Ҳамкорони мо. Темурхон Шукуров: тарҷумон, дастурнавис, таҳиягари китоб

Темурхон ШукуровСоли 1954 таваллуд ёфтааст. Соли 1970 ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1975 хатм кардааст.  Ҳамон сол ба шуъбаи илмӣ – методии Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба вазифаи саркитобдор ба кор дохил мешавад.

Солҳои 1977-1980 ба ҳайси тарҷумон дар Чумҳурии Ироқ кор кардааст. Баъди адои хидмат (то соли 1983) дар Шўъбаи  дастхатҳои Шарқ вазифаи сарбиблиографро ба уҳда дошт.

Солҳои 1983-1984 бошад  ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат намуда, пас аз бозгашт барои пешрафти фаъолияти Шўъбаи зикршуда оиди ҷамъоварии дастнависҳои қадимӣ шуғл варзида, таҳқиқу омўзиши осори хаттии ниёгон , алалхусус дастнависҳои арабӣ ва дастрас кардани онҳо ба хонандагон хидмати шоён кардааст.

Дар тули хидматаш дар Китобхона ў чандин дастурҳои илмию методиро таълифу таҳрир кардааст. Аз ҷумла «Тарғиби адабиёти техникӣ” (1980), «Китобхона ба ёрии мелиораторон» (1987), «Феҳристи маҷаллаи : «Шўълаи инқилоб»-ро номбар кардан мумкин аст.

Ба қалами ў инчунин, тарҷумаҳои «Низомномаи Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», «Ташкили кор оид ба гузаронидани китобхонаҳои оммавии давлатӣ ба шакли нави хизматрасонӣ” (1976) ва китоби  «Қисаи Амир Ҳамза» дахл доранд.

Сабоҳат Иброҳимова,
муовини сардори
шуъбаи коркарди адабиёт
.