Ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба 110-солагии профессор Додоҷон Тоҷиев

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-1“Додоҷон Тоҷиев дар таҳқиқу такмили сохтор ва хусусиятҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузошта, ба тарбияи садҳо донишомӯзон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими мероси профессор Тоҷиев гурӯҳбандӣ ва таҳлили илмии хусусиятҳои грамматикии забони тоҷикӣ мебошад, ки имрӯз низ барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва омӯзгорон ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ хидмат мерасонад“.

****   ****    ****

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  110-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Додоҷон Тоҷиев таҳти унвони «Додоҷон Тоҷиев ва инкишофи илми забоншиносии тоҷик»  ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, олимону мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ифтитоҳи нишаст директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ карда, доир ба рӯзгор, осор ва паҳлуҳои дигари ҳаёти Додоҷон Тоҷиев ва саҳми ӯ дар илмӣ забоншиносӣ ҳарф зад.

Тоҷиев дар таҳқиқу такмили сохтор ва хусусиятҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузошта, ба тарбияи садҳо донишомӯзон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими мероси профессор Тоҷиев гурӯҳбандӣ ва таҳлили илмии хусусиятҳои грамматикии забони тоҷикӣ мебошад, ки имрӯз низ барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва омӯзгорон ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ хидмат мерасонад“-  гуфт профессор Файзализода.

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-1Зикр гардид, ки Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази ҳифзи мероси илмӣ, худро муваззаф мешуморад, ки барои зинда нигоҳ доштан ва таблиғи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик маҳфилу нишастҳоро бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор намояд.

Мақому манзалати Додоҷон Тоҷиев дар илмӣ забоншиносии мо муҳим аст. Танҳо донистану омӯзиши кифоя нест, ки ба умқи масоили забоншиносӣ сарфаҳм рафт. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода дар идомаи нишаст, оид ба марҳалаҳои таърихии илмӣ забоншиносӣ ва махсусиятҳои он ҳарф зада, иброз дошт ки Тоҷиев эҳсоси баланди таҳқиқ дошт ва маҳз ҳамин эҳсос тавонист таҳқиқотҳои ӯро мондагор созад.

Эҳсоси забоншиносии устод Тоҷиев ба ҳар кас муяссар намешавад. Агар забонро эҳсос накунед, онро дарк насозед, ба таҳқиқи амиқи илмӣ даст зада наметавонед“- гуфт Раҳматуллозода.

Доктори илмҳои филология, профессор Давлатбек Хоҷаев дар робита ба таҳқиқоти фразеологии Додоҷон Тоҷиев ва таҳқиқи ӯ дар мавзуи “Хусусиятҳои маънои ва калимасозии вожаи об” ҳарф зада, ишора намуд, ки ҳарчанд вожаи “Об” дар таҳқиқоти олимони дигар кишварҳо дар асрҳои XII истифода шудааст, аммо Додоҷон Тоҷиев тавонистааст тамоми паҳлуҳои дигари ин вожаро омӯхта, онро пешниҳоди муҳаққиқон гардонидааст.

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-5Ходими пешбари илмии АМИТ, номзади илмҳои филология Солеҳҷон Собирҷонов дар идомаи ҳамоиш суханронӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки устод олими тозабаёну навгӯю навҷӯю навовар буданд. Андешаҳои илмиашон басо дақиқу таҳлилҳояшон ниҳоят амиқ, нозукбину гавҳаршинос буданд. Фаъолияти илмии Додоҷон Тоҷиев пурмаҳсулу серсоҳа буда, тамоми бахшҳои забоншиносӣ – лексикология, фонетика, морфология, синтаксис, таърихи забон, услубшиносӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Якчанд мақолаҳои устод ба масъалаҳои назариявии забоншиносии тоҷик ва пайдоишу инкишофи он бахшида шудаанд.

“Профессор Додоҷон Тоҷиев маҳз ба туфайли маҳорату истеъдоди баланди фаҳмонидани масъалаҳои ниҳоят муҳимму нозуки наҳви забони тоҷикӣ мактаби олии омӯзгориро ташкил дода буд, ки аз ин мактаб профессорон Қосимова М.Н., Камолиддинов Б., Маҷидов Ҳ., Хоҷаев Д., шодравон Хаскашев Т., дотсентон Норматов М., Абулазизов В., аз ҷумла банда ва дигар шогирдони зиёде бархӯрдор гардидаанд ва онҳо олимону бомаҳорату боистеъдоди минбаъда шуданд“- илова кард Собирҷонов.

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-5Дар қисмати дигари ҳамоиш Бибиҷон Юсуфова, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода баромад кард. Юсуфова мавзуҳои сарфу наҳв ва ҷумласозиро, ки давои тамоми фаъолияти омӯзгориаш аз таҳқиқоти Додоҷон Тоҷиев истифода бурдааст, иброз дошт.

Навъҳои ҷумласозӣ дар илмӣ забоншиносии мо хеле гуногунанд ва омӯзиши амиқу дақиқро талаб менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба масъалаҳои омӯзиши бахшҳои алоҳидаи илмӣ забон диққат махсус бояд дод.

Пешниҳод гардид, ки бахшҳои забоншиносӣ ба хонандагони мактабҳои миёна ҷиддитар ва бо методҳои махсус омӯзонда шавад, то ҳифзу гиромидошти ин ганҷинаи бебаҳо хидмати босазо карда тавонанд.

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-5Бародари Додоҷон Тоҷиев–Абдурраҳмон Тоҷиев дар ҷамъбасти ҳамоиш ба ҳамаи иштирокдорон барои ба некӣ ёд кардан аз устод Тоҷиев ва беназир шумурдани осори ӯ изҳори миннатдорӣ карда, афзуд, ки эҳтирому бузургдошти гузаштагон дар замири ҳар яки мо меҳру самимиятро ба забону миллату давлат афзун мекунад.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш, дигар муҳаққиқон андешаҳои худро доир ба осори мондагори ин забоншинос ироа намуда, иброз доштанд, ки Додоҷон Тоҷиев ва таҳқиқотҳои ӯ барои ҳамеша барои илмӣ ҳабоншиносӣ хидмат хоҳад кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода ба ҳамаи онҳое, ки бо даъват ба ин маҳфили ёдкарди олими шинохта, профессор Додоҷон Тоҷиев қадам ранҷа фармуданд, изҳори сипос кард ва гуфт, ки Китобхонаи миллӣ пайваста дар ҳифз ва гиромидошти арзишҳои фарҳангии мамлакат саҳм мегузорад ва омодааст бо тамоми олимону муҳаққиқон дар самти таҳия ва нашри дастурҳои библиографӣ, ташкили ҳамоишу мизи мудаввар ва конфронсҳо дар самти мазкур бо онҳо ҳамкорӣ намояд.

Ҳамоиши-илмӣ-оммавӣ-5ДОДОҶОН ТОҶИЕВИЧ ТОҶИЕВ  — олими тоҷик ва шуравӣ, доктор илмҳои филологӣ (1971), мудири кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1953—1986), Муаллими хизматнишондодаи РСС Точикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (2003, пас аз марг) мебошад.

Ба қалами Д.Тоҷиев зиёда аз 90 номгӯйи асар ва интишороти илмӣ, аз ҷумла монографияҳои «Сифати феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Тарзҳои алоқаи муайянкунанда бо муайяншаванда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» тааллуқ дорад.

Додоҷон Тоҷиев муаллифи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёна ва олии ҶШС Тоҷикистон, яке аз муаллифон ва муҳаррирони грамматикаи илмии забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз давраи сарварии профессор Д.Т. Тоҷиев ҳамаи фанҳои таълимии кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ: фонетика, имло, лексикология, фразеология, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, ҳусни баён, муқаддимаи забоншиносиву забоншиносии умумӣ бо устодони соҳибихтисоси варзида таъмин буданд, ки дарсҳои назариро устодони унвони илмидошта аз худ мекарданд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.