зи дилам,

Диле, ки ҷои ту бошад, дар ў чӣ ҷои ғам аст?

Маро дилест, ки аз ишқ дар ҷаҳон масал аст,

Туро рухест, ки аз ҳусн дар ҷаҳон алам аст.

****  *****   ******

Гар ту пиндорӣ, ки розам бе ту пайдо нест, ҳаст,

Ё дилам муштоқи он рухсори  зебо нест, ҳаст.

Ё зи ишқи луълўву ёқути шаккарбори ту,

Чашми гавҳарбори ман ҳар шаб чу дарё нест, ҳаст.

В-ар туро сурат ҳамебандад, ки аз чашму дилам

Обу оташ то сарову то Сураё нест, ҳаст.

Гар ту пиндорӣ, ки бе васли ту ҷон андар танам

Мустаманду дардманду ношикебо нест, ҳаст.

В-ар ту пиндорӣ,ки аз ҷавру ҷафои рўзгор,

Дар димоғу табъи ман савдову сафро нест, ҳаст.

Гар гумони ту чунон аст, эй санам, к-аз ишқи ту

Ин балоҳо бар мани бечора танҳо нест, ҳаст.

****  *****   ******

Ишқи ёрам ҳар замоне манзил андар дил кунад,

То бо зери халқаи зулфаш дилам манзил кунад.

Дил, ки аз ман бугсилад, манзил кунад дар зулфи ў,

Ишқи ў, к-аз дар дарояд, манзил андар дил кунад.

Ҳар куҷо ў бугзарад, рўяш ҷаҳон пургул кунад,

Ҳар куҷо ман бугзарам, чашмам замин пургил кунад.

Гоҳ аз ў бими фироқ асту гаҳе уммеди васл,

Биму уммедаш ҳама кори маро мушкил кунад.

Сураташ ҳар соате дар пеши чашм ояд маро,

То дигарбора  маро аз хештан ғофил кунад.

****  *****   ******

Санамо, мо зи раҳи дуру дароз омадаем,

Ба сари кўи ту бо дарду ниёз омадаем.

Гар зи наздики ту оҳиставу ҳушёр шудем,

Масту ошуфта ба наздики ту боз омадаем.

Омадастем харидори маю руду суруд,

На фурўшандаи тасбеҳу намоз омадаем.

Як замон гарм кун аз масти мо маҷлиси хеш,

Ки зи мастӣ бари ту гармфароз омадаем.

Гарчи дар фурқати ту зору низорем чу шамъ,

Аз паи сўзишу аз баҳри гудоз омадаем.

Бар умеди рухи зебои ту ҳам бо ғаму ранҷ,

Ҳамчунон аст, ки бо шодиву ноз омадаем.

Дасти мо гар бар сари зулфи дарозат нарасад,

Бар сари зулфи ту аз ҷавр ба роз омадаем.

Бинӣ он зулфи дарози ту, ки аз роҳи дароз,

Мо ба наззораи он зулфи дароз омадаем.

Буд якчанд нишеби талабат дар раҳи мо,

Аз нишеби талаб акнун ба фароз омадаем.

Тўшаву соз зи дидори ту хоҳем ҳаме,

Гар ба дидору ту бетўшаву соз омадаем.

****  *****   ******

Манбаъ: “Садои Шарқ”, 1968,№10, с.142

Таҳияи Фараҳноз Асрориён, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.